Қонуни тиб

Ин дардест, ки аз он андар тан мисли озахҳо чизҳое падид оянд ва бо эҳсосе мисли роҳ рафтани мӯрча бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро бо гили қимулиё ва равғани гул бар омосҳои гарми пистон [ниҳанд] ва андар таркиби зимодҳое бидарояд, ки ҳалкунандаи омосҳои андомҳои андаруниянд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Кундур хусусан барои ҷароҳатҳои тоза ниҳоят хуб фароҳамоваранда аст ва решҳои палидро аз паҳн гардидан боз дорад. Онро бо пиҳи мурғобӣ бар парюнҳо ва бо пиҳи хук бар решҳои сафолакӣ7 ва бар кафидагиҳои аз сармо буда [биниҳанд]. Он решҳои аз сӯхтагӣ падидомадаро сиҳат кунад.
Андомҳои сар: Зеҳнро судманд аст ва онро қавӣ созад.
Баъзе касон фармудаанд, ки бояд таркардаи онро пайваста ношито биошоманд. Бисёр истеъмол кардани он сардард оварад. Бо кундур сарро бишӯянд ва гоҳе онро бо натрун биомезанд, ки ин сабӯсаро пок ва (338) решҳои сарро хушк кунад. Онро бо шароб аз барои дарди гӯш андар он бичаконанд. Агар онро бо зифт, ё равғани зайтун ва ё бо шир биомезанд, тилои он аз шикастагии садафи гӯш судманд аст.
Кундур рафтани хуни биниро, ки аз пардаи [мағз] бошад, боз дорад ва он яке аз доруҳоест, ки аз шикаста ва суда шудани гӯш судманд бувад.
Андомҳои чашм: Решҳои чашмро фароҳам оварад, онҳоро гӯшт пур кунад ва омоси деррави онро бипазонад. Дудаи он аз омоси гарм судманд аст, ҷорӣ шудани рутубатҳои чашмро манъ кунад, решҳои бадро фароҳам оварад ва қарнияро аз хунобаи андар зераш падидоянда пок кунад. Кундур яке аз доруҳои бузурги нохунаи сурхи деррав аст ва аз саратони чашм суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар онро бо гили қимулиё ва равғани гул биомезанд, омосҳои гармеро, ки андар пистонҳои занон ба ҳангоми нифос падид оянд, суд кунад. Кундур андар таркиби доруҳои нои шуш бидарояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Кундур қайро бидорад ва қишри он меъдаро қавӣ сохта, сахт кунад. Он барои меъда беш аз ҳар чизе гармиоваранда ва барои гувориш судмандтарин чиз бувад. Қишри он меъдаи ба истирхоъ гирифторро беш [аз ҳар доруе] ҷамъ кунад.
Андомҳои ронанда: Кундур дарунраву табоҳии меъда ва хунравии раҳму мақъадро боз дорад ва зусанториёро судманд аст. Аз он чун фатила бисозанд, пеши паҳншавии решҳои палидро андар мақъад бигирад.
Табҳо: Аз табҳои балғамӣ судманд аст.
Заҳрҳо: Аксар вакт ошомидани он бо шароб марговар аст ва бо сирко низ чунин бувад.
339. КАҲРУБО1 – КАҲРАБО
Electrum
Моҳият: Ин самғест мисли сандарус2 ва шикастаи он ба зардӣ, сафедӣ ва шаффофӣ гароида, гоҳе майл ба сурхӣ дошта бошад. Он коҳ ва хаспораҳои хушкро ба худ бикашад ва бад-ин сабаб онро ба забони форсӣ «каҳрабо», яъне рабояндаи коҳ бихонанд. Каҳрабо аз [гавҳари] обии нимгарм ва [гавҳари] хокие таркиб ёфтааст, ки латиф гардида бошад. Он самғи дарахти гавзи румӣ аст. [Қув
ваи] он аз [гавҳари] хокии латиф ва [гавҳари] обии хушк таркиб ёфтааст.
Табъ: Андаке гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Каҳрабо хусусан хунро аз кадом ҷое, ки набошад, қабз кунад ва қувваташ ба қуввати шукуфаи дарахти хеш, яъне шукуфаи гавзи румӣ монанд, лекин сардтар аз он аст.
Омосҳо ва табишҳо: Баъзеҳо гуфтаанд, ки каҳраборо чун бар омосҳои гарм биовезанд, нафъ кунад.
Андомҳои сар: Хуни бинӣ ва кашида шудани [фазлаҳоро] аз сар ба сӯи шуш боз дорад.
Андомҳои чашм: Каҳрабо андар [таркиби] доруҳои чашм бидарояд.
Андомҳои сина: Агар ним мисқол каҳраборо бо оби сард биошоманд, аз хафақон суд бахшад ва хунпартоиро нек боз дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Қайро бибандад ва моддаҳои бадро аз сӯи меъда бигардонад. Он бо мастако меъдаро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Рафтани хунро аз раҳм ва мақъад ва шикамравро бибандад ва чунонки гуфтаанд, заҳирро нафъ кунад.
340. КАМОФИТУС1 – КАМОФИТУС
Ajuga chamaepitys Schreb.
Моҳият: Ин [растанӣ] шохҳои борик ва гулҳои сурхи моил ба сиёҳиву сабзӣ дорад. Таъми гули он талхи андаке гиранда ва тези бидуни сӯзандагист. Барги он гиёҳмонанд буда, бар рӯи замин бидавад ва ба барги гули говчашм монанд аст, вале бориктару нармтар буда, сергултар аз он ва гулаш зард бувад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи севвум хушккунанда аст.
Хосиятҳо: Кушояндаи зудоянда аст ва зудоишаш барои андомҳои андарунӣ бештар аз гармибахшияш аст.
Андар он қувваи шикаморанда ҷой дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Камофитусро бар сахтиҳо ва хусусан бар сахтии пистон [биниҳанд]. Он хазидани намларо боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар онро бо ангубин зимод кунанд, ҷароҳатҳо ва решҳои гандидаро фароҳам оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Камофитус барои қавин судманд аст, хусусан агар онро бо ангубин биошоманд. Бархе [пизишкон] гуфтаанд, ки агар онро андар удрумолӣ (оби ангубин) афканда, чиҳил рӯз биошоманд, қавинро беҳ ва сахтии ниқрисро ҳал кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигарро бикушояд ва бемориҳои он ва бемории испурчро суд бахшад. Агар онро ҳафт рӯз пайваста биошоманд, аз ярақони савдовӣ судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Суддаҳои заҳдонро бикушояд, пешобро битозонад, ба сахтӣ омадани онро бибарад, ҳайзро битозонад ва аз дардҳои гурдаҳо нофеъ бошад. Агар онро бо ангубин ба зер баргиранд, раҳмро пок кунад. Агар аз ду мисқоли он бо анҷир ва ё ангубин шиёф бисозанд, балғамро ба таври кофӣ берун оварад.
Заҳрҳо: Камофитус аз зиёни заҳре, ки бархе мардумон «ақунитун»2 номанд, судманд аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо