Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе аз қишрҳои он аз ғайри ба кор бурдани оташ бад-ин гуна шаробе омода созанд: се ман аз онро гирифта, бар он як микёл шароби ширин бирезанд. Аз он ба касе, ки буридани ягон андомаш зарур аст, се қавосус бидиҳанд, биошомад. Агар касе собизакро бибӯяд, ӯро хоболудӣ ориз гардад. Аз фишурдаи он низ чунин ҳол рӯй диҳад.
Андомҳои чашм: Чакидаи он андар таркиби доруҳои чашм дарди беандозаро ором кунад ва низ бо барги он зимод кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Чун як уқия аз чакидаи онро бо молиқиротун бигиранд, мисли харбақ, заҳра ва балғамро қай оварад. Агар бар ин миқдор биафзоянд, одамро бикушад.
Андомҳои ронанда: Чун ним убулус аз чакидаи онро ба зер баргиранд, пешоб битозонад ва ҷанинро берун кунад. Агар тухми собизакро биошоманд, раҳмро пок кунад, агар онро бо гӯгирд биомезанд, ки оташ нарасида бошад ва зан онро ба зер баргирад, хуни раҳмро аз рафтан боз дорад. Шири собизак балғам ва талхаро ба исҳол берун кунад. Агар кӯдак собизакро надониста бихӯрад, ӯро қай ва исҳол биафтад ва бисёр бошад, ки ҳалок бигардад.
Заҳрҳо: Собизакро бо ангубин ва равғани зайтун бар газидагиҳо [биниҳанд]. Гуфтаанд, ки ябруҳ ва хусусан он синфе аз он, ки ба сафедбарги он монанд аст, вале баргаш хурд бошад, подзаҳри рӯбоҳразаки қаттол аст. Каси аз он ба ҳалокат расандаро чунин нишонаҳо пешакӣ падид оянд: ихтиноқи раҳм, сурхии рухсора, барҷастани чашмон ва низ дамидани [рӯй], чунонки гӯӣ маст аст.
Илоҷи ин равғани гов ва ангубин бувад ва қай овардан ӯро суд бахшад.
333. ЯНТУН1 – ЯНТУН
Thapsia garganica L.
Моҳият: Ин софсиё, яъне самғи дарахти судоби кӯҳист.
334. ЯНБУТ – ҶИНҶАК
Ceratonia siliqua L.; Anagyrus foetida L.
Моҳият: Ин харнуби набатист ва андар баёни он андар боби «хо» ҳангоми зикри «харнуб» ёд карда шуд1.
Табъ: Сардию гармияш кам ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Қувваи он бидуни сӯзиш қай овардан аст.
Андомҳои ронанда: Дарунравиро манъ кунад.
Заҳрҳо: Ҷӯшонидаи янбут кайкҳоро бикушад.
335. ЁСАМИН – ЁСАМИН
Jasminum officinale L. seu J. sambac Ait.
Табъ: Ёсамини сафед аз зард ва зард аз арғавонӣ гармтар буда, умуман, чунонки гуфтаанд, андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ёсамин тариҳоро латиф бигардонад ва равғанаш пиронро суд бахшад.
Оростагӣ: Ёсамини тар ва ё хушки онро совида, андар гармоба бо он рӯй бишӯянд, доғи кунҷида бибарад.
Бисёр бӯидани он рангро зард кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани он бемориҳои сарди асаб ва пиронро судманд аст.

Андомҳои сар: Бӯи он сардард биоварад, лекин бо вуҷуди он агар онро бибӯянд, сардарди аз балғами часпак падидояндаро ҳал кунад. Равғани холиси он баробари бӯидан шахси гарммизоҷро хуни бинӣ оварад.
336. ЯТУЪ – ИСФИДАКШИР, ширгиёҳ Euphorbia L.
Моҳият: Ин ҳар гуна растаниест, ки шири тез, исҳоловар, буранда ва сӯзонанда дорад ва аз ин навъ ҳафт растанӣ машҳур аст: ушар1, шибрам2, лоғия3, артанисо4, моҳудона5, мозариюн6 ва бантофилун7, яъне дорои панҷ барг.
Ҳамаи инҳо кушандаанд ва аксар вақт мурод аз онҳо шири онҳост. Мумкин аст синфҳои дигаре аз гиёҳҳои ширдор бошанд, ки берун аз ин машҳуршудагонанд. Масалан, навъе аз «гӯши муш», навъе аз печак, хурфаи даштӣ ва ғайра [аз ҳамин қабиланд]. Ба таври мутлақ [мурод аз] шири исфидакшир шири лоғия аст ва ин эҳтимол он чизе бошад, ки «тарёки фаровӣ» ва «бусанҷӣ» номанд.
Инчунин гуфтаанд, ки исфидакшир ҳафт навъ аст. Аз миёни ҳамаи онқо як навъест, ки онро «нар» хонанд ва номаш «хороқиёс»8 бувад ва баъди он ҳама мода буванд. Қавитарини онҳо онест, ки шабеҳ ба мӯрд буда, онро «муртитос»9 номанд, сипас навъи харсангиест, ки миёни харсангҳо рӯяд10, [баъд исфидакшири шабеҳ ба бусир биистад, ки бо номи «паҳнбарг» маъруф аст]11 ва сипас растание биистад, ки ба хиёр монанд буда, «қуборисиёс»12, яъне «сарвӣ» ном дорад. Баъд «боролиюс»13 – исфидакшири соҳилист, ки онро «исфидакшири дарёӣ» номанд, зеро он андар ҷойҳое бирӯяд, (335) ки канори дарёҳост. Сипас исфидакшире биистад, ки «илиюсқубиюс»14 номанд15.
Бори дигар гуфтаанд: Қавитарини исфидакширҳо ҳамон навъи нарест, ки ёд шуд. Решаҳои он шохаҳои дароз дошта, ба як зироъ бирасад ва моил ба сурхӣ буда, пур аз ширанд. Шохаҳои он ба шохаҳои зайтун монанданд ва андар шохаҳои он шири сафеди тез ҷой дорад. Бар шохаҳои он баргҳое нишастаанд, ки шабеҳи барги зайтун буда, лекин дарозтару тунуктар аз он буванд. Он дорои бехи ситабри дурушт аст. Бар атрофи шохаҳои он панҷ шохаи борики шабеҳи шохаҳои гӯргиёҳ рӯидаанд, ки андар охири онҳо сараҳои дорои андаке фурӯрафтагӣ мавҷуд буда, ба як намуде аз гӯргиёҳ монандӣ доранд16. Андаруни ин сараҳо самари ин растанӣ ҷой гирифтааст. Он андар ҷойҳои ноҳамвор ва кӯҳӣ бирӯяд. Агар аз шири ин растанӣ ба микдори ду убулус биошоманд, балғамро ба исҳол берун кунад.
Аммо навъи модаро «гавзӣ» низ хонанд. Растании он мисли растании даҳмаст, вале бузургтар, қавитар ва сафедтар аст. Он баргҳое дорад, ки шабеҳи барги мӯрд буванд, вале бузургтар аз он. Ин баргҳо бадбӯянд ва гирдогирди онҳо тези хорнок аст. Ин исфидакшир шохаҳое дорад, ки аз як бех ва ба дарозии як ваҷаб растаанд. Он як сол самари бисьёр оварад ва як сол кам. Ин самар ба бузургӣ чун гавзҳои хурд аст ва мисли гавз забонро бизанад. Ин исфидакшир низ андар замини сахт бирӯяд. Шир, бех, барг ва меваи он андар қувват чун намуди якум бувад, вале якумӣ қавитар аст. Ёфтану захира кардани он ҳам мисли ҳамон бувад.
Аммо исфидакшири дарёиро низ «кӯкнорӣ» гӯянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ