Қонуни тиб

Андомҳои сар: Бахур кардани гӯгирд зукомро бибандад ва онро бо сирко ва ангубин барои гусехтагии гӯш ба кор баранд.
346. КАСИЛО1 – КАСИЛО
Cinnamomum cassia BL.
Моҳият: Ин пӯстлохи чӯбҳоест, мисли рӯян, ки болои онҳо сиёҳ бошад.
Табъ: Андар ҳудуди дараҷаи якум гарми тар аст.
Хосиятҳо: Часпонанда буда, қувваи доруҳои аз қабили самғ тезро2 бишканад.
Оростагӣ: Касило фарбеҳкунанда аст ва чунонки гӯянд, ранг ва зоҳири пӯстро хуб кунад.
347. КАСИРО1 – САМҒИ ГАВАН
Gummi Tragacanthae (Astragalus tragacantha L.) Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин самғи дарахтест, ки онро «трағокансо»2 хонанд». Мо аз баёни он фориғ шудем.
Табъ: Сарди моил ба хушкист3.
Хосиятҳо: Қувваи он чун қувваи самғ аст ва он дорои хушкифизоиест, ки ба [хушкифизоии] самғ наздик бувад.
Андомҳои чашм: Самғи гаван андар доруҳои чашм чун самғ бидарояд.
348. КАМОЛИЮН1 – КАМОЛИЮН
Daphne mezereum L. et Cardopatium corymbosum Pers.
Моҳият: Камолиюн як намуди мозариюн2 буда, сиёҳ ва қаттол аст. Ин низ бо [номи] «хомолиюн» маъруф буда, мо онро [андар боби «хо»] ёд кардем3.
349. КОКАНҶ – КОКАНА, ПАРДААРӮСАК, арӯсаки паси парда Physalis аlkekengi L.
Моҳият: Ин растаниест, ки қуввати он ва хусусан қуввати барги он ба қуввати рӯбоҳразак наздик аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди хушк аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Фишурдаи он решҳоро [аз фасод] нигоҳ дорад, сахтии носурҳо ва решҳои деррави гӯшро бибарад.
Андомҳои нафаскашӣ: Аз дамкӯтоҳӣ, афрӯхтагӣ1 ва душвории нафас судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Кокана аз ярақон суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Кокана аз решҳои роҳҳои пешоб судманд аст.
350. КАБИКАҶ – КАБИКАҶ, ЧАКАМУҒ, ЧИНОРАК
Ranunculus asiatikus z.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Навъҳои он чаҳор аст:
- Навъе аз онро барг шабеҳ ба барги кашниз аст, лекин аз он паҳнтар буда, [рангаш] ба сафедӣ бигарояд.
Гули он зард ва гоҳе арғавонист. Баландии он ба ду зироъ бирасад, решаҳояш ситабр нестанд ва бехаш сафед бувад. Он дорои шохаҳоест, ки шохаҳои харбақро монанд. Ин [навъ] андар канори обҳои ҷорӣ бирӯяд. - Навъи дигари он аз [навъи ёдшуда] бузургтар буда, решаҳояш дарозтару баргҳояш пора-пораанд ва онро
«карафси даштӣ» гӯянд.
3) Навъи дигар сахт хурд буда, заргун аст.
4) Навъи чаҳорум ба севвум монанд аст, вале гули он сафеди ширмонанд бувад».
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи анвоъи он гарм, тез, решкунанда, зудоянда, резонандаю сӯзонандаи пӯст ва ҳалкунанда буванд.
Оростагӣ: Баргҳо ва шохаҳои он пеш аз хушк шудан бо андак расонидан песӣ, сафедии нохунҳо ва «бемории рӯбоҳ»-ро бибаранд.
Омосҳо ва табишҳо: Кабикаҷ гарро сахт биканад ва озахҳои мисморӣ ва ғуддаҳои овезони озордиҳандаро, ки аз сармо бошанд, бирезонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бо оби нимгарми он саъфаро пухтаковрезӣ кунанд, суд бахшад.
Андомҳои сар: Бехи хушккардаи он аз ҷумлаи атсаоварандагони қавист ва совидаи он дилзаданеро суд бахшад, ки дандонҳоро ориз бигардад.
351. КАНКАРЗАД – КАНГАРЖАД
Gummi Cynarae (Cynara scolymus L.) Моҳият: Ин самғи ҳаршаф аст ва он яке аз гунаҳои кангар буда, андар баёни он сухан гуфта шуд1.
352. КАРКАРҲАН1 – КАРКАРАҲАН
Anacyclus pyrethrum DС.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
353 КАШТБАРКАШТ – ГАШТБАРГАШТ
Helicteris isora L.
Моҳият: Ин мисли нахҳои баҳам печида аст ва аксар вақт шумораи аз ҳама бештари он панҷто ва бар як бех печида бошад. Ранги он моил ба сиёҳию зардист ва чандон маза надорад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки ин бадишгон аст, вале баъзе дигарон гуфтаанд, ки қуввати он чун қуввати бадишгон аст ва ин дурусттар бувад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Гаштбаргашт сахт латиф аст.
354. КИЛДОРУ – КИЛДОРУ
Dryopteris filix-max L.
Моҳият: Ин сарахс аст ва сипастар андар боби «син»
онро ёд хоҳем кард1.
355. КУШУС1 – ЗАРПЕЧАК
Cuscuta europaea z. et С. epithymum Murr.
Моҳият: Ин чизест, ки бар хорҳову дарахтҳо бипечад ва ба лифи маккӣ монанд буда, бебарг ва дорои гулҳои резаи сафед аст. Мазаи он талху тунд аст ва гавҳари талх бар он ғолиб бувад.
Табъ: Андар ибтидои дараҷаи якум андаке гарм (341) ва андар охири дараҷаи дуввум хушк аст, вале дорои қувваҳои ба ҳам зидд бувад.
Хосиятҳо: Поккунанда буда, фазлаҳои латифро аз рагҳо берун орад, ба сабаби қабз карданаш андар меъда гаронӣ оварад ва ҳар чиро аз фазлаҳо, ки андар рагҳост, ба оҳистагию латифӣ берун кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо