Қонуни тиб

Дисқуридус гуфтааст, ки карафс гунаҳои бисёре дорад. Навъе аз он карафси кӯҳист. Ин растаниест, ки соқи як ваҷаб дароз дорад, бехаш борик буда, бар гирди бех шохаҳо рӯидаанд, ки бар нӯги онҳо сараҳое шабеҳ ба сараҳои кӯкнор ҷой доранд, вале бориктар аз онҳо буванд.
Самари он дарозрӯя, тез ва хушбӯй аст. Ин [карафс] андар харсангҳо ва ҷойҳои кӯҳӣ бирӯяд ва қувваи самар ва бехи он, агар онҳоро бо шароб биошоманд, часпакиоваранда бувад. Набояд чунин пиндошт, ки ин айни карафси харсангист.
Навъе аз карафс карафси харсангист ва он фатросолиюн буда, андар ҷойҳои харсангӣ бирӯяд. Тухми он мисли тухми нонхоҳ буда, вале аз он хушбӯйтару тезмазатар бувад.
Навъе аз карафс «карафси бузург»2 аст ва бархе аз мардум онро «симирниюн» хонанд, вале набояд гумон кард, ки ин симирниюн аст. Симирниюн бузургтар аз карафси бӯстонист, рангаш ба сафедӣ бизанад, дорои соқи дарунтиҳии дароз, нарм ва чунон аст, ки гӯӣ андар он хатҳост, баргаш аз барги карафси бӯстонӣ паҳнтар буда, ранги он каме ба сурхӣ бигарояд ва худ дорои сараҳои бунафшаиест, ки аз онҳо шукуфаҳо падид оянд. Тухми он сиёҳранги дарозрӯя, рехта, тез ва бӯйнок бувад. Бехи он сафеди хушбӯй ва хуштаъм буда, ситабр нест. Ман худ бархе аз ин [гуна карафсро] андар паси кӯҳҳои Табаристон дидам. Бар бехи он бехҳои бисёре рӯидаанд, ки гӯӣ он ба дарозо пора шуда, мисли решаҳо гардидааст. Чунонки ҳаким Дисқуридус гуфтааст, агар ситабри онро бо даст бифишорӣ, он аз ҳам пора шуда, бӯе аз он бархезад, ки чун бӯи кофур бувад. Ин карафс андар ҷойҳои бо сояи дарахтон пӯшида ва ба наздики бешаҳо бирӯяд. Онро барои ғизоӣ ҳамчун карафси бӯстонӣ истеъмол кунанд. Гоҳе бехи онро – чи пухта ва чи хом бихӯранд.
Синфи дигаре аз карафсро «симирниюни даштӣ»3 хонанд ва он ба табиати доругӣ бештар наздикӣ дорад. Ин карафс аксар андар кӯҳҳои Амонус4 бирӯяд. Он дорои соқест, ки шабеҳ (345) ба соқи карафс буда, андар он шохаҳои бисёре ва баргҳое паҳнтар аз барги карафс рӯидаанд. Он бахш аз баргҳои он, ки ба сӯи заминанд, ба сӯи берун хамида буванд. Андар барги он андак рутубатест, ки ба даст бичаспад. Ин сахтгавҳари хушбӯй аст. Таъми барги он мисли таъми доруҳост ва рангаш андаке ба зардӣ бизанад. Бар соқи худ афсаре дорад, ки афсари шибитро монад. Ин [навъи карафс] дорои тухми гирдест, ки чун тухми каранб буда, сиёҳи тез аст ва бӯяш мисли бӯи мурр бувад. Он дорои бехест, ки тез ва хушбӯй буда, сероб нест. Комро бисӯзонад ва беруни қишри он сиёҳ ва андаруни он зарди моил ба сафедист. Ин [карафс] андар ҷойҳои харсангӣ ва бар фарози пуштаҳо бирӯяд. Қуввати бех ва шохаҳои он гармибахшандагист. Гоҳе барги онро бо намак парварда, бихӯранд.
Ихтиёр: Қавитарини он карафси румии кӯҳист.
Табъ: Карафс андар дараҷаи якуми гармӣ ва андар дараҷаи дуввуми хушкист. Руфус гуфтааст, ки карафси бӯстонӣ тар аст, вале бехи он ба иттифоқ хушк бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Карафс дамишро ҳал кунад, суддаҳоро бикушояд, арақ оварад ва дардҳоро фурӯ нишонад. Навъи даштии он решкунандаи дардовар аст.
Парвардаи карафс барои гарммизоҷон созгортар бувад.
Оростагӣ: Карафси даштӣ аз барои «бемории рӯбоҳ», кафидагии нохунҳо, озахҳо ва кафидагиҳои аз сармо падидомада [хуб] аст. Бӯстонӣ бӯи даҳонро сахт хуш кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Карафс ва хусусан оне, ки бо номи «симирниюн» маъруф аст, омосҳои балғамиро андар ибтидо ва [омосҳои] сахт ва гармро ҳал кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Карафси даштиро агар зимод кунанд, реш кунад. Бинобар ин, карафси даштӣ ва хусусан симирниюни даштӣ аз гар, парюн ва ҷароҳатҳо то ҳангоми баста шудани онҳо судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Симирниюн бо ҳамаи бахшҳои хеш аз барои қавин созгор аст.
Андомҳои сар: Карафс аз барои саръ бад аст ва гирифторони онро саръ биангезад. Гуфтаанд, ки агар бехи онро бар гардан биовезанд, дарди дандонро судманд бошад, лекин онҳоро хурд созад.
Андомҳои чашм: Карафси бӯстонӣ андар зимни зимодҳои дарди чашм бидарояд.
Андомҳои сина: Карафс ва хусусан симирниюн аз сурфа судманд аст. Аз барои кӯтоҳнафасӣ, зиқи нафас ва ба душворӣ нафас гирифтан низ суд дорад. Карафс яке аз зимодҳои омосҳои гарми пистон ба шумор биравад.
Андомҳои ғизокашӣ: Карафс ҷигар ва испурчро судманд аст, ба сабаби ҳал кардани хеш оруғ оварад ва зудгуворишу зудгузар нест. Тухми карафс агар бирён накарда бошад, маниши гаштан ва қай оварад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки ҳамаи гунаҳои карафс аз барои меъда судманд аст. Руфус гӯяд: «Не, балки он мумкин аст рутубатҳои бади гармро ба сӯи [меъда] бикашад». Карафси хом андар меъда дер биистад ва маниши гаштан оварад, вале карафси румӣ барои меъда беҳтар бувад. Ҷолинус гуфтааст, ки карафс аз қабили чизҳоест, ки хӯрдани он бо коҳу соз аст, зеро он сардии коҳуро мумкин аст муътадил бигардонад ва баъд аз таом [низ] созгор бувад. Тухми он аз истисқо суд дорад. Вай ҷигарро пок кунад ва онро гарм созад.
Андомҳои ронанда: Карафс пешобу хуни ҳайзро битозонад ва аз барои занони обистан бад бувад. Агар зан онро ба зер баргирад, ҷанинро биафтонад. Ҳамаи гунаҳо ва бахшҳои карафс гурда, обгаҳ ва раҳмро пок кунанд. Тухм ва барги он табиатро кушоянда нестанд, вале бехи он кушояндагӣ дорад. Гунаи кӯҳии он сангро хурд кунад. Карафс аз сахтии пешоб судманд аст ва хусусан симирниюни даштӣ машимаро берун орад. Агар онро ба таври доимӣ бихӯранд, заҳдонро бо рутубати тез пур кунад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки карафс боҳро биангезад. Бинобар он, гуфтаанд, ки бояд дояро аз тановули он боз дошт, то ки ба сабаби бедор шудани шаҳвати боҳ шири ӯ табаҳ нагардад. Карафси румӣ аз барои қулун, обгаҳ ва гурдаҳо хуб аст ва дамиши андар мақъад падидомадаро фурӯ нишонад. Онро ба таври махсус аз барои истисқо биошоманд.
Табҳо: Карафс аз барои давраҳои таб судманд аст.
Заҳрҳо: Агар бехи симирниюни даштиро биошоманд, аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор созгор бувад.
Агар карафси бӯстониро бо ҷӯшонидаи бехи он биошоманд, аз барои доруҳои кушанда судманд бошад ва аз барои га зидагии ҷунбандагони зиёнкор ва низ аз барои ошомидани мурдосанг судманд аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо