Қонуни тиб

Фасли даҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «ё» /ی/
- ЯБРУҶ1 – МЕҲРГИЁҲ, СОБИЗАК
Mandragora officinarum L.
Моҳият: Ябруҳ бехи собизаки даштист ва он бехи ҳар гуна собизаки бузурге бошад, ки сурати инсонро монад.
Бинобар он вайро «ябруҳ» номидаанд, чаро ки Ябруҳ номи бути табиист. Яъне исми растаниест, ки маънои ин исм хоҳ мавҷуд бошад, хоҳ ғайри мавҷуд (зеро бисёр исмҳо бар маъниҳои ғайри мавҷуд далолат кунанд), он растанӣ ба сурати инсон аст. Сурати (333) ябруҳи мавҷуда чӯбҳоест, ки хокиранги каме резонак ва ба бузургӣ чун қуннабит бузург буванд. Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум онро «антемис» ва бархе дигар «муқулун» номанд. Касоне ёфт шаванд, ки онро «варақиё» хонанд, яъне бехи он ангезандаи муҳаббат бувад. Ин ябруҳ аст ва он ду синф аст. Яке аз онҳо бо «ябруҳи мода» маъруф аст ва рангаш андаке ба сиёҳӣ бизанад. Онро «сридоқс»2, яъне «коҳуӣ» хонанд, зеро барги он ба шакл барги коҳу, вале тунуку хурдтар аз он аст. Ин ябруҳ бӯи баду вазнин дорад, бар рӯи замин хобидааст ва ба наздики баргаш мевае дорад, ки шабеҳи луффоҳ3 ва ё хурдтар аз он аст.
Он хушбӯй аст ва донае дорад, ки донаи амрудро монад.
Ябруҳ ду-се бехи ба қадри лозимӣ бузург дорад, ки бо якдигар пайвастанд ва берунсиёҳи дарунсафед буда, бар рӯи он қишри ситабр аст ва дорои соқ аст. Намуди дуввум ябруҳи нар аст, ки бархе аз мардум онро «муриюн»4 хонанд. [Баргҳои]5 он сафед, ҳамвор, бузург ва паҳн буда, ба барги чугундар шабоҳат дорад. Собизаки он дучанди собизаки намуди якум аст. Ранги он шабеҳи ранги заъфарон аст ва бӯи хуши каме гарон дорад. Шубонон онро бихӯранд ва эшонро аз он субот падид ояд. Ин ябруҳро бехест шабеҳи бехи ябруҳи мода, яъне ба сурати ябруҳи мода бувад, вале ин каме дарозтар аз он ва бесоқ аст. Гоҳе шираи пӯсти онро ҳангоми тоза будан бад-ин тариқ бигиранд, ки онро бикӯбанд, сипас андар зери ягон чизи гарон ниҳода, [оби онро биситонанд] ва то баста шудан ва ё сахт шудан андар офтоб гузоранд. Баъд аз он онро андар ҷогаҳи сафолин бигиранд. Гоҳе фишурдаи барги онро низ чун ба тариқи аз пӯст гирифтан бигиранд, вале ин камқувваттар аз он бувад. Гоҳе пӯсти бехи онро гирифта, бо риштае бибанданд, биовезанд ва [таровидаи онро]6 андар ҷогаҳе бигиранд. Бархе аз мардум бехи онро бигиранд ва бо шароб то аз се ду ҳиссаи он рафтан биҷӯшонанд. Сипас онро равшан карда, [андар зарфе] бардоранд.
Гоҳе чакидаи онро бад-ин гуна бигиранд, ки андар бехи он мағокиҳои гирде бисозанд ва сипас андар онҳо он миқдор аз рутубат, ки ҷамъ шуданист, ҷамъ шавад. Фишурдаи ябруҳ қавитар аз чакидаи он аст ва на андар ҳама ҷо аз бехи он чакида битаровад. Таҷриба бад-ин гувоҳӣ диҳад.
Бархе аз мардум гуфтаанд, ки собизакро як ҷинси дигаре ҳаст, ки андар ҷойҳои соянок бирӯяд ва он дорои баргест, ки шабеҳ ба барги луффоҳи сафед, яъне ябруҳ бу
вад, вале хурдтар аз барги он аст. Дарозии барги он як ваҷаб ва ранги он сафед буда, бар гирди бех рӯидааст. Бехи он нарми сафед буда, дарозиаш андаке бештар аз як ваҷаб ва ситабрияш ба қадри ситабрии ангушти бузург бувад.
Табъ: Ябруҳ андар дараҷаи севвум сард ва хушкияш моил ба ҳамин [дараҷа] аст. Ба пиндори баъзеҳо дорои андаке гармист. Аммо бехи он қавии хушккунанда аст ва пӯсти бехи он заиф бувад. Баргашро чи хушк ва чи тар ба кор баранд, судманд аст. Андар худи собизак тарист.
Хосиятҳо: Он карахткунанда ва дорои чакидаву фишурда аст, вале фишурдаи он қавитар аз чакидааш бувад. Ҳар киро бихоҳанд андоме бибуранд, чун аз [фишурдаи ябруҳ] се убулус андар шароб [гудохта], бидиҳанд, беёд кунад. Гуфтаанд, ки агар бехи онро шаш соат бо оҷ биҷӯшонанд, оҷро нарм ва ба ҳар шакл гардонидани онро осон кунад.
Оростагӣ: Чун бо барги он, хусусан агар тари он пайдо карда шавад, як ҳафта кунҷидаи сиёҳро бимоланд, аз ғайри реш овардан онро нест кунад. Шири собизак кунҷидаи сурх ва доғи кунҷидаро бидуни озор ва сӯзондан бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо: Собизакро чун барои омосҳои сахт, решҳои ғарбелак ва ханозир ба кор баранд, онҳоро суд бахшад. Агар бехи онро нарм кӯфта, бо сирко бар оташак биниҳанд, онро беҳ кунад. Он табишҳоро низ бибарад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бехи он бо пист зимоди дарди пайвандгоҳҳост. Гоҳе аз поғура шифо бахшад.
Андомҳои сар: Он беёдкунандаи хобовар аст ва чун андар шароб биафкананд, шароб сахт маст бикунад. Онро чун андар мақъад баргиранд, беёд кунад ва бӯидани он низ чунин бувад. Ин луффоҳе бошад, ки сафедбарг аст ва [навъе] аз он бепоя буда, онро «луффоҳи нар» хонанд.
Бисьёр ба кор бурдани собизак ва бӯидани он ва хусусан агар луффоҳи сафедбарг бошад, сакта ба амал оварад. Аз он барои бехобиро бурдан шароб бисозанд, яъне бад-ин гуна ки се ман аз пӯсти бехи онро андар як матритус шароби ширин афканда, се қавосус аз он биошомонанд. Гоҳе пӯстҳои онро низ андар шароб биҷӯшонанд ва шароб қуввати онҳо бигирад ва аз он барои беёд кардан бештар ва барои хоб овардан камтар ба кор бибаранд. Гурӯҳе аз пизишкон каси беёдшударо андар оби (334) ниҳоят сард бинишонанд, то ҳушёр бигардад. Ба гумонам ғараз андар ин кор ҷамъ сохтани гармист. Он ҳисро кунд кунад.
Онро ба касоне, ки ниёзманди доғниҳӣ, ё хатна кардан ва ё ҷароҳат шикофтананд, бидиҳанд, биошоманд, зеро эшон чун онро биошоманд, ба сабаби карахтию хоболудӣ ориз шудан дардро эҳсос накунанд. Агар касе аз бехи намуди севвуми он як мисқол биошомад ва ё бо пист, ё нон ва ё андар зимни бархе аз пухтаковҳо бихӯрад, ақлаш шӯрида шуда, худи ҳамон соат хоболуд шавад ва бад-ин ҳол се ва ё чаҳор соат боқӣ монда, чизеро на ҳис кунад ва на дарк.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо