Қонуни тиб

Баъзеҳо гуфтаанд, ки ин тухми анори даштӣ аст ва худи ҳамон гӯянда гуфтааст: «Бехи он, чунонки пиндоранд, муғос1 бувад».
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Танҳои сустро қавӣ бигардонад.
Хосиятҳо: Бирёни он сабуктар аст.
Оростагӣ: Фарбеҳкунанда аст.
Андомҳои сар: Анордонаи даштиро, хусусан агар аз болои шароби куҳан нуқл бикунанд, сардард оварад.
[Андомҳои нафасгирӣ: Бузурги он аз барои рутубатҳои гандидаи шуш, рим ва хунравии шуш судманд аст]2.
Андомҳои ғизокашӣ: Бисёр истеъмол кардани он боиси ногуворидагӣ ва ҳайза бигардад. Агар онро бо табарзад, шакар ва ангубин бихӯранд, хубтар гуворида гардад.
Бирёни он беҳтар аст ва (323) хилти он бад нест. Анордонаи хурд меъдаро сахт бисӯзонад.
275. ҲАДИД1– ОҲАН
Ferrum (Fe)
Моҳият: Оҳан се намуд бувад: шопургон, нармоҳан2 ва пӯлоди сунъӣ. Шопургон пӯлоди табиист ва пӯлоди сунъиро аз нармоҳан ва туполи шопургон, ки ба туполи мис наздик аст, бигиранд. Мо оид ба «хабас»3 [андар ҳарфи «хо»]4 боби ҷудогонае хоҳем овард.
Феълҳо ва хосиятҳо: Зангори оҳан гирандаи хӯранда аст. Рими он аз зангораш камқувваттар аст, вале андар хушконидан аз ҳар гуна рими [маъданӣ] қавитар бувад.
Оростагӣ: Занги оҳанро5 бо шароб бар нохунхора биниҳанд.
Омосҳо ва табишҳо: Занги онро бо шароб бар оташак ва табишҳо [тило] кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Занги оҳанро бо шароб бар ниқрис [гузоранд], судманд бошад.
Андомҳои сар: Агар оҳанро бо сиркои бисёр тез совида, андар он биҷӯшонанд, чунин сирко аз барои рими дерраве, ки аз гӯш ояд, дору бувад.
Андомҳои чашм: Занги оҳан аз дуруштии пилкҳо ва нохуна хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Шароб бо обе, ки андар он оҳани [тофтаро] сард карда бошанд, аз омоси испурч, истирхои меъда ва нотавонии он судманд аст.
Андомҳои ронанда: Туполи оҳан дорои қувваи обро исҳоловаранда аст, вале [исҳолаш] камтар аз исҳоли туполи мис бувад. Занги оҳан гиранда аст ва онро [чун] ба зер баргиранд, хунравии раҳмро қатъ кунад. Занги оҳан бавосирро хушк кунад. Шаробе, ки андар он оҳани тофтаро сард карда бошанд, исҳоли деррав ва зусанториёро бидорад, аз истирхои мақъад, чакмезак ва рафтани хун ба ҳангоми ҳайз судманд бошад ва боҳро қавӣ созад.
276. ҲАМОМ – КАБӮТАР, кафтар Columba livia domestica L.
Моҳият: Ин парандаи маъруф аст.
Табъ: Чӯҷаҳои он дорои гармӣ ва рутубати зиёдатианд ва навболҳои онҳо сабуктаранд. Хояи кабӯтар сахт гарм бувад.
Хосиятҳо: Рутубати зиёдатии кабӯтарчӯҷаҳо ситабрӣ дорад.
Андомҳои сар: Хуни кабӯтар хуни биниеро, ки аз пардаи мағз ояд, бибандад.
Андомҳои ғизокашӣ: Навболҳои он беш аз чӯҷаҳои он сабукгувор ва хубхилтанд. Касони гарммизоҷ онро бояд бо ғӯраоб, кашниз ва дилаи хиёр бихӯранд. Хояи он серравған бувад.
Андомҳои чашм: Саргини кабӯтар аз барои сафедие, ки ба иллати фароҳам омадани реш андар [табақаи] қарния падид омада аст, судманд бувад.
277. ҲАВР – САФЕДОР
Populus alba L.
Моҳият: Ин дарахтест, ки ба ривояте каҳрабо аз самғи навъи румии он1 будааст ва мо андар баёни каҳрабо боби ҷудогонае хоҳем овард2.
Табъ: Муътадили андаке моил ба хушкист.
Хосиятҳо: Худ латиф ва тухмаш боз ҳам латифтар аст. Он сахт гарм нест.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Як мисқол аз меваи ин дарахт аз барои қавин судманд аст. Барги навъи румии онро бо сирко барои дарди ниқрис зимод кунанд.
Андомҳои сар: Оби фишурдаи барги онро ширгарм карда, бар гӯш бичаконанд, дарди онро фурӯ нишонад.
Самари он аз саръ судманд аст.
Андомҳои чашм: Самари онро бо ангубин бар чашм бикашанд, онро қавӣ бигардонад.
Андомҳои ронанда: Як мисқол аз самари онро барои қатра-қатра омадани пешоб [ба кор баранд] ва як мисқол аз самари он [низ] бо сирко баъд аз пок шудан аз ҳайз обистанро боз дорад ва баргаш низ чунин бувад.
278. ҲАББАТУ-Л-ХАЗРО – САҚИЗДОНА
Fructus Pistaciae (Pistacia terebinthus Z.) Моҳият: Ин дарахти маъруфест, ки андар бисёре аз кишварҳои сард ёфт шавад. Он баъзан андар ҷазираҳое бирӯяд, ки Қуқлодис хонанд. Сақиздонае, ки аз ин ҷазира оваранд, беҳтарин навъи он ба шумор биравад, рангаш сафеди шабеҳ ба ранги обгина ва моил ба осмонгунист.
Ин хушбӯй аст ва аз он бӯи сақиздона ояд. Беҳтарини ин самғҳо самғи дарахти хинҷак ва баъд аз он [самғи] мастако бувад. Навъи бузурги он зарв1 аст ва дарахти онро «бутм»2 хонанд.
Табъ: Баъзе гуфтааст, ки равғани он мисли равғани гул нармкунандагӣ ва гирандагӣ дорад, вале ҳақиқат он аст, ки гармибахшии сақиздона гармибахшии андак нест.
Аммо хушкифизоии он бошад, чунин аст: то даме ки тар аст, кам бувад ва чун бихушкад, ба дараҷаи севвум бирасад. Самғи он гарм буда, каме хушкӣ дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гармифизо, нармкунанда, поккунанда ва дорои гирандагист. Самғи он беш аз мастако таҳлил оварад, зеро талхтар буда, андаке гиранда аст. Он сахт бизудояд, дорои кушояндагии хуб, пазандагӣ ва нармкунандагӣ бувад, [хилтҳоро] аз умқи тан бикашад ва аксар вақт ҷои (324) мастако бигирад. Дудаи хинҷак чун дудаи кундур безиён аст. Равғани он аз се қувва ва [низ] аз қувваи гиранда таркиб ёфтааст. Баъзеҳо даъво доранд, ки равғани он то андозае сардифизоянда аст.
Оростагӣ: Рӯй ва доғи кунҷидаро бизудояд ва сақизи набатӣ кафидагиҳои рӯйро судманд аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо