Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чун ҳангоми таби вабоӣ онро биошоманд, аз [ошомидани] шаробе чора нест, ки онро то ба дил бирасонад ва бояд он шаробро бо гулоб биомезанд.
313. ТИН СОМУС1 – ГИЛИ САМОСӢ
Теrrа Samia
Моҳият: Ҳакими беҳин Ҷолинус гӯяд: «Мо аз ин гил он [навъеро] ба кор барем, ки «ситораи Сомус» хонанд».
Ман гӯям, ки мардум инро талк пиндоранд, лекин оид ба талк ҳосилкунандагони он гуфтаанд, ки талк андар кишвари Юнон андар ҷазираи Қубрус мавҷуд аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ба гуфтаи Ҷолинус гили самосӣ андар кори бастани хун ва дигар корҳо чун гили набишта бувад, вале гавҳари бодии он беш аз гили набишта аст ва бад-ин сабаб сабуктар, балки ниҳоят сабук бувад. Гили самосӣ ғоздортару часпактар аз гили набишта аст ва гили набишта қавитар аз он бувад.
Табъ: Ин, чунонки гуфтаанд, сақизии часпаки ғоздор буда, ба шӯстан эҳтиёҷ надорад, сардиоварияш андаке ва [дардро] паст карданаш бисёр бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои гармро андар оғоз қавитар аз дигар гилҳо боз дорад. Агар онро тар кунанд, он дуруштие, ки аз гили набишта ҳис карда мешавад, аз ин ҳис карда нахоҳад шуд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ин гил ба сабаби сахт сақизӣ будан аз решҳои оташсӯхта ба андозаи гили набишта суд надорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Тило кардани он андар оғози ниқрис судманд аст.
Андомҳои чашм: Аз обилаҳои андар қарния оризшуда судманд бувад.
Андомҳои сина ва сар: Гили самосӣ аз омосҳои пистон ва паси гӯшҳо суд дорад.
Андомҳои ронанда: Аз рехтани хун аз раҳм ва шикамрави хунӣ нофеъ аст.
314. ТИН МАЪКУЛ – ГИЛИ ХӮРДАНӢ
Андомҳои ғизокашӣ: Ин суддаоваранда ва табаҳкунандаи мизоҷ аст, вале даҳони меъдаро қавӣ кунад ва хом мондани таомро бибарад, вале бо вуҷуди ин ман истеъмоли инро дӯст надорам. Ин гил барои манъ кардани қай хосияти аҷибе дорад. Аммо агар касе даъво кунад, ки он ҷонро хуррамӣ бахшад, ин андар қиёс ба касонест, ки муштоқи он гил бошанд ва ба он иштиҳо дошта, мисли касе [хурсандӣ кунанд], ки аз ҳосил шудани хостааш хурсанд бигардад.
315. ТИН БАЛАДИ-Л-МАСТАКО1 – ГИЛИ
ШАҲРИ МАСТАКО
Terra chia
Моҳият: Ин гил бизудояд, бишӯяд, бирӯёнад ва гӯшт пур кунад.
316 (330) ТИН ИҚРИТУС – ГИЛИ ҚРИТӢ
Terra creta
Моҳият: Гавҳари бодии он зиёд ва ба дигар гилҳои

ёдшуда шабеҳ аст, вале нотавонтар аз онҳо бувад. Ин гил бидуни газанд бизудояд ва ҳоссаҳоро суст кунад.
Андомҳои чашм: Аз решҳои чашм ва сурхии он суд дорад.
Андомҳои ронанда: Чунонки гуфтаанд, ин гил зоишро осон гардонад ва агар бар [гардан] биовезанд, занони обистанро ҳимоят кунад.
317. ТИН ҚИМУЛИЁ – ГИЛИ ҚИМУЛИЁ
Terra cimolia, Cimolit
Моҳият: Ҳунайн гуфтааст: «Ин гили дайрист ва он аз ду синф иборат аст: яке аз онҳо сафед; ва дигарӣ арғавонӣ. Ин табиати қавитар дошта, ҳангоми ламс эҳсоси сардӣ бидиҳад. Онро аз соҳилҳои дарё ва хусусан аз мавзее оваранд, ки Сироф ном дорад».
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сард ва андар якум гарм аст1.
Хосиятҳо: Холиси он серманфиат аст ва он дорои сардифизоӣ ва ҳал кардан аст. Агар онро бишӯянд, ҳал карданаш бекор бигардад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро бо сирко бар омосҳои маҳалли зери меъда [тило] кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҳар ду намуди онро агар андар сирко бигудозанд, аз оташсӯхта ва дигар ҷароҳатҳо худи ҳамон соат пеш аз он ки обила ва ё варам карда бошанд, суд хоҳад бахшид.
Андомҳои сар: Андар сирко гудохтаи он омосҳои андар буни гӯшҳо ва бодомакҳо падидомадаро суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз омосҳои тамоми тан нофеъ бувад.
Андомҳои ронанда: Ҳар ду намуди гили қимулиё сахтии хояҳоро нарм кунанд.
318 ТИНУ-Л-КАРМ1 – ГИЛИ ТОК
Ampelitis
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин гил гоҳе андар сарзамини Шом ёфт шавад. Он сиёҳранг ва шабеҳи ангишти дарозрӯяест, ки аз чӯби арз омода созанд. Андар таркиби он низ чизҳое чун чӯбҳои хурд пора карда буванд. Аз ҷумлаи ин [гилест], ки ба таври яксон сӯфта буда, агар андар об ва равған совида шавад, дер ҳалшаванда нахоҳад буд.
Аммо он навъе аз он, ки сафеди хокистарӣ ва ҳалнашаванда аст, бад бувад».
Ихтиёр: Аз ин гил бояд он навъеро баргузид, ки сиёҳранг аст.
Хосиятҳо: Ин гил ба тавре хушкӣ оварад, ки бегазанд бошад. Андар он бо вуҷуди ин, чунонки гуфтаанд, андаке ҳалкунандагӣ [низ] ҷой дорад ва дорои қувваи сардиоваранда бувад.
Оростагӣ: Андар зимни сурмаҳои рӯёнандаи мижгон ва андар таркиби хизобҳои мӯю абрӯ бидарояд.
Андомҳои ронанда: Гоҳе токро пеш аз рӯидани баргу шохаҳо бо он биолоянд, то кирмҳои онро бикушад.
Агар аз ин гил биошоманд, кирмҳоро ва морҳои андар рӯдагон бударо бикушад.
319 ТИНУ-Л-МАҒРА – ГИЛИ СУРХ
Теrrа rubrica
Моҳият: Ин гили маъруф аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ