Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Карафс андар таркиби тарёкҳо бидарояд. Андар ҳоли заҳрошомидагӣ бо ҷӯшонидаи карафс ва наск қай оваранд. Агар каждум каси карафс хӯрдаро бигазад, ҳол бар каждум душвор хоҳад шуд.
369. КУЛЯ – ГУРДА
Rеn
Моҳият: Ин маъруф аст.
Ихтиёр: Беҳтарин гурда аз ҷиҳати ғизобахшӣ гурдаи бузғола аст.
Табъ: Гурда муътадили моил ба хушкист.
Хосиятҳо: Хилти он бад аст ва сутудатарини он гурдаи бузғола бувад.
Андомҳоа ғизокашӣ: Гурда ба сахтӣ гуворида бигардад, бадбӯй аст ва дер фурӯ биравад.
370. (346) КИРШ – ШИКАМБА
Venter
Хосиятҳо: Шикамба камғизои бадкимус аст ва дигар андомҳои андарунии бад-он монанд, ҳарчанд хуб гуворида бигарданд ҳам, вале чунин буванд. Лекин шикамба беш аз шуш ғизо бахшад. Андомҳои андарунии парандагон ва хусусан ғозҳо ва мурғҳо агар гуворида гарданд, беҳтар ғизо бахшанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Шикамба дергувор аст.
371 КАБД – ҶИГАР
Нераr
Хосиятҳо: Хуни аз ҷигарҳо ҳосилшаванда ситабр аст ва беҳтарини онҳо ҷигари мурғобии фарбеҳ ва мокиёни фарбеҳ бувад.
Андомҳои сар: Ҷигари буз ва хусусан нарбуз ҳоли каси ба саръ гирифторро ошкор кунад ва агар худованди саръ онро бихӯрад, саръаш бигирад. Ҷигари карбосаро бар дандонҳои кирмхӯрда ниҳанд, дарди онҳоро фурӯ нишонад.
Андомҳои чашм: Оби ҷигари бузро бо мурч ва ё танҳо аз барои шабкӯрӣ бихӯранд, ба чашм бикашанд ва ё [чашмро] бар бухори он бидоранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷигари гург аз ҳамаи дардҳои ҷигар судманд аст. Ҷолинус гуфтааст: «Ман онро андар доруи ғофат ниҳодам, вале ҳеҷ фоидае, ки беш аз фоидаи холиси он бошад, наёфтам». Ба ҷуз ҷигари мурғобии фарбеҳ ҳама гуна ҷигар андар рагҳо ба оҳистагӣ бигузаранд.
Заҳрҳо: Ҷигари саги девонаро ба шахси газидаи он бидиҳанд, шифо бахшад. Чунин ёд кардаанд, ки ҷигар [бемории] аз об тарсиданро судманд аст ва ба тавассути он бисёре аз мардумон зинда мондаанд, вале онҳоро бо доруҳои дигаре низ муолаҷа кардаанд.
372 КАРАНБ – КАРАНБ
Brassica oleracea L.
Моҳият: Каранб маъруф аст ва он гунае аз тара бувад.
Табъ: Бехи каранб тартар аз барги он аст. Каранби даштӣ гармтару хушктар аз бӯстонист. Ҳамаи [бахшҳои] он андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк буванд.

Баъзе каранб бӯстонӣ, [баъзе дарёӣ]1, баъзе даштӣ ва баъзе обист. Каранби даштӣ талхтару тезтар буда, камтар аз ҳама ғизоист. Ҷӯшонидаи бехи каранб бо оби анор хуб аст. Қуннабит (каранби румӣ) ғизои ситабр дорад ва хунро ситабр созад ва агар он ҳал нашавад, ноҳияҳои нофу паҳлуро дам андохта, дард оварад, вале ин [дамиш] мисли дамиши бодӣ дар ҳаракат нахоҳад буд. Дисқуридус гуфтааст: «Қрамбӣ ағриё»2, яъне каранби даштӣ андар канори дарёҳо, ҷойҳои баланд ва ноҳияҳое бирӯяд, ки андар он ҷойҳо рост растан битавонад. Он шабеҳи каранби бӯстонист, вале сахт сафед, сермӯяк ва талх бувад. Агар дилаи онро бо оби анор3 биҷӯшонанд, ширин ва хуштаъм бигардад. Синфи дигаре аз каранб мағрибист4, ки он аз монанд будан ба бӯстонӣ дур аст ва баргҳояш дароз ва шабеҳ ба баргҳои зарованди гирданд. Бехҳои баргҳо, ки пайвастагии баргҳо бад-онҳо бувад, иборат аз шохаҳои сурхи хурданд ва маҳалли онҳо аз соқи каранб ба гунаи маҳалли растани барги печак бувад. Ин каранб шире дорад, ки бисёр нест ва таъмаш ба шӯрӣ гароида, андаке талхӣ дорад. Агар онро пухта бихӯранд, шикам орад».
Феълҳо ва хосиятҳо: Каранб ва хусусан агар онро биҷӯшонанд ва оби якуми онро бирезанд, пазонанда, нармкунанда ва хушкифизо бувад. Хокистари пояҳои он сахт хушкиоваранда аст ва он хосияти дардҳоро ором кардан дорад. Ғизои каранб кам, тартар аз ғизои наск ва хуни5 он бад аст, Агар каранбро бо гӯшти фарбеҳ ва ё мурғ бипазанд, андаке хуб бигардад.
Омосҳо ва табишҳо: Каранби даштӣ, дарёӣ ва бӯстонӣ сахтиҳоро бипазонад. Агар барги каранби даштӣ ё бӯстониро нарм кӯфта, танҳо ва ё бо пист зимод кунанд, аз ҳар гуна омосҳои балғамӣ ва аз сурхбоду буштурам суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Каранб решҳоро фароҳам оварад ва решҳои палидро хазидан нагузорад. Каранбро бо сафедии хояи мурғ бар сӯхтагӣ ниҳанд. Он гари решшударо судманд аст. Агар каранбро бо намак биомезанд, «оташи форсӣ»-ро барканад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Каранб аз раъша судманд аст ва онро гоҳе бо ҳулба бар ниқрис гузоранд. Оби ҷӯшонидаи каранбро бар [маҳалли] дардҳои пайвандгоҳҳо бирезанд. Агар каранбро бо орди ҳулба ва сирко сиришта, зимод кунанд, аз ниқрис ва дарди пайвандгоҳҳо суд бахшад.
Андомҳои сар: Оби ҷӯшонидаи каранб ва тухми он мастиро ба таъхир андозад ва аз сабӯсаи сар судманд бошанд. Агар фишурдаи онро андар бинӣ бикашанд, сарро пок кунад. Аз хосиятҳои каранб ин аст, ки забонро хушк кунад, хобовар бувад ва рӯйро пок созад.
Андомҳои чашм: Каранб бо вуҷуди он ки андар таркиби доруҳои чашм бидарояд, вале биноиро хира кунад. Дисқуридус гуфтааст: «Хӯрдани каранб аз нотавонии биноӣ суд бахшад».
Андомҳои сина: (347) Бо фишурдаи он ва ё бо ҷӯшонидаи он ва равғани кунҷид6 даҳон обгардон кунанд, хуноқҳоро суд бахшад. Хӯрдани каранб овозро равшан кунад. Агар каранбро хоида, оби онро фурӯ баранд, овози қатъшударо дуруст кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Каранб барои меъда бад аст ва фишурдаи он бо набиз аз барои бемории испурч ва ярақон судманд бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ