Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷойнишинҳо: Ними вазни он аз ангудони румӣ ва чаҳоряки вазни он аз салиха ҷои онро бигиранд.
341. (339) КАМОДАРИЮС1 – БУЛУТИ ЗАМИНӢ
Teucrium chamaedrys L.
Моҳият: Ин пояҳо ва баргҳои пажмурдаи ба андозаи райҳон ва ё бештар аз он ситабри моил ба сабзиянд. Гиёҳи онро ба наздики юнониён «булути заминӣ» хонанд, аз баҳри он ки баргҳои хурди шабеҳ ба барги булут дорад ва онҳо талх буванд. Бехи он ба ранги арғавонӣ бигарояд.
Ихтиёр: Онро ҳангоме бояд ҷамъоварӣ кард, ки тухм бароварда бошад.
Табъ: Ҷолинус гуфтааст, ки он андар дараҷаи севвум гарми хушк аст ва гармибахшияш қавитар аз хушкиоварияш бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Булути заминӣ кушоянда, буранда ва латифкунанда буда, гармифизояндагӣ дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бо ангубин решҳои дерравро пок созад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Камодариюси тоза ва ё оби ҷӯшонидаи онро агар биошоманд, аз гусехтани мушакҳо судманд аст. Шароби он аз ташаннуҷ суд дорад ва ҳар андоза, ки куҳантар бошад, беҳтар бувад.
Андомҳои чашм: Аз булути заминӣ ҳаббҳо сохта, бихушконанд ва ҳангоми решҳои чашм ба кор баранд. Ҷӯшонидаи он андар равғани зайтун низ чунин бошад. Совидаи он аз ғарб судманд аст.
Андомҳои сина: Аз сурфаи деррав суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ситабрии испурчро пажмурда кунад ва аз ярақони савдовӣ судманд бошад. Булути заминиро шаробест, ки аз бадгувориш сахт судманд аст ва ҳар қадар ки куҳантар бошад, ҳамон қадар беҳтар бувад.
Булути заминӣ истисқоро ба ҳангоми оғоз ёфтан судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Булути заминӣ пешобу ҳайзро битозонад ва ҷанинро биафтонад.
Заҳрҳо: Онро аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор зимод кунанд.
Ҷойнишинҳо: Бадали он решаҳои ғофат ва ё сақулуфандариюн аст.
342. КАЗМОЗАК1 – ГАЗМОЗАК
Tamarix gallica L.
Моҳият: Ин бори дарахти газ аст ва мо онро андар фасли ҳарфи «то» ҳангоми зикри «тарфо» ёд кардем2.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум хушк аст. Мобоқии феълҳои инро аз он ҷое бояд ҷуст, ки зикраш гузашт, зеро мо ниёзманди дубора такрор кардани он нестем ва бояд аз бими дароз шудани сухан гуфторро бад-ин чи ки ёд шуд, хатм кунем.
343. КУНДУС – КУНДУША
Gypsophila struthium L.
Моҳият: Бештар бехи онро ба кор баранд ва он маъруф аст.
Табъ: Бино ба гуфтаи мардумон миёни дараҷаи севвум ва чаҳорум гарми хушк аст.

Феълҳо ва хосиятҳо: Кундуша зудоянда, поккунанда, решкунанда, тез, сӯзонанда ва қайангезанда буда, балғам ва талхаи сиёҳро бибурад.
Оростагӣ: Барас, баҳак, хусусан баҳаки сиёҳ ва доғи кунҷидаро бизудояд.
Омосҳо ва табишҳо: Аз гар сахт судманд аст.
Андомҳои сар: Кундуша атсаоваранда аст ва аз ҷумлаи доруҳои поккунандаи гӯш ва зудояндаи чирки он бувад. Яке аз хосиятҳои он чунин аст, ки бодҳои ҳар ду сӯрохии биниро ҳал кунад. Вай аз бӯйро ҳис накардан судманд буда, суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушояд.
Андомҳои чашм: Гоҳе андар зимни шиёфҳои аз барои биноӣ омодашуда суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ба таври сахт қай оварад ва сахтии испурчро бигудозад.
Андомҳои ронанда: Кундуша шикаморанда буда, пешобро битозонад. Онро чун ба зер баргиранд, ҳайзро битозонад ва ҷанинро берун орад. Вай сангро сахт хурд кунад.
Ҷойнишинҳо: Аз барои қай овардан ба андозаи як чанди он гавзи қай бо сеяки як чанди он аз мурч ҷои онро бигиранд.
344. КАБОБА – КАБОБА
Piper kubeba Z.
Моҳият: Қувваи он шабеҳ ба қувваи рӯян аст, вале латифтар аз он бувад. Онро аз Чин оваранд.
Табъ: Андар бобати он гуфтаанд, ки кабоба бо вучуди гармии хеш дорои [қувваи] сардкунанда аст, вале ба ҳақиқат гарми хушки моил ба дараҷаи дуввум бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Кабоба кушояндаи латиф аст, вале на ба андозае, ки ҷои дорчиниро бигирад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Кабоба аз барои решҳои гандае, ки андар андомҳои нарм [падид оянд], сахт хуб аст.
Андомҳои сар: Аз барои қулоъи гандаи даҳон хуб аст.
Андомҳои сина: Агар онро андар даҳон бигиранд, овозро равшан кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Кабоба барои кушодани суддаҳои ҷигар доруи қавиест.
Андомҳои ронанда: Гузаргоҳҳои пешобро пок бикунад, сангрезаро биронад ва санги гурда ва обгаҳро берун орад. Оби даҳони каси кабоба хоида занро [ба ҳангоми ҷимоъ] лаззат бахшад.
345. КИБРИТ1 – ГӮГИРД
Suzfur
Табъ: Гарми хушки моил ба дараҷаи чаҳорум аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гӯгирд латифкунандаю кашанда ва сахт ҳалкунанда аст.
Оростагӣ: Гӯгирд ва хусусан гӯгирди оташ нарасида яке аз доруҳои барас аст. Агар онро бо сақизи хинҷак биомезанд, пайҳоеро, ки бар пушти нохунҳо падид оянд, бирезонад. Онро бо сирко бар баҳак [тило кунанд].
Решҳо: Гӯгирдро бар гари решнок биниҳанд. Он хусусан бо сақизи хинҷак парюнро бизудояд. Бо гӯгирд, хусусан якҷоя бо сирко ва натрун аз барои хориш танро бишӯянд.
Афзорҳои (340) пайвандгоҳҳо: Гӯгирд бо натрун ва об тилои ниқрис бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ