Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ихтиёр: Беҳтарини он бағдодиест, ки аз омезиш пок буда, сурхи баланд бошад.
Хосиятҳо: Булус гуфтааст, ки ин гил андар корҳои қабз кардану хушк сохтан беҳтар аз гили набишта бувад.
Решҳо: Ҷароҳатҳоро фароҳам оварад.
Андомҳои ронанда: Кирмҳоро бикушад ва чун аз болои хояи нимбиришт онро дам кашанд, табиатро бибандад.
320 ТИНУ-Л-АРЗИНИ-Л-МАЗРУЪА – ГИЛИ
ЗАМИНҲОИ КИШТ
Terra еretria [Моҳият]: Дисқуридус гуфтааст: «Ҳамаи намудҳои гиле, ки андар пизишкӣ ба кор баранд, ба таври умум дорои қувваи гиранда, нармкунанда, сардиоваранда ва часпонанда буванд, вале ба таври хусус ҳар кадом дорои хосиятеанд, ки аз барои як чиз судманданд ва аз барои чизи дигар не. Аз ҷумлаи гили заминҳои кишт бархе бисьёр сафед буда, бархе хокистарист ва ин беҳтар аз гили сафед ва нармтар аз он бувад. Агар онро бар порае аз мис бисованд, аз совидани он ранги зангор1 ҳосил шавад. Онро гоҳе чун шустани сафеда бишӯянд. Агар он мағшуш бошад, баъд аз якчанд бор бар он об рехтан бигузоранд, то оби он равшан шавад. Ин гилро андар офтоб гарм карда, даҳ рӯзи дигар дубора чунин корро такрор кунанд. Сипас онро андар офтоб бисованд ва аз он ба таври дилхоҳ қурсҳо бисозанд».
Хосиятҳо: Гили заминҳои кишт, чунонки гуфтаанд, дорои қувваи гиранда, сардкунанда ва андаке нармсозанда бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳоро гӯшт пур кунад ва ҷароҳатҳоро андар оғози рӯй додан бичаспонад.
321. ТИН СОМОЪӢ1 – ГИЛИ СОМОЪӢ
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин гил мисли санг аст ва гавҳариён барои суфтану сайқал додан ба кор баранд. (331) Ин бар чанд синф аст. Бархе аз он сафеди хокистарӣ ва мисли гили аввалист. Ин намуд тунуки баргакӣ буда, пораҳояш гуногуншакланд. Бархе дигар аз он сахт сафед, тобишнок ва зуд аз ҳам резанда буда, агар онро бо ягон навъ аз рутубатҳо тар кунанд, зуд ҳал шавад. Андар гармоба ба ҷои ушнон ва натрун бо ин гил [тани мардумро] молиш бидиҳанд».
Хосиятҳо: Он гиранда, сардиоваранда ва хушккунанда бувад.
Ихтиёр: Бояд аз намуди якум сафеди сахт ва аз намуди дуввум сафеди хокистарии онро баргузид.
Оростагӣ: Танро сафову хубӣ бахшад ва рӯйро сайқал диҳад.
Андомҳои сар: Ҳоссаҳоро кунд кунад.
Андомҳои чашм: Бо шир аз сафедии чашм ва решҳои андар чашм падидоянда суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро биошоманд, аз дарди меъда суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Чунин пиндоранд, ки агар онро бар [сари] зани дарди бача гирифта биовезанд, зоданро битезонад ва агар бар зани обистан биовезанд, ҷанинро аз афтидан нигоҳ дорад.

  1. ТРИФУЛИЮН1 – ТРИФУЛИЮН
    Astra tripolium L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки андар соҳилҳо андар он ҷойҳое аз он бирӯяд, ки агар оби дарё бидамад, онро бипӯшонад. Он на андаруни об ва на чандон берун аз он бувад, Трифулиюн дорои баргест, ки барги исотисро2 монад, вале ситабртар аз он бувад. Онро соқест, ки қариб як ваҷаб дарозӣ дошта, аз барсӯ ду пора аст. Гуфтаанд, ки ранги гули ин растанӣ рӯзе се бор дигаргун шуда, пагоҳӣ сафед, нимрӯзӣ моил ба ранги бунафш ва бегоҳӣ сурхи баланд бигардад. Трифулиюн дорои бехи сафеди хушбӯест, ки агар чашида шавад, забонро гарм созад».
    Табъ: Ба гармӣ бигарояд.
    Андомҳои ронанда: Агар аз он ба миқдори ду драхмӣ бо шароб биошманд, обро аз шикам ба исҳол берун орад ва пешобро битозонад.
    Заҳрҳо: Гоҳе онро аз барои рондани зиёни заҳрҳо пеш аз дигар подзаҳрҳо ба кор баранд.
  2. ТРИХУМОНИС1 – «МӮИ ҒУЛ»
    Asplenium trichomanes L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум инро «адиёнтун»2 хонанд. Ин андар ҷойҳое бирӯяд, ки андар он ҷойҳо пари сиёвушон бирӯяд ва растаниеро монад, ки «баторис»3 ном дорад. Онро баргҳоест, ки сахт дароз буда, аз ду бари [шохаҳо] нишастаанд, тунук ва монанди барги насканд. Онҳо андар баробари якдигар бар фарози шохаҳои борики сахти моил ба сиёҳӣ ҷой гирифтаанд. Чунин гумон биравад, ки андар ҳамаи феълҳои хеш чун пари сиёвушон таъсир кунад».
  3. ТОТИҚУС1 – ҶУСРУД
    Сiсаda
    Моҳият: Ба гуфтаи Истафин ин ҷонваракест, ки андар дарахти зайтун бизияд. Он қариб мисли малах буда, аксар вақт садо кунад ва садо карданаш ба тариқи чирчир кардан аст. Аҳли Шом онро «зиз», аҳли Табаристон «ангурпош», яъне «пошандаи ангур» ва аҳли Хуросон «ҷусруд» хонанд.
    Андомҳои ронанда: Агар ин ҷонваракро бар тоба бирён кунанд, аз дардҳои обгаҳ суд бахшад.
  4. ТИЛОФИЮН1 – МЕШБАҲОР
    Cerinthe minor L.
    Моҳият: Ин растаниро гоҳе «андирахнии даштӣ»2 ва низ «риҷлаи даштӣ» номанд. Соқ ва барги он соқу барги риҷларо монад. Аз назди ҳар як барги он шохаҳое растаанд, ки аз ҳар кадоми он шаш, ё ҳафт шохчаҳои хурд сар задаанд ва бо баргҳои ситабр пӯшидаанд. Агар онҳоро бисованд, аз онҳо рутубати часпаке падид ояд. Ин растанӣ дорои гули сафед буда, андар миёни токзорҳо бирӯяд.
    Табъ: Сарди тар аст.
    Оростагӣ: Агар онро бар песӣ зимод кунанд ва шаш соат бад-ин ҳол нигоҳ доранд, илоҷи хубе хоҳад буд.
    Баъд аз зимод кардани он бояд орди ҷав ба кор бурд.
    Агар онро кӯфта, андар офтоб бар баҳак андуда кунанд, бигузоранд, то хушк шавад ва сипас пок кунанд, [баҳакро] нек беҳ кунад.
пешина
аз 1215
навбатӣ