Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Омосҳо ва табишҳо: Самғи он омосҳои сахтро бипазонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гар ва парюнҳоро бизудояд ва самғаш аз барои пок кардани ҷароҳатҳо ва хушконидани хуноба андар таркиби марҳамҳо бидарояд ва решҳои беруниро беҳ кунад. Он аз хориши решҳо ва гари решшуда ва аз гари балғамӣ ва табишҳои балғамӣ судманд бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани он андар [таркиби] равғанҳои мондагӣ, марҳамҳои мондагӣ, фалаҷ ва лақва бидарояд.
Андомҳои сар: Самғи он бо ангубин ва равғани зайтун аз барои рутубати гӯшҳо хуб аст.
Андомҳои чашм: Дудаи он андар [таркиби] доруҳои нигоҳдорандаи мижа ва доруи хӯраи пилк бидарояд.
Андомҳои сина: Зимод ниҳодан ва ё молидани он аз дардҳои паҳлу судманд аст. Самғи онро танҳо ва ё бо ширинӣ агар билесанд, аз решҳои шуш ва сурфаи деррав суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Сақиздона ва хусусан равғани хинҷак аз барои испурч судманд аст, лекин иштиҳои таомро бибарад. Он инчунин ҷигарро3 пок кунад.
Андомҳои ронанда: Боҳро биангезад ва пешобро битозонад. Агар як бундуқа ва ё як ҷавза аз самғи онро ношито бихӯранд, низ пешобро битозонад ва шикамро бидуни озоре нарм кунад. Он [андомҳои андаруниро пок кунад ва]4 гурдаҳоро бизудояд.
Заҳрҳо: Самғ ва самари онро бо шароб аз барои ғундагазида биошоманд.
279. ҲИРБОЪ – ОФТОБПАРАСТ, БӮҚАЛАМУН
Chamaeleo chamaeleon
Андомҳои чашм: Гӯянд, ки хуни он мӯи аз чашм чидаро рӯидан нагузорад.
Заҳрҳо: Гӯянд, ки хояи он заҳри қотил аст ва мо онро андар Китоби чаҳорум ёд кардаем.
280. ҲАЙЯ – МОР
Serpens, Ophis
Моҳият: Мор намудҳои бисёре дорад. Онро бо об, намак ва шибит ҷӯшонида, ба кор баранд ва гоҳе бар он равғани зайтун биафзоянд. Ин шӯрбои мор ба қадри гӯшти он қувват дорад. Пӯсти партофтаи онро [низ] истеъмол кунанд. Мо намудҳои морҳоро андар Китоби чаҳорум ёд хоҳем кард.
Ихтиёр: Беҳтарин гӯшт гӯшти модаи онҳост ва беҳтарин пӯсти афканда пӯсти афкандаи нари онҳост.
Табъ: Хушкифизоӣ андар гӯшти он қавӣ аст. Аммо гармифизоӣ қавӣ нест. Пӯсти афкандаи мор низ сахт хушкиовар бувад.
Хосиятҳо: Хосияти пӯсти мор ин аст, ки хусусан андар шахси [танаш] нопок фазлаҳоро ба сӯи пӯст бигузаронад. Шахсеро аз хӯрдани мор андар гардан хуроҷи бузурге падид омадааст ва онро чун кафондаанд, аз он ҳамагӣ шупуш берун омадааст. Агар гӯшти онро истеъмол кунанд, умрро дароз кунад, қувваро қавӣ гардонад ва ҳоссаҳову ҷавониро нигоҳ дорад. Аз барои ҷузом суди азим дорад ва агар аз барои «бемории рӯбоҳ» ба кор баранд, сахт суд бахшад.

Оростагӣ: Хӯрдани мор ба сабаби он, ки фазлаҳоро ба сӯи пӯст биронад, боиси падид омадани шупуш ва рехтани пӯст бигардад.
Омосҳо ва табишҳо: Гӯшт ва шӯрбои он, баъд аз он ки ду тарафи онро бурида, партофта бошанд, ханозирро аз зиёд шудан боз дорад. Пӯсти афтидаи он низ чунин бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Шӯрбои онро, ки аз сару думи он қариб чаҳор ангушт бурида, партофта бошанд ва онро ба усули мо ёдкарда пухта бошанд, агар дам кашанд ва агар гӯшташро низ бихӯранд, аз дардҳои асаб судманд бошад. Пӯсти1 он низ чунин бувад.
Андомҳои сар: Пӯсти морро агар бо шароб ҷӯшонида, андар гӯш бичаконанд, дарди онро фурӯ нишонад. Аз барои дарди дандон бо сиркое мазмаза кунанд, ки андар он пӯсти морро ҷӯшонида бошанд. Беҳтарин пӯсти мор пӯсти мори нар аст. Ҷолинус даъво кардааст, ки агар риштаҳои бисёр ва хусусан бо арғавон ранг кардаро гирифта, бо онҳо афъиро хафа карда, бикушанд ва яке аз онҳоро ба гардани худованди омоси забонча ва гулӯ бипечанд, суди шигифтоваре бахшад.
Андомҳои чашм: Шӯрбо ва гӯшти мор, ки ёд шуданд, биноиро қавӣ бигардонанд. [Пизишкон] иттифоқ кардаанд, ки равғани афъӣ фуруд омадани обро ба сӯи чашм боз дорад, лекин кас бад-ин кор ҷуръат надорад.
Заҳрҳо: Афъиро пора карда, бар ҷои хеш газида бигузоранд, дардро ором кунад.
281. ҲИМОР – ХАР
Asinus domesticus
Моҳият: Хар ду гуна бувад: ёбоӣ ва ғайри ёбоӣ. Ҳар ду маъруфанд.
Оростагӣ: Хокистари гӯшт ва ҷигари харро бо равғани зайтун бар кафидагиҳои аз сармо падидомада [ниҳанд], сахт суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Хокистари ҷигари харро бо равғани зайтун бар ханозир [биниҳанд].
Ҷароҳатҳо [ва решҳо]: Ҷузомро беҳ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Шахси аз хушкӣ ба кузоз гирифтор андар шӯрбои гӯшти хар бинишинад.
Андомҳои (325) сар: Ҷигари бирёни харро ношито [хӯрдан| аз барои саръ судманд аст. Сунби сӯхтаи он низ чунин бувад. Як ошомиданӣ аз он андар як рӯз ба қадри ду фаланҷор бувад.
Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ки пешоби хар аз дарди гурда судманд аст ва пешоби гӯрхар, чунонки гӯянд, сангро андар обгаҳ хурд кунад.
282. ҲАҶАРУ-Л-ЯҲУД1 – САНГИ ҶУҲУДОН
Lapis Judaecus
Моҳият: Ин сангест чун гавзи хурд ва андак дарозрӯя, ки хатҳои аз атроф оянда онро бибуранд ва хатҳои дигари бар паҳно бо ҳам мувозӣ онҳоро бибуранд. Аз онҳо андар [санг] пулакчаҳои хурди дурахшоне падид оянд.
Андомҳои ғизокашӣ: Он меъдаро нотавон карда, бо он созгор нест ва иштиҳоро бишканад.
Андомҳои ронанда: Санги ҷуҳудон аз барои санги гурда судманд буда, онро берун кунад. Як ошомиданӣ аз он даҳ убулус бо оби гарм бувад. Чунин даъво кардаанд, ки он аз санги обгаҳ судманд аст, вале чунин нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ