Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ТРАҒОҚАНСО1 – ГАВАН
    Astragalus tragacantha L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин бехи паҳншакли дурушт ва хори касирост, ки бар рӯи замин ҳамчун шохаҳои кӯтоҳи қавӣ бирӯяд ва ин шохаҳо бо баргҳои бисёри тунук пӯшида буванд. Андар миёни баргҳои он хорҳои сафеди сахти рост пинҳонанд. Касиро таровиши ин бех аст, ки баъди буридан ва ё харошидани [он] аз мавзеи бурида шуда падид ояд ва самғ бигардад».
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар касироро бо ангубин сиришта, ба зери забон гузоранд, (332) сурфа ва дуруштии синаро суд бахшад. Агар гудохтаи моеъ бошад, аз он ба қадри як драхмӣ, ки он ҳаждаҳ қирот аст, бо шароби ширин биошоманд.
    Андомҳои ронанда: Инчунин, агар ин самғро бо шохи сӯхта ва шустаи гавазн ва ё бо миқдори андаке аз замчи яманӣ биомезанд аз дарди гурдаҳо ва сӯзиши обгаҳ суд бахшад.
  2. ТУҚРИЮС1 – ТУҚРИЮС
    Teucrium flavum L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин гиёҳи сершохест, ба шакли асо ва растаниеро монад, ки «камодариюс»2 хонанд. Баргҳои он борик ва ба барги нахӯд шабоҳат доранд. Туқриюс андар кишвари Қилиқиё ба фаровон рӯяд. Вай ҳангоме таъсир кунад, ки агар онро тару тоза бо сирко ва об биошоманд, вале агар хушкида бошад, ҷӯшонидаи онро биошоманд».
    Андомҳои ронанда: Агар ҷӯшонидаи онро биошоманд, омосҳои испурчро сахт ҳал кунад. Ҳамчунин, агар онро бо анҷир ва сирко бар [тани] касони испурчашон бемор зимод кунанд, эшонро суди намоёне бахшад.
    Заҳрҳо: Зимод кардани он бо як худи сирко аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд бувад.
  3. ТАБАҚОҚУВОУН1 – БУҒУМАК, БОБОСИЛАК
    Polygonum persicaria L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки дорои барги шабеҳ ба барги рӯбоҳразаки бӯстонист. Он сершоха буда, шукуфаҳои сиёҳи хурди бисёр дорад. Тухми он ба говарс монанд буда, андар ғилофи шабеҳ ба харнуби шомӣ ҷойгир аст. Се ё чаҳор реша дорад, ки қариб як ваҷаб дароз, сафед, хушбӯй ва гармибахшандаанд ва аз бештари онҳо решачаҳо бирӯянд. Агар аз ин растанӣ ба миқдори як ман гирифта, андар шаш қутулӣ шароби

ширин як шабу як рӯз тар кунанд ва онро биошоманд, заҳдонро пок кунад ва андар ҳам бикашад. Агар онро андар ошом афканда, биошоманд, чунонки гуфтаанд, ширро фаровон кунад.
329. ТРОҒИЮН1 – ТРОҒИЮН
Hypericum hircinum L.
Моҳият: Ин растаниест, ки андар Қритус бирӯяд ва дорои барг, шоха ва самарест, ки шабеҳ ба барг ва шохаи ахинус2 буванд, вале бо ин тафовут, ки ин хурдтар аз он бошад. Онро самғест, ки самғи арабиро монад. Қуввати барг, самар ва самғи он кашандагист. Гоҳе онро як синфи дигаре бошад, ки баргаш шабеҳ ба барги сақулуфандариюн3 буда, бехаш турби даштиро монад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дисқуридус гуфтааст: «Агар ба бузи ваҳшӣ ҳангоме тир расад, ки андар миёни ин гиёҳ чаро мекарда бошад, тир аз тани он биафтад. Агар аз он бо шароб зимод кунанд, пайкон, хор ва дигар чизҳои андар тан фурӯрафтаро аз дохили гӯшт ба берун бикашад».
Андомҳои ронанда: Агар онро биошоманд, қатра-қатра омадани пешобро беҳ кунад, санги андар обгаҳ бударо бирезонад ва агар аз он ба миқдори як драхмӣ биошоманд, хуни ҳайзро битозонад. Агар навъи дуввуми онро хоҳ хом ва хоҳ пухта бихӯранд, чунонки гуфтаанд, аз реши рӯдагон суд бахшад.
330. ТРОҒИЮН ОХАР1 – ТРОҒИЮНИ ДИГАР
Ephedra distachya L. et TORSK.
Моҳият: Бархе аз мардум онро «сақулуфандариюн»2 номанд. Он растании хурди рӯизаминиест, ки як ва ё андаке беш аз як ваҷаб баландӣ дорад, аксар вақт андар соҳилҳои дарё бирӯяд ва бебарг бувад. Андар шохаҳои он чизҳое чун ангур ҷой дошта, хурди сурх, ба қадри донаи гандум, нӯгтез, сершумор ва гиранда буванд. Баъзеҳо ин донаҳоро кӯфта, аз он қурсҳо созанд ва то ба вақти ҳоҷат нигоҳ доранд.
Андомҳои ронанда: Ба гуфтаи Дисқуридус агар аз он тақрибан даҳ дона бо шароб биошоманд, аз исҳоли деррав, таровиши деррави рутубатҳои раҳм суд бахшад.
331. ТУҚРИЮС1 – ТУҚРИЮС
Teucrium flavum L.
Моҳият: [Қувваи] ин бурандаи латиф аст [ва бинобар он] аз барои сахтии испурч ба бемор бидиҳанд, биошомад2.
Ин буд охирин гуфтор андар баёни ҳарфи «то» ва маҷмӯи он аз сию ду дору иборат аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ