Қонуни тиб

Бархе аз мардум саморуғи зерихокиро хом ва ё пухта бихӯранд». Он аз гавҳари хокии бештар ва гавҳари обии камтар иборат буда, дорои гавҳари ҳавоӣ ва андаке латифӣ аст. Он бетаъм бувад.
Ихтиёр: Беҳтарини он саморуғи регии сафедест, ки бӯи бад надошта бошад. Хушки он бадтар аз тари он аст.
Беҳтаринаш онест, ки баъд аз пӯсташро бо корд тарошидан ва пора кардан нахуст онро бо об ва намак биҷӯшонанд ва сипас бо равғани зайтун, обкома, дегафзорҳо ва ангужад бипазанд. Бадтарин ҷинси онҳо футр ва хусусан онест, ки андар зери дарахтон ва заминҳои бад бирӯяд.
Хосиятҳо: Саморуғҳои зерихокӣ сахт ситабр буда, ғизои ситабри савдоие бидиҳанд, ки ҳеҷ чиз [андар ин кор] бад-онҳо баробар намеояд.
Тарёки онҳо шароби холис ва дегафзорҳост. Агар онҳоро [нахуст] ҷӯшонида, сипас бо [дегафзорҳо] бипазанд, аз онҳо ғизои ситабри ғайри бад ҳосил хоҳад шуд, лекин бетаъм бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз саморуғи зерихокӣ бими фалаҷ аст.
Андомҳои сар: Аз саморуғи зерихокӣ бими сакта бувад.
Андомҳои чашм: Аз пайғомбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ривоят аст, ки оби саморуғи зерихокӣ, чунонки ҳаст, чашмро бизудояд ва инро Масеҳи пизишк ва дигарон эътироф кардаанд.
Андомҳии ғизокашӣ: Саморуғи зерихокӣ дергувориш, меъдаро озордиҳанда ва гарониовар буда, ситабркимус ва дер фурудоянда аст. Вале Ҷолинус дар ҷое гуфтааст, ки он бадкимус набувад.
Андомҳои ронанда: Саморуғи зерихокӣ қулинҷ ва бемории душвории пешоб ба ҷой гузорад.
366. КАБАР – КАБАР
Capparis spinosa L.
Моҳият: Ин самарест. [Худи растании он] дорои бех ва самари дигарест, ки мисли хиёр буда, ғайри кабар аст.
Он тези сӯзанда буда, вайро мисли хардал андар фишурдаи [ангур] биафкананд, то ки онро аз ҷӯшидан нигоҳ дорад. Бехи кабар талхи тез аст. Навъе аз он қулзумӣ буда, андар даҳон ба андозае табиш падид орад, ки он обила кунад ва вораҳо варам кунанд.
Ихтиёр: Нофеътарин чизе, ки андар кабар аст, пӯстҳои бехи он бувад.
Табъ: Кабаре, ки андар кишварҳои гарм бирӯяд, бештар гарм аст. Гармӣ ва хушкии ҳама навъҳои кабар андар дараҷаи дуввум аст.
Хосиятҳо: Кабар ҳалкунанда, зудоянда ва кушоянда аст. Бехи он буранда, латифкунанда, поккунанда ва кушоянда бувад. Андар қишрҳои он талхӣ, тезӣ ва гирандагист. Ғизои самари он, хусусан агар намак карда бошанд, кам аст ва тозаи он серғизотар аз хушки он бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Бехи он ханозир ва сахтиҳоро ҳал кунад. Бо он чизеро биомезанд, ки қувваашро шиканад. Барои ин ғараз барги он санҷида шудааст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Пӯстҳои бехи онро чун бар решҳои палид ва чиркнок ниҳанд, манфиати азим бахшад.
(344) Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пӯстҳои бехи он барои қавин ва дардҳои сурин судманд аст. Гоҳе бо фишурдаи он ҳуқнарезӣ кунанд, сахт суд бахшад. Вай аз фалаҷ ва карахтӣ судманд аст. Кабар бо ёрии он гирандагие, ки андар хеш дорад, андомҳоро қавӣ гардонад ва бад-ин сабаб он аз даридане, ки андар сарҳои мушакҳо ва миёнҷои онҳо ба амал ояд, судманд аст.
Андомҳои сар: Пӯстҳои бехи онро чун бихоянд, рутубатро аз сар бикашад ва дарди сарди онро фурӯ нишонад. Фишурдаи онро аз барои кирмҳо андар гӯш бичаконанд. Гоҳе бо дандони дарднок пӯстҳои бехи онро ва ё баргҳои хусусан тари онро бигазанд, суд бахшад. Агар бо сиркое мазмаза кунанд, ки андар он кабарро ҷӯшонида бошанд ва ё як бор бо шароб ва як бор бо [он] сирко [мазмаза кунанд], низ ҳамчунин бувад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Андар намак хобондаи он худовандони дамкӯтоҳиро судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ошомидани кабар ва бо орди ҷав ва монанди он зимод сохтани он ва хусусан пӯстҳои бехи он нофеътарин дору барои бемории испурч ва сахтии он бувад. Бисёр бошад, ки аз паси он аз испурч моддаи ситабри савдовӣ берун шуда, баъди он бемори испурч шифо ёбад.
Андомҳои ронанда: Хилти хоми ситабрро ба исҳол берун кунад, хуни ҳайзро битозонад, морҳову кирмҳои андар рӯдагон бударо бикушад, аз бавосир суд бахшад ва боҳро биафзояд. Намакини он пеш аз таом табиатро бикушояд.
Заҳрҳо: Кабар тарёки хубест.
367. КАШНАҶ1 – КАШНАҶ
Morchella esculenta PERS.
Моҳият: Ин чизест аз ҷинси саморуғи зерихокӣ, рехта ва ҷамъшуда буда, ба бузурии гурда, вале ниҳоят серожанг аст. Кашнаҷ чун рӯидани саморуғи зерихокӣ ва футр андар регзор рӯида, сахт лазиз аст ва андар ватани мо – Мовароуннаҳру Хуросон низ фаровон бувад. То ҳол моро ҳеҷ хабаре нарасидааст, ки он мисли футру саморуғи зерихокӣ касеро зиён оварда бошад. Агар мазаи онро бо мазаи саморуғи зерихокӣ андоза кунӣ, кашнаҷ андаке ба ширинӣ бигарояд.
Табъ: Кашнаҷ сард буда, вале сардии он камтар аз дигар саморуғи зерихокӣ ва футр аст. Он бо вуҷуди хушкии гавҳар аз рутубати бегона холӣ нест.
Хосиятҳо: Кашнаҷ ситабри хомӯшкунандаи [гармист].
368 КАРАФС – КАРАФС
Apium graveolens L.; seu Petroselinum sativum Hoffn.
Моҳият: Навъе аз карафс кӯҳӣ1, навъе даштӣ ва навъе бӯстонист. Як навъи он, ки андаруни худи об ва ба наздики обҳо бирӯяд, бузургтар аз карафси бӯстонӣ буда, қуввааш чун қувваи бӯстонист. Навъи дигаре аз онро, ки «симирниюн» хонанд, аз бӯстонӣ бузургтар буда, соқаш дарунтиҳист ва худ ба сафедӣ бигарояд. Карафс ба ҳасби шаҳрҳо ҳар гуна бувад, навъе аз он румӣ ва навъе ғайри румист. На ҳар гуна карафси кӯҳӣ фатросолиюн аст, балки харсангии он [фатросолиюн] бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо