Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. КИРСАННА – ГОВДОНА, ҒОМУК
    Vicia ervilia Willd.
    Моҳият: Баъзеҳо гуфтаанд, ки он донаест хурдтар аз мулк ва ба бузургии наск, ғайриҳамвор, балки паҳлудор, рангаш миёни хокӣ ва зардӣ, таъмаш миёни таъми мошу наск буда, говон онро бихӯранд. Хузистонӣ гӯяд, ки донаи он шабеҳ ба донаи биҳист. Ба наздикӣ ман [говдона] мулк ва ё навъи махсуси даштии он аст, ки ба гуфтаи одамон сафеди моил ба зардист ва гоҳе сурх ҳам бувад. Дисқуридус гуфтааст, ки он гиёҳи хурди борик буда, баргаш хокиранг ва донааш андаруни кулоҳакҳост.
    Табъ: Андар дараҷаи якум то дуввум гарм ва андар севвум хушк аст.
    Хосиятҳо: Говдона зудоянда, кушоянда ва дорои хилти бад буда, ислоҳи он мисли ислоҳи боқилии мисрист.
    Он навъи он, ки ба сафедӣ моил аст, камтар аз сурхаш доруст. Агар онро ду бор биҷӯшонанд, зудояндагияш бикоҳад ва [гавҳари] хокии он боқӣ бимонад, ки он ғизои хушк бахшад.
    Оростагӣ: Говдона барои баҳак, доғи кунҷида, кунҷидаи сиёҳ ва пайҳо тилои хубест ва рангро хуш кунад. Аз он писте сохта, ба қадри як ҷавза ба касони лоғар бидиҳанд, лоғариро бибарад. Оби ҷӯшонидаи онро бар кафидагиҳои аз сармо баамаломада ва хориши онҳо бирезанд, беҳ кунад. Говдона аз [табишҳои] ширӣ судманд аст.
    Омосҳо ва табишҳо: Говдона сахтиҳо ва хусусан сахтии пистонро нарм кунад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Говдона бо ангубин решҳоро пок кунад, аз саъфа суд бахшад, сахтии пистон ва сахтиҳои решҳоеро, ки миронандаи гӯшту андоманд, судманд бошад ва аз [решҳои] «оташи форсӣ» ва шаҳдӣ фоида кунад.
    Андомҳои сина: Сахтии пистонро судманд аст [ва хилти] ситабр партофтанро осон кунад.
    Андомҳои ронанда: Бисёр ба кор бурдани он ба сабаби тозондани қавии хеш пешоби хун оварад. Вай табиатро бикушояд ва агар онро бо сирко хуб омехта, биошоманд, сахтии пешобро нафъ ва заҳиру печиши нофро ором кунад.
    Заҳрҳо: Онро бо шароб бар афъигазида, газидагии саги девона ва одами рӯзадор зимод кунанд.
  2. КАМОШИР – КАМОШИР
    Athamanta macedonica L.
    Моҳият: Ин андар ҳама ҳолатҳо мисли говшир, лекин хеле аз он қавитар аст.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум сахт гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Гудозанда, ҳалкунанда ва латифсозанда аст.
    Андомҳои ронанда: Пешобу хуни ҳайзро битозонад ва бо қувваи сахти бемонанде ҷанинро биафтонад. Онро андар берун овардани [бахши] обӣ назир нест.
  3. КИРМДОНА – КИРМДОНА
    Fructus Daphnis (Daphne gnidium L.) Моҳият: Пизишкон донаи онро биситоянд.
    Андомҳои ронанда: Он шарми пешро сахт гарм кунад ва обу зардаро ба исҳол берун оварад.

361 КАВЗКАНДУМ1 – ГАВЗГАНДУМ
Lecanora affinis ev.; Z. esculenta ev.;Darcinia mangostana L.
Моҳият: Ин чизи сабуки ушнамонанди гилист ва онро андар Раққа «саргини кабӯтар» (343) ва ба Бағдод «ҷавзҷандум» хонанд.
Ихтиёр: Беҳтарини он барбарист ва раққии он камқувват бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарми тар аст ва гуфтаанд, ки он андаке сардифизост, вале ин ба исбот нарасидааст.
Хосиятҳо: Гавзгандум хушккунанда ва хомӯшкунандаи [гармист] ва чунин даъво кардаанд, ки он хунро бибурад. Яке аз хосиятҳои он ин аст, ки агар даҳ ратл ангубин ва сӣ ратл об ва як кайлача аз онро гирифта, хуб ба ҳам бизананд ва сари зарфро бипӯшанд, худи ҳамон соат шароб бигардад.
Оростагӣ: Гавзгандум сахт фарбеҳкунанда аст.
Андомҳои ронанда: Маниро биафзояд.
362. КОВЗАВОН1 – ГОВЗАБОН
Anchusa italica Ret z.
Моҳият: Ин гиёҳест, ки арабҳо «лисон-ус-савр»-аш хонанд ва аҳли Форс «говзавон»2 гӯянд.
Хосиятҳо: Хосияти он хуррамӣ бахшидан ва бурдани андӯҳ аст.
Гуфторро андар баёни [говзабон] ба охир вогузошта, мо манфаатҳо ва он чиро ки оиди он гуфтанием, ҳангоми зикри «лисон-ус-савр» андар фасли ҳарфи «лом» ёд хоҳем кард.
363. КИЛС1 – КИЛС
Сrotalaria z.
Моҳият: Ин чӯби ҳиндӣ буда, [аз он ҷо] ба шаҳрҳои мо бисьёр оваранд ва аз эҳтимол дур нест, ки муғоси ҳиндӣ2 бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Чунонки ҷамъе аз худовандони озмун гуфтаанд, аз барои шикастагӣ, нимбаромадагӣ ва баромадагии тамом суди бузург дорад.
364. КОШИМ – КОШИМ
Levisticum officinale Koch.
Табъ: Тухм ва бехи он андар дараҷаи севвум гармифизояндаи хушкиоваранда буванд.
Хосиятҳо: Бодҳоро биронад, [суддаҳоро] бикушояд ва ҳалкунанда бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Кошим пазонанда, гуворанда ва хусусан дамиши меъдаро ҳалкунанда буда, меъдаро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Як дирамсанги он кирмҳо ва кирми кадудонаро ба исҳол берун кунад. Тухми он хуни ҳайзро сахт битозонад.
Заҳрҳо: Чунонки гуфтаанд, аз барои ҳамаи газидагиҳо судманд бувад.
365. КАМЪА1 – САМОРУҒИ ЗЕРИХОКӢ
Tuber album Som. et T. melanosporum Vitt.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин бехи гирди бе соқу реша аст, рангаш мисли қутн2 ба хокӣ гарояд ва баҳорон андар зери замин падид ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ