Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо самари он сахт гиранда аст. Андар газ каме латифист, ки андар мозуи сабз ва дигар [растаниҳо чунин латифӣ] нест ва онро ба ҷои мозу ба кор баранд.
Оростагӣ: Оби ҷӯшонидаи онро ҳамчун пухтаков бар зидди шупушҳо ба кор баранд, онҳоро бикушад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги онро бар омосҳои нарм зимод кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Дуди газ решҳои тар ва обиларо хушк кунад. Суда ва хокистари онро бар оташсӯхта ва решҳои тар бипошанд. Самар ва хокистари он решҳои душворро бихушконанд ва гӯшти зиёдатиро бихӯранд.
Андомҳои сар: Оби барг ва хусусан самари бо шароб ҷӯшонидаи онро агар мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо суд бахшад ва онҳоро кирм хӯрдан нагузорад.
Андомҳои чашм: Самари он андар бемориҳои чашм ҷои мозу ва ҳузаз бигирад.
Андомҳои нафаскашӣ: Газ ва хусусан самари он аз хунпартоии деррав судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз шохаҳои навраси андар сирко [ҷӯшонида] ва нармшудаи он зимод ниҳодан испурчро суд дорад ва шароберо, ки андар он баргу шохаҳои газ ҷӯшонида бошанд, аз барои бемории испурч биошоманд. Аз чӯби газ барои беморони испурч ошомиданиҳо омода созанд.
Андомҳои ронанда: Газ аз исҳоли деррав судманд аст. Аз барои сайлони раҳм андар оби ҷӯшонидаи он бинишинанд, донаашро ба зер баргиранд ва самари онро низ барои он биошоманд.
Заҳрҳо: Самари он аз ғундагазида судманд аст.
304. ТАРОСИС1 – ТАРОСИС
Cynomorium coccineum L.
Моҳият: Ин пораҳои чӯбии ожангзадаест, ки ситабрӣ ва дарозияшон каму беш ба андозаи ангуштон бувад.
Таъми он гиранда ва қувваташ чун қуввати гулнор бувад. Гуфтаанд, ки онро аз бодия биоваранд.
Хосиятҳо: Чунонки гуфтаанд, таросис гиранда буда, ҳаракати хунро андар ҳамаи андомҳо боз дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пайвандгоҳҳои сустшударо қавӣ бигардонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз истирхои меъдаву ҷигар суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Он шикамбанданда аст [ва] агар андар шири буз пухтаи онро биошоманд, хунравӣ, исҳоли хун ва исҳоли хилтҳои хилмиро бибандад.
Ҷойнишинҳо: Ними вазни он аз пӯстҳои сӯхтаи хояи мурғ, ки шуста бошанд, шашяки вазни он мозу ва даҳяки вазни он самғ ҷои онро бигиранд.
305. ТАЛҚ – ТАЛК
Таlc
Моҳият: Баъзеҳо гуфтаанд, ки ошомидани он хатарнок аст, чаро ки он андар сунешҳо ва пурзҳои меъда ва андар гулӯ ва сурхной бичаспад. Ҳар гоҳ ба баровардани шири он эҳтиёҷ афтад, шири онро андар хирқае бадин гуна бароранд, ки андар он пора сафолпораҳо ва сангчаҳо андохта, то ҳал шудани [талк] бизананд. Агар [ба1

рои ин кор] сангча гирифта бошанд, бояд хирқаро андар об ғӯтонанд. Агар хоста бошанд, метавонанд талкро андар хирқа совида, сипас андар кӯза онро биафшонанд ва чизи аз он рехтаро ғундошта бигиранд. Ба кор бурдани он бо оби самғ ва ғайра аз барои мақсади муайян хуб аст.
Ихтиёр2: Сӯхта мисли оҳак шудаи он қавитару латифтар аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Талк гиранда ва бандандаи хун аст. Онро, ба гуфтаи Булус ва дигарон, андар оҳак ба кор бибаранд, то хушкӣ овардани он бештар бигардад. Талкро оташ ҷуз ба ҳилаҳо сӯхтан натавонад.
[Омосҳо ва табишҳо]3: Аз омосҳои пистон, андомҳои мардӣ, паси гӯш ва дигар гӯштҳои нарм ҳангоми оғози онҳо судманд бошад.
Андомҳои нафаскашӣ: Он бо оби «забони барра»
хунпартоиро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Агар шустаи онро биошоманд ва тило кунанд, хуни заҳдон ва мақъадро бибандад ва аз зусанториё суд бахшад.
306. ТУҲЛУБ – ҶОМАИ ҒУК
Lemna minor L.
Моҳият: Ин маъруф аст. Рӯдии онро [гавҳар] хокии обист ва дарёии1 он бештар гиранда бувад. Аммо ҷомаи ғуки харсангӣ (328) гулсанг аст ва мо онро ёд кардем2.
Табъ: Ҷомаи ғук сард аст.
Хосиятҳо: Агар онро андар куҷое [аз тан] тило накунанд, хунро бибандад ва навъи дарёӣ қавитар бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Ҷомаи ғукро бар омосҳои гарм, сурхбод ва намла биниҳанд. Ҷомаи ғуки наскгунро бо пист низ чунин кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҷомаи ғукро бар ниқриси гарм ва аз барои дардҳои гарми пайвандгоҳҳо зимод кунанд ва агар онро бо равғани куҳани зайтун биҷӯшонанд, асабро нарм кунад.
Андомҳои ронанда: Ҷомаи ғукро чун бар фатқи рӯдагии хоя зимод кунанд, онро пажмурда созад.
307. ТИҲОЛ – ИСПУРЧ
Lien, Splen
Ихтиёр: Беҳтарини испурчҳо испурчи хукҳост, вале бо вуҷуди ин бадкимус бувад.
Хосиятҳо: Андар он каме гирандагист ва хуни савдовӣ бизояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Испурч ба сабаби тундии хеш дергувориш аст.
308. ТОЛИСФАР1 – ТОЛИСФАР
Myristica fragrans Houtt.
Моҳият: Ин пӯстлохҳои ҳиндӣ буда, дорои гирандагӣ, тезӣ ва андаке хушбӯист. Гавҳари хокӣ андар он бештар буда, каме латиф аст.
Табъ: Ба наздики Ҷолинус онро гармӣ ва ё сардии муайяне нест, ки қобили эътибор бошад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки он андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Толисфар дорои гирандагию хушкифизо ии сахт ва ҳал кардан аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ