Қонуни тиб

Андар ҳама гуна ҳолат барои меъда бад бувад.
Андомҳои ронанда: Он савдоро қавитар аз лоҷувард ба исҳол берун орад. Гоҳе бо он иктифо кунанд ва харбақи сиёҳро тарк кунанд, зеро бо як худи он бар бемориҳои савдо фирӯзӣ ёбанд.
298. ҲАЗОЗУ-С-САХР – ГУЛСАНГ
Roccella tinctoria D.C.; Lecanora cirсummunita Nyl.
Моҳият: Ҷолинус гуфтааст: «Ин чизест, ки бар санг бирӯяд ва обсабзро монад. Ин аз ду рӯй хушкӣ оварад, зеро қуввати он зудоянда ва сардиоваранда аст: зудоишу хушкониданро аз санг касб кардааст; ва сардӣ оварданро аз об».
Хосиятҳо: Гулсанг хушккунандаи сардиоваранда аст.
Дисқуридус гуфтааст, ки он хунро аз рафтан боз дорад, вале ман бад-ин қоил нестам.
299. ҲАҶАРУ-Л-МАСОНА – САНГИ ОБГАҲ
Calculus vesicalis
Моҳият: Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар санги андар обгаҳ падидояндаро каси бад-он беморӣ гирифтор биошомад, санги обгаҳи ӯро хурд кунад. Ин яке аз он муолаҷаҳоест, ки ман бад-он қоил нестам.
Ин буд поёни гуфтор аз фасли ҳарфи «ҳоъ» ва он аз панҷоҳу се дору иборат аст.
Фасли нуҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «то» /ط/
- ТАБОШИР1 – ТАБОШИР
Concretiones Bambusae (Bambusa arundinacea
Willd.)
Моҳият: Ин бехҳои сӯхтаи най аст. Гӯянд, ки онҳо ба сабаби ба ҳангоми вазиши боди сахт ва ба ҳам совидани сарҳояшон оташ бигиранд. Табошир андар кишвари
Ҳинд ёфт шавад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сард ва андар дараҷаи севвум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Табошир дорои гирандагӣ, рондан ва каме ҳал кардан аст. Сардӣ овардани он ба сабаби каме талхӣ доштан беш аз ҳал карданаш бувад. Бинобар ин, аз сабаби ҳал кардану қабз кардани он хушкифизоияш шиддат ёбад. Табошир чун гул дорои қувваҳои мураккаб аст.
Андомҳои сар: Аз қулоъ ва ҳаросидан судманд аст.
Андомҳои чашм: Табошир аз омосҳои гарми чашм суд дорад.
Андомҳои сина: Дилро қавӣ кунад. Ошомидан ва андудани он аз хафақони гарм ва беҳушие, ки аз рехтани сафро ба сӯи меъда ба амал ҳамеояд, судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз ташнагӣ, қай, афрӯхтагии меъда ва камқувватии он суд дорад, рехтани сафроро ба сӯи он манъ кунад [ва] тосаро [бибарад].
Андомҳои ронанда: Дарунрави сафровиро2 боз дорад.
Табҳо: Аз табҳои тезрав судманд аст. - ТАРХУН – ТАРХУН
Artemisia dracunculus L .
Моҳият: Ин маъруф аст. Гуфтаанд, ки оқирқарҳо1 бехи тархуни кӯҳист.
Табъ: Пайдост, ки он ҳарчанд дорои қувваи карахткунанда аст, вале гарми хушки моил ба дараҷаи дуввум аст. Бархе касоне, ки эшон мавриди эътимод нестанд, гуфтаанд, ки он [сарди хушк]2 аст.
Хосиятҳо: Тархун рутубатҳоро хушк кунад ва онҳоро бичинад. Он дорои як миқдор сардиоварандагии судманд аст.
Андомҳои сар: Агар онро хоида, андар даҳон бидоранд, аз қулоъ нофеъ бошад.
Андомҳои нафаскашӣ: Дарди гулӯ падид орад.
Андомҳои ғизокашӣ: Душворгувор бувад.
Андомҳои ронандагӣ: Шаҳвати боҳро қать кунад.
302. ТАЛАҲШАҚУҚ1 – ТАЛХЧАКУК, ҚОҚУФ
Taraxacum officinale Wigg.
Моҳият: Ин маъруф ва навъе аз коснист.
Табъ: Бо вуҷуди он ки дорои тарист, вале сардияш беш аз тарӣ бувад.
Хосиятҳо: Сардифизои кушоянда аст.
Андомҳои чашм: Шири он сафедиро бизудояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Фишурдаи он аз истисқо сахт судманд аст ва суддаҳои ҷигар бикушояд.
Заҳрҳо: Талхчакук бо заҳрҳо бикӯшад ва онро бар газидагиҳо (327) ва хусусан бар газидагии каждум зимод кунанд.
303. ТАРФО1– ГАЗ
Tamaris gallica L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахти маъруф аст. Он ба наздики обҳои истода бирӯяд, дорои самарест, ки шукуфаро монад ва андар қивом шабеҳи ушна бувад.
Гоҳе андар Миср ва Шом гази бӯстоние ёфт шавад, ки ба ҷуз самар дигар аз ҳама сӯ гази даштиро монад. Аммо самари он шабеҳи мозуст. Он дандонҳоро кунд кунад ва забонро бигирад. Онро андар зимни доруҳои чашм ва доруҳои даҳон ба ҷои мозу ба кор баранд. Агар онро биошоманд, аз барои хунпартоӣ ва исҳол созгор бувад».
Хосиятҳо: Газ дорои гирандагӣ ва зудудан буда, аз ғайри хушкии шадид овардан пок бикунад. Оби он зудояндаи хушкифизост ва зудоиши он беш аз хушк кар дан ва хушк кардани он бо гирандагӣ бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо