Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Он аз гавҳарҳои зиёде таркиб ёфтааст ва [гавҳари] хокӣ андар он бештар бувад.
Андомҳои ронанда: Толисфар аз табоҳии меъда, решҳои рӯдагон ва рафтани хун аз раҳм ва мақъад судманд аст ва бавосирро суд бахшад.
309. ТРИФУЛУН – ТРИФУЛУН, МУШКБӮЯ
Psoralea bituminosa z.
Моҳият: Ин растаниест, ки андар баҳор бирӯяд ва тухмаш [тухми] гули кофшаро монад.
Заҳрҳо: Агар ҷӯшонидаи онро бар афъигазида бирезанд, дарди онро ором кунад ва агар бар андоми дуруст бирезанд, мисли дарди афъигазида дард падид орад.
310. ТИН МАХТУМ – ГИЛИ НАБИШТА
Terra sigillata seu T. lemnia Моҳият: Ин гилро аз тали сурх аз ҷое биоваранд, ки «Буҳайра» ном дорад. Он ҷойро аз он «Буҳайра» хонанд, ки замини ҳамвори холӣ буда, андар он ҷой на ягон гиёҳест ва на ягон санге ва ҳикояти он ҷойро ба ман касе гуфт, ки худ он ҷойро дидааст. Ин гилро «гили коҳинӣ»
гӯянд ва ин [ном] бад-он сабаб аст, ки ин гилро ба ҷуз як зани коҳин касе гирифтан наметавонистааст. Яъне ин андар замони қадим чунин будааст. Онро [инчунин] «мағраи коҳинӣ» гӯянд, чунки ба ҳақиқат гили сурхест, ки онро коҳини назди ҳайкали Артемис гирифта, ба шаҳр оварад ва андар об онро омехта, чун ошом бисозад ва баъди омезиши сахт бигузорад, то он ором ва тагшин шавад.
Сипас он обро рехта, чизи ситабри [мондаро] бигирад ва бахши равғании часпаки онро ба кор бурда, аз он гиле чун мум бисозад ва муҳр кунад. Ба наздики Дисқуридус ин гилест, ки онро аз ғори андар он ҷой буда бигиранд ва бо хуни нарбузҳо бисириштанд. Гоҳе онро чунон мағшуш созанд, ки шинохтан натавон.
Ихтиёр: Беҳтаринаш онест, ки бӯи шибит кунад, хуни аз даҳон резандаро бибандад, ба забон часпида, аз он ҷудо нагардад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Булус гӯяд, ки ҳеҷ доруе беш аз он хунро боздоранда нест ва он аз гили шомус қавитар буда, ҳатто он андомҳое, ки дорои омоси гарманд, хусусан агар нарм бошанд, тоби қуввати онро накунанд, балки аз он як навъ дуруштие эҳсос кунанд. Ин [гил] сардкунандаи часпонанда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Андар оғози омосҳои гарм судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳои тоза ва решҳои ба душворӣ фароҳамояндаро фароҳам оварад. Он сӯхтагиро реш шудан нагузорад ва решҳои онро шифо бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Андомҳоро ба ҳангоми афтидан муҳофазат кунад, шикастагиро беҳ кунад, ба сӯи дасту пойҳо моддаҳоро ҷорӣ шудан нагузорад ва хӯрда шуданро боз дорад.
Андомҳои сар: Назларо манъ кунад ва сайлони даҳону вораҳоро бидорад.
Андомҳои нафаскашӣ: Андомҳои андаруниро ба ҳангоми афтидан нигоҳ дорад, аз сил нофеъ бошад ва инчунин ба сабаби реши шушро хушк карданаш аз хунпартоӣ низ суд бахшад.

Андомҳои ронанда: Ошомидан ва ҳуқна рехтани он, хусусан баъд аз ҳуқнарезӣ бо оби ангубини каме холис ва сипас бо намакоб, аз саҳҷи палиди рӯдагон судманд аст.
Заҳрҳо: Гили набиштаро агар бо шароб биошоманд ва бо сирко тило кунанд, бо заҳрҳову газидагиҳо бикӯшад.
Агар холиси онро биошоманд, пайваста маниши гаштан оварад ва хусусан агар пеш аз заҳр биошоманд, заҳрро қай оварад. Ҷолинус гуфтааст. «Ман доруи аръарро, ки аз гили набишта омода шуда буд, андар [газидагии] харгӯши дарёӣ ва коғнаҳо санҷидам ва чунин дарёфтам, ки [заҳрро] зуд қай оварад. [Инчунин] андар (329) саги девона газида бо шароб санҷидам, бо сирко бар афъигазида тило кардам ва баъди тило кардан барги суқурдиюн1 ва ё қантуриюн бар он ниҳодам».
311. ТИН МУТЛАҚ1 – ГИЛИ МУТЛАҚ
Terra
Моҳият: Ин гили ҳама гуна ҷойҳо бувад.
Табъ: Ҳамаи гилҳо сардкунандаанд.
Хосиятҳо: Гил хушккунандаи зудоянда бувад. Гили холиси аз замини офтобрӯя буда ба сабаби часпандагии хеш баданҳои нармро бидуни газанд хушк кунад. Агар бо он гили сӯхта аз қабили сафол ва деворҳои андар офтоб сӯхта наомехта бошанд, он дорои қувваи ҳалкунандагӣ бувад. Агар онро дубора бишӯянд, гили хушккунандаи андар гармию сардӣ муътадил ва латиф бигардад.
Оростагӣ: Гӯшти ковокро сахт кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Гилро бо мумравған бар ханозир ва сахтиҳо [тило] кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Бо гили замини офтобрӯя чун тани худовандони истисқо ва худовандони бемории испурчро тило кунанд, нафъи азиме бигиранд ва бисёр вақт истисқои гӯштиро беҳ кунад.
312. ТИН АРМАНӢ – ГИЛИ АРМАНӢ
Terra аrmeniаca
Моҳият: Ин гили сурхи моил ба тирагӣ буда, маъруф аст ва заргарон онро аз барои зарандудӣ ба кор баранд.
Гили олонӣ1 андар феъл бад-он наздик аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Ба иллати он, ки сахт хушкиоваранда аст, хунро бибандад.
Омосҳо ва табишҳо: Ошомидан ва тило кардани он аз тоунҳо судманд аст ва гандидани андомҳоро паҳн шудан нагузорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Андар ҷароҳатҳо [таъсири] шигифтоваре дорад.
Андомҳои сар: Назларо боз дорад ва қулоъро суд бахшад.
Андомҳои сина: Аз хунпартоӣ хуб аст ва ба сабаби реши шушро хушк карданаш силро суд бахшад. Ин доруи зиқи нафасест, ки аз назлаҳо падид ояд.
Андомҳои ронанда: Аз барои решҳои рӯдагон, исҳол ва хунравии заҳдон хуб аст.
Табҳо: Гили арманӣ хусусан аз табҳои силӣ ва вабоӣ судманд аст. Бисёр касон ба сабаби он, ки андар шароби тунук гили арманӣ ошомиданро хӯ карда бу данд, аз вабо раҳо ёфтанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ