Қонуни тиб

Ҷойнишинҳо: Барои исҳол овардани бахши обии андар рӯдагон буда ва бахши балғамии андомҳо се баробари вазни он аз бехи савсани осмонгунӣ ва ба андозаи аз
се ду ҳиссаи вазни он аз сакбина ҷои онро бигиранд.
Ин буд поёни гуфтор андар баёни ҳарфи «ё» ва маҷмӯи он аз панҷ дору иборат аст
Фасли ёздаҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «коф» /ک/
- КОФУР1 – КОФУР
Camphora; Gummi сinnamomi (Cinnamomum camphora Nees.) Моҳият: Кофур якчанд синф аст: Кофури фансурӣ2, кофури рабоҳӣ3; кофури озод; кофури исфаракӣ; кофури кабуд, ки бо чӯб омехта аст; ва кофури аз чӯбаш ба тариқи бухор кардан ҷудокарда4. Баъзеҳо гуфтаанд, ки дарахти он бузург буда, бар халқи бисёре соя афканад ва палангон бад-он унс доранд. Бинобар он, бад-ин дарахт фақат андар муддатҳои муайяни сол наздик шудан мумкин аст.
Он мисли исфанҷи дарёӣ исфанҷист. Ин буд он чизе, ки [мардум] тасдиқ кунанд. Ин дарахт андар ноҳияҳои Чин мерӯяд. Аммо чӯби онро мо борҳо дидем ва он чӯби сафеди ниҳоят ковоки сабук аст. Гоҳе андар фароғиҳои он чизе аз асари кофур ҷой дорад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум сарди хушк аст.
Оростагӣ: Истеъмоли он мӯйро зуд сафед кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои гармро боз дорад.
Андомҳои сар: Кофур бо сирко, ё бо фишурдаи ғӯраи хурмо, ё бо оби мурд ва ё бо оби бодруҷ хуни биниро манъ кунад. Он (337) сардарди гарми табҳои зудравро суд бахшад, бехобӣ оварад, ҳоссаҳои гарммизоҷонро қавӣ гардонад ва аз қулоъ сахт судманд бошад.
Андомҳои чашм: Андар таркиби доруҳои рамади гарм бидарояд.
Андомҳои сина: Кофур андар [таркиби] доруҳои дил бидарояд.
Андомҳои ронанда: Боҳро қатъ кунад, андар гурдаву обгаҳ санг бизояд ва шикамрави сафровиро бибандад. - КУНДУР – КУНДУР
Libanus; Gummi Boswelliae (Boswella carterii
Birdw.)
Моҳият: Кундур гоҳе ба шаҳре ёфт шавад, ки ба наздики юнониён бо номи «шаҳри Кундур» маъруф аст ва [низ] андар шаҳре бошад, ки онро Мирбот1 хонанд. Ин шаҳр андар [канори| дарё ҷойгир аст. Бозаргонони дарёгард гоҳе роҳгум зананд, бодҳои мухталиф бар эшон бивазанд ва аз хавфи шикастан ё пора шудани киштӣ ба сабаби вазидани бодҳои мухолифе, ки [киштиро] ба ҷои дигар бибарад, эшон рӯ ба сӯи ин шаҳр оваранд, ки Мирбот ном дорад. Аз ин шаҳр бо маркабҳои бисёре кундур оваранд ва бозаргонон онро харидорӣ кунанд.
Низ кундур ба кишвари Ҳинд ёфт шавад. Ранги он ан
даке ба ранги ёқут ва ба ранги бодинҷон бизанад. Гоҳе ба ҳила шакли онро гирд созанд. Бад-ин гуна ки кундурро бигиранд, аз он қитъаҳои чаҳоргӯша бибуранд ва андар хумра ниҳода, бичархонанд, то гирдшакл бигардад ва баъд аз муддати зиёде рангаш маллагун бигардад2.
Ҳунайн гуфтааст: «Беҳтарин кундур онест, ки ба кишвари юнониён ёфт шавад ва он «нар» ном дошта, ҳамонест, ки «сатоғунис»3-аш хонанд. Кундури бад-ин сифат буда сахт аст, зуд нашканад ва сафед бувад. Онро агар бишкананд, чизи андаруни он буда ҳангоми даст задан эҳсоси часпакӣ бидиҳад ва агар онро дуд андозанд, зуд афрӯхта бигардад. Гоҳе андар кишвари Ғарб кундур ёфт шавад ва он андар хубӣ пасттар аз навъи якум буда, онро «қуфсуфус»4 хонанд. Ин навъ аз ҳама хурддонатар буда, рангаш ба ранги ёқут бигарояд».
Дисқуридус гуфтааст: «Кундурро як синфи дигарест, ки онро «амумитис»5 хонанд. Он сафед аст ва агар совида шавад, аз он бӯи мастако хезад. Гоҳе кундурро бо самғи санавбар ва самғи арабӣ мағшуш созанд: зеро кундур самғи дарахт аст на чизи дигар. Агар он мағшуш бошад, шинохтани он осон аст, чунки самғи арабӣ аз оташ афрӯхта нагардад ва самғи санавбар дуд кунад, вале кундур афрӯхта бигардад. Гоҳе мағшуши онро аз тариқи бӯй бишиносанд. Гоҳе аз кундур шира (лубон), хока, қишрҳо, дуда, тамоми бахшҳои дарахти он ва хусусан баргҳояшро ба кор бурда, онро мағшуш созанд».
Ихтиёр: Беҳтарини ин намудҳо кундури нари сафеди гирдашакл буда, андаруни он часпаки ба ҳангоми шикастан заргун бувад.
Табъ: Қишрҳои он андар дараҷаи дуввум хушкиоваранда ва аз худи кундур дида андаке сардтаранд. Худи кундур андар дараҷаи дуввум гарм ва андар якум хушкиоваранда аст ва қишраш андар ҳудуди дараҷаи севвум хушкӣ оварад.
Хосиятҳо: На хушкиоварии он қавӣ аст ва на гирандагии он, балки камқувват бувад. Хушкифизоӣ андар қишри он аст ва андар худи он пазандагӣ буда, андар қишраш нест. Қишри он тезӣ надорад, гӯштро намесӯзонад, хунро бибандад ва зиёд истеъмол кардани он хунро бисӯзонад. Дуди он сахт хушкиовар ва гиранда аст. Баъзеҳо гуфтаанд, ки кундури сурх беш аз сафед зудоянда аст ва қувваи кӯфтаи он камтар аз қувваи [худи] он аст.
Оростагӣ: Онро бо ангубин бар нохунхора ниҳанд, онро нест кунад. Қишрҳои он барои пайҳои решҳо хубанд ва бо сирко ва равғани зайтун ба шакли андуданӣ аз дарде, ки «мирмекиё»6, ном дорад, суд бахшанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо