Қонуни тиб

Шохаҳояш қариб як ваҷаб дарозӣ дошта, моил ба сурхист ва панҷ ё шаш шоханд, ки бар болои онҳо баргҳои хурди борики каме дарози шабеҳ ба барги катон нишастаанд. Самари онҳо мисли говдона аст. Сарҳои онҳо дучандии гирд буда, шукуфаашон сафед аст. Бар нӯги шохаҳои он сарҳои зичи рехтаи гирдеанд, ки андар онҳо самари ин [исфидакшир] ҷой дорад. Ин шохаҳо аз бех ва ба тартиб растаанд. Ин растанӣ бо бехаш саросар пур аз шир аст. Ба кор бурдан ва захира кардани ин намуд низ мисли ду намуди аввала бувад.
Гуфтаанд: Андар ин миён як исфидакширест, ки онро «офтобпараст», яъне «бо офтоб гарданда» гӯянд. Баргаш шабеҳи барги хурфа аст, вале бориктар аз он буда, сахт гирд аст. Он чаҳор ё панҷ шохае дорад, ки аз як бех растаанд. Дарозияшон як ваҷаб буда, борики сурхранг ва пур аз шири сафеди фаровонанд. Ин исфидакшир чатре дорад, ки чатри шибитро монад ва донааш ба баргҳои хурд шабоҳат дорад. Ин растанӣ бо тамомияти хеш ҳамроҳи офтоб давр бизанад ва аксар андар атрофи шаҳрҳо ва вайронаҳо бирӯяд. Тухм ва шири онро мисли ҷамъ кардани ширу самари намудҳои пеш ёдшуда ҷамъоварӣ кунанд. Қувваи ин низ мисли қувваи онҳост, вале хеле заифтар аз онҳо бувад.
Гуфтаанд: Исфидакшири дигарест, ки онро «сарвӣ»
хонанд. Онро соқест, ки аз як ваҷаб то як зироъ бирасад ва сурх бувад. Барги он аз худи ин соқ растааст ва ба оғози растан барги арзро монад. Ин растанӣ низ пур аз шир аст ва қувваташ мисли қуввати он намудҳоест, ки ёд кардем.
Гуфтаанд: Андар ин ҷо як исфидакшири дигарест, ки андар харсангҳо бирӯяд. Онро шохаҳоест, ки гирдаш бигрифтаанд ва онҳо баргҳои бисёри печидаи сурх доранд. Барги ин исфидакшир шабеҳи барги мурд ва борик бувад. Он дорои самарест, ки мисли самари хороқиёс17 аст. Кор бурдан бо ин намуд низ монанди он намудест, ки ёд кардем.
Андар ин миён як исфидакшири дигарест, ки паҳнбарг буда, баргаш ба барги флумус18 шабоҳат дорад. Бех, шир ва барги он кимуси обиро ба исҳол оварад.
Бархе аз мардум чунин пиндоранд, ки растании битуо19 со як намуди исфидакширест, ки «қуборисиёс»20 ном дорад ва бинобар он инро яке аз намудҳои исфидакшир шуморанд. Ин дорои соқест, ки ба дарозии як зироъ ва ё зиёдтар аз он буда, чаҳорпаҳлу ва сергиреҳ аст. Бар рӯи он баргҳои хурди тунуки атрофашон тез нишастаанд ва шабеҳ ба барги он чизест, ки шукуфаи исфидакшири сарвиро бад-он ташбеҳ диҳанд. Он дорои гулҳои хурди арғавонӣ ва тухми паҳншаклест, ки наскро монад. Бехи он сафед ва пур аз шир аст. Гоҳе андар бархе аз ҷойҳо ин растанӣ сахт бузург бувад. Агар аз бехи он як мисқол гирифта, бо оби ангубин биошоманд, шикам орад. Самари он низ чунин будӣ. Аммо шири он, чунонки ёд кардем, бо он орди говдона биомезанд. Миқдори барги он барои хӯрдан набояд аз се мисқол таҷовуз кунад.
Ҳамчунин, моҳудонаро ҳам бархеҳо аз ҷумлаи исфидакширҳо шуморанд. Он дорои соқест, ки дарунтиҳӣ, ба қадри як зироъ дароз ва ба андозаи ангушт ситабр бувад.
Сари ин соқ ба шохаҳо тақсим шудааст. Бархе аз баргҳои моҳудона (336) бар соқ ва бархе дигар бар шохаҳо
растаанд. Аммо он баргҳое, ки бар рӯи соқ растаанд, дарозрӯя ва монанди барги бодоманд, вале паҳнтар аз он ва сахт ҳамвор буванд. Аммо баргҳое, ки бар шохаҳо растаанд, хурдтар аз баргҳои соқ ва шабеҳи барги зарованд ва барги печаканд. Он бар сари шохаҳои худ меваи гирде чун хиёри кабар дорад, ки андаруни он се донаи аз якдигар ҷудо ва бузургтар аз говдона мавҷуданд. Агар онро пӯст кунанд, дарунаш сафед ва ширинтаъм бувад.
Моҳудона бехи борики сафеде дорад, ки андар тиб аз он суд набаранд. Ин растанӣ саросар пур аз ширест, ки мисли шири исфидакшир бувад.
Ба [дурустии] ҳамаи он чи ки мо ёд кардем, ҳакими фарзона Дисқуридус гувоҳӣ додаст.
Ихтиёр: Қавитарин бахши исфидакшир шири он, сипас бех ва баъд аз он барги он бувад. Ҳар гоҳ агар ба таври мутлақ «шири исфидакшир» гӯянд, мурод аз он шири лоғия бошад.
Табъ: Шири он андар дараҷаи чаҳорум ва дигар [бахшҳои] он аз дараҷаи дуввум то севвум гарми хушканд.
Хосиятҳо: Решкунандаи қаттол аст ва агар андар ҳавзи об биафтад, ҳамаи моҳиҳоро бар рӯи об барорад.
Оростагӣ: Исфидакшир тута, озахҳо, холҳо ва гӯштҳои зиёдатии андар паҳлуи нохунҳо бударо бирезонад.
Шири онро, хусусан андар зери офтоб, агар бар мӯй бимоланд, онро бирезонад ва он чи ки дубора бирӯяд, заиф бошад. Агар чанд бор ин корро такрор бикунанд, албатта, мӯй нахоҳад баромад. Онро барои он ки зиёнаш камтар бигардад, бо равғани зайтун биомезанд ва барои резондани мӯй ба кор баранд.
Решҳо ва ҷароҳатҳо: Бехҳои исфидакшир бо сирко сахтиҳоеро, ки андар гирди носурҳо21 ба амал оянд, ҳал кунанд, парюнро бикананд ва агар андар таркиби мумравған бидароянд, решҳои гандидаву хӯранда, гари савдовӣ, «оташи форсӣ», хӯра ва ғанғроноро дуруст кунанд.
Андомҳои сар: Шири онро бар дандонҳои кирмхӯрда бичаконанд, онҳоро хурд сохта, биафтонад. Гоҳе онро бо қатрон ҳамроҳ кунанд, то ки қувваташ шикастатар бигардад. Беҳтар он аст, ки ҷои дурустро бо андаке мум пӯшонда, сипас андар он шири исфидакширро бичаконанд.
Агар бехи онро бо сирко ҷӯшонда, бо оби он даҳонро обгардон кунанд, дарди дандонро ором кунад.
Андомҳои чашм: Шири он нохунаро барканад.
Андомҳои ронанда: Бавосирро биканад ва балғаму бахши обиро ба исҳол оварад. Агар ду ва ё се қатра аз шири онро андар анҷир чаконида, бихушконанд ва бихӯранд, исҳоли кофӣ оварад. Агар андар пист ва нон [бичаконанд], низ чунин бошад. Агар онро ба ҳоли холисӣ ошомидан бихоҳанд, беҳтар он аст, ки андар мумравған ва ё андар мум ва ангубин бигиранд, то ки даҳон ва гулӯро реш накунад. Гоҳе шохаҳои исфидакшири тарро гирифта, бар болои сафол андак-андак бирён кунанд, бисованд ва аз он ба андозаи ду карама бо пист [ба бемор] бидиҳанд. Бар он об рехта биошоманд. Шохаҳои хушки он ниҳоят камқувватанд. Шохаҳои синферо, ки «карфиюн»22 ном дорад, гирифта, андар соя бихушконанд ва пӯстҳои онро ҷудо карда, бигиранд. Нуҳ карама аз ин [пӯстҳо] андар шароби куҳан як шабу рӯз тар кунанд ва сипас онро полида, ширгарм кунанд ва чун биошоманд, бидуни газанде исҳол оварад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо