Қонуни тиб

Вай, чунонки гуфтаанд, аз ҷумлаи доруҳоест, ки хуни мақъадро қатъ кунад.
283. ҲАҶАРУ-Л-ИСФАНҶ – САНГИ ИСФАНҶӢ
Lapis Euspongiae
Моҳият: Ин сангест, ки андар ҷирми исфанҷ ёфт шавад.
Андомҳои ронанда: Санги гурдаро аз ҳам бирезонад.
284. ҲАҶАР ЛАБАНӢ – «САНГИ ШИРӢ»
Galaktit
Моҳият: Ин сангест, ки агар онро бо об бисоянд, аз он чизе чун шир ба амал ояд. Ин санг хокистариранги ширинтаъм буда, онро бо об бисоянд ва он чи, ки аз он ҳал бигардад, андар ҳуққаи арзизӣ бигиранд ва нигоҳ доранд.
Омосҳо ва табишҳо: Андар ибтидои омосҳои гарм судманд аст, вале андар интиҳои онҳо нафъаш ба дараҷае намерасад, ки онҳоро беҳ кунад.
Андомҳои чашм: Чизи бо об судагардидаи онро чун бар чашм бикашанд, ҷорӣ шудани фазлаҳоро ба сӯи чашм боз дорад ва решҳои андар он падидомадаро [суд бахшад].
285 ҲАҶАРУ-Р-РАҲО – САНГИ ОСИЁ
Lapis molaris
Омосҳо ва табишҳо: Бухори сиркое, ки аз он бархезад, рафтани хунро манъ кунад ва омосҳои гармро сахт суд бахшад.
286. ҲАҶАРУ-Л-МИСАНН – САНГИ ФАСОН
Malachit
Оростагӣ: Судаи онро бар пистон ва хояҳо [биниҳанд], то ки онҳо бузург нагарданд.
Омосҳо ва табишҳо: Судаи он аз барои омосҳои гарми пистон хуб аст.
287. ҲАҶАРУ-Л- ОҶӢ – САНГИ ОҶӢ, ШАКАРСАНГ
Lapis аrabicus
Феълҳо ва хосиятҳо: Он хушкӣ оварад, бизудояд ва хунро манъ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хунравии ҷароҳатҳо ва решҳоро манъ кунад.
288. ҲАҶАР АСАЛӢ – «САНГИ АНГУБИНӢ»
Melilit
Моҳият: Ин сангест, ки совидаи аз он ҷудошаванда ба ифрот ширин аст, лекин андар ҳамаи феълҳои худ чун санги ширист ва дорои қувваи шодана бувад. Андар он миқдоре гармист ва аз ҷумлаи доруҳо шуморандаш.
289. ҲАҶАРУ-Л-ҚАМАР1 – «САНГИ МОҲТОБӢ»
Selenit
Моҳият: Ин сангест, ки онро «оби даҳони моҳ» ва «кафки моҳ»2 номанд. Инро ҳангоми пур шудани моҳ бигиранд.
Он андар кишвари арабҳо ёфт шавад ва сабук бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Чунонки гуфтаанд, онро чун бар дарахтон биовезанд, бор оваранд.
Андомҳои сар: Аз саръ шифо бахшад ва тӯморҳои аз
он сохтаро бар [гардани] шахси ба саръ гирифтор биовезанд.
290. ҲАҶАР АСМИТУС1 – САНГИ АСХИСТУС,
ВАРАҚСАНГ
Schistos lapis
Моҳият: Ин андар феълҳои хеш чун шодана аст, лекин аз он камқувваттар бувад.
291. ҲАҶАР ҲАБАШӢ – САНГИ ҲАБАШӢ
Lapis thyites
Моҳият: Ин сангест, ки аз Ҳабашистон оваранд ва рангаш ба зардӣ бигарояд. Аз он чизе совида гардад, ки забонро бизанад ва ширро монад.
Андомҳои чашм: Он пардаи чашмро, ки агар бо омос ва рамад набошад, бизудояд, осори решҳои чашмро нафъ кунад ва нохунаи нармро бирезонад.
292. ХАҶАР АФРУҶӢ – САНГИ АФРУҶӢ
Lapis phrygius
Хосиятҳо: Ин хушккунанда аст ва дорои гирандагӣ, сӯзиш ва ҳалкунандагӣ бувад.
293. ҲАҶАРУ-Л-ҲАЙЯ – «САНГИ МОРОН»,
МУҲРАИ МОР
Lapis ophites
Андомҳои ронанда: Гӯянд, ки он санги обгаҳро хурд кунад, вале Ҷолинус инро рад кардааст.
Заҳрҳо: Гуфтаанд, ки агар онро биовезанд, аз газидани мор судманд бошад. Ҷолинус гуфтааст: «Инро марди бовариноке ба ман гуфт».
294. ҲАҶАР ЮТФО БИ-3-ЗАЙТ – САНГИ
АНДАР РАВҒАНИ ЗАЙТУН САРДКАРДА
Хосиятҳо: Ин сангест, ки бо равғани зайтун хомӯшаш кунанд ва бо об ба кор баранд.
Заҳрҳо: Ҷунбандагони зиёнкор аз ин санг бигрезанд.
295. (326) ҲАҶАР ЯШБ – САНГИ ЯШМ
Jaspis; Nephrit
Андомҳои ғизокашӣ: Ин барои меъда сахт суд дорад.
Ҷолинус чунин ёдоварӣ кардааст, ки агар аз он шаддае то баробари меъда бисозанд ва бар гардан биовезанд, сурхной ва меъдаро суд бахшад.
296. ҲАҶАРУ-Л-АСОКИФА – САНГИ КАФШГАРОН
Lapis calceolariorum; Ageratos Андомҳои сина: Аз решҳои гулӯ ва омосҳои забонча сахт судманд бувад.
297. ҲАҶАР-УЛ-АРМАНӢ – САНГИ АРМАНӢ
Lapis аrmeniacus. Azurit
Моҳият: Ин сангест, ки андаке лоҷувардӣ буда, вале на ба ранги лоҷувард бошад ва на ба андозаи он фишурда, балки андар он каме [хосияти] регист. Гоҳе рангрезон ва наққошон онро ба ҷои лоҷувард ба кор бибаранд ва он ба ҳангоми ламс нарм бинамояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Санги арманӣ барои меъда бад аст.
Шустаи он маниши гаштан наоварад ва ношустаи он бигар донад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо