Қонуни тиб

Андомҳои ғизокашӣ: Хусусан бирёнкардаи он меъдаро қавӣ созад. Агар онро бо сирко биошоманд, ҳукакро бинишонад, суддаҳои ҷигару меъдаро бикушояд ва ин ҳар дуро қавӣ созад. Оби он барои ярақон, [бисёр] аҷиб аст. Фишурдаи навъи ёбоии онро агар совида, бар шароб бипошанд ва онро биошоманд, меъдаи нотавонро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Зарпечак ба сабаби рагҳоро пок кардани хеш олудагиҳои шиками ҷанинро пок кунад. Вай пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва печиши нофро судманд бошад. Онро чун ба зер баргиранд, хунравиро боз дорад. Бирёни он табиат бибандад ва сайлони раҳмро манъ кунад.
Табҳо: Тухм ва оби он, чунонки санҷидаанд, аз табҳои куҳан сахт судманд аст.
356. КАММУН – ЗИРА
Cuminum cyminum L.; Bunium persicum (Bioss) B.
Fedtsch.
Моҳият: Зираро навъҳо бисёр аст. Навъе аз он кирмонии сиёҳ1, навъе форсии зард2, навъе шомӣ3 ва навъе набатист4. Зираи форсӣ қавитар аз шомист. Зираи набатӣ ҳамонест, ки андар ҳама ҷой ёфт шавад. Ҳар навъе ҳам даштӣ дорад ва ҳам бӯстонӣ. Даштӣ бештар бисӯзонад.
Аз ҷумлаи даштӣ як намудест, ки тухми он ба тухми савсан5 монанд аст. Дисқуридус гуфтааст: «Зираи бӯстонӣ ва хусусан кирмонӣ хушбӯй аст ва баъд аз он зираи мисрӣ6 биистад. Зира андар кишварҳои бисёре бирӯяд. Он дорои соқест, ки дарозияш ба як ваҷаб бирасад ва чаҳор ё панҷ барги тунуки пора-пораи шабеҳ ба барги шоҳтара ва чатрҳои хурде дорад. Навъе аз зираро «куминун ағриюн», яъне «зираи даштӣ» номанд, ки он андар шаҳри Халқидун ба фаровон рӯяд. Он растаниест, ки соқи як ваҷаб дарози борик дошта, бар танаи он чаҳор, ё панҷ барги пора-пора растаанд ва бар нӯги он панҷ ва ё шаш чатрҳои гирди нарм ҳастанд, ки андар онҳо самари [ин растанӣ] ҷой дорад. Самари он як чизе чун қишр ва ё сабӯса дорад, ки тухми онро иҳота кардааст. Тухми ин [зира] андар тезӣ қавитар аз бӯстонист. Он андар талҳо бирӯяд. Як ҷинс аз зираи даштӣ шабеҳ ба зираи бӯстонист ва аз ду бари он ғилофакҳои хурде баромадаанд, ки шабеҳи шохҳо ва барҷастаанд ва андар онҳо тухмҳое чун тухми сиёҳдона ҷой доранд. Агар тухми инро биошоманд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд будӣ».
Ихтиёр: Зираи кирмонӣ қавитар аз форсист ва форсӣ қавитар аз дигар навъҳост.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар севвум хушк аст.
Хосиятҳо: Зира қувваи гармкунандагӣ дорад. Он бодҳоро биронад ва ҳал кунад. Андар он, чунонки гуфтаанд, бурандагӣ, хушкифизоӣ ва гирандагист.
Оростагӣ: Агар рӯйро бо оби он бишӯянд, сафо бахшад. Ба миқдори муайян аз он баргирифтан ва истеъмол кардан низ чунин бошад, вале агар онро бисёр бихӯранд, рангро зард кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро бо мумравған, ё бо равғани зайтун ва орди боқилӣ бар омосҳои хояҳо биниҳанд, балки бо равғани зайтун ва ё бо равғани зайтуну ангу
бин [биниҳанд, беҳтар бувад].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар бо зира ва хусусан бо навъи даштии он, ки тухмаш ба тухми савсан монанд аст, андаруни ҷароҳатҳоро пур кунанд, онҳоро сахт фароҳам оварад.
Андомҳои сар: Агар зираро бо сирко совида, бибӯёнанд, хуни биниро боз дорад ва агар фатилаеро аз он сохта, андар бинӣ бидароранд, низ чунин бувад.
Андомҳои чашм: Гоҳе онро бихоянд ва бо равғани зайтун сиришта, бар нохуна ва кабудии зери чашм бичаконанд, судманд бошад. Агар онро бо намак хоида, оби онро бар гар, сабали пӯстканда ва нохуна бичаконанд, [пилкро] часпидан нагузорад. Фишурдаи зираи даштӣ биноиро бадин тариқ бизудояд, ки ашк биоварад. Ин [зираро] ба юнонӣ «қофнус»7, яъне «дуд» номанд, [зеро] он чун дуд ашк оварад. Зира инчунин андар зимни чизҳое бидарояд, ки барои нест кардани мӯи чашм бо онҳо доғ ниҳанд ва он дигарбора нарӯяд.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар зираро бо сиркои бо об омехта биошоманд, аз сахтии нафас судманд бошад. Ҷолинус гӯяд, ки аз нафаси росто ва хафақони сард [низ суд дорад].
Андомҳои ронанда: Зираро бо равғани зайтун бар омоси хоя бимоланд. Онро гоҳе бо мумравған ба кор баранд ва гоҳе бо равғани зайтуну орди боқилӣ. Зира ва хусусан навъи даштии он сангро хурд кунад. Он аз қатра-қатра омадани пешоб, аз хун мезидан, аз печиши ноф ва аз дамиш судманд аст. Фишурдаи даштии он, ки бо оби ангубин суда бошанд, табиатро бикушояд. Руфус гӯяд, ки зираи набатӣ шикамро исҳол кунад, аммо (342) кирмонӣ на ин ки шикам накушояд, балки онро бибандад. Гиёҳи зираи даштӣ талхаро аз роҳи пешоб берун орад.
Заҳрҳо: Зира ва хусусан навъи даштии онро, ки тухмаш ба тухми савсан8 монанд аст, аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор биошомонанд.
357. КАРАВИЁ – КАРАВИЁ, ШОҲЗИРА
Carum carvi L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Каравиё тухми гиёҳи маъруфест, ки шохаҳо ва баргҳояш ба хурфа монанданд, вале ранги онҳо ба тирагӣ моилтар аст. Қувваи он ба қувваи анисун наздикӣ дорад».
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Бодҳоро биронад, хушкӣ оварад ва андар латифӣ ба андозаи зира нарасад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро биошоманд, қаеро, ки аз бар сари меъда гардидани таом падид омада бошад, қатъ кунад, меъдаро гарм созад ва таомро бигуворад.
Андомҳои чашм: Андар зимни доруҳои чашм ва он сурмаҳое бидарояд, ки биноиро тез кунанд. Агар онро зиёд биошоманд, биноиро нотавон хоҳад кард.
Андомҳои сина: Аз ҳукак ва хафақон судманд аст.
Андомҳои ронанда: Агар ҷӯшонидаи ин растанӣ ва тухми онро биошоманд, пешобро битозонад, печиши нофро ором кунад ва маниро қатъ созад. Агар занон андар ҷӯшонидаи он нишинанд, аз дардҳои заҳдон суд бахшад.
Агар тухми онро бисӯзанд ва бавосири рӯидаро бо он зимод кунанд, онро биканад. Агар дона ва ё тухми онро биошоманд, кирмҳоро бикушад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо