Қонуни тиб

- ҲАББУ-Л-ҒОР – ДОНАИ ДАҲМАСТ
Fructus Lauri (Laurus nobilis L.) Моҳият: Ин донаи даҳмаст буда, мисли фундуқҳои хурд аст ва пӯсташ моил ба сиёҳӣ ва тунук буда, агар пахш карда шавад, ба ду пораи сахти моил ба зардӣ ва дорои бӯи хуш ҷудо гардад. Феълҳои инро андар фасли ҳарфи «ғайн» ҳангоми зикри «ғор» ёд хоҳем кард1. - ҲАББУ-З-ЗАЛАМ – МЕВАИ БОДОМИ
ЗАМИНӢ
Cyperus esculentus L.
Моҳият: Ин донаи ниҳоят хушмаза аст ва андар Шаҳризур бирӯяд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм аст ва [низ] тар бувад.
Оростагӣ: Фарбеҳкунанда аст.
Андомҳои ронанда: Маниро сахт биафзояд. - ҲАББУ-Л-МАЙСАМ1 – ДОНАИ МИНСАМ
Fructus Commiphorae (Commiphora opobalsamum Engl.)
Моҳият: Ин донаест, ки ба андоза ва ранги мурч, вале он зуд шикананда буда, аз он мағзе падид ояд, ки сахт сафеди хушбӯй бувад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Чунонки гуфтаанд, меъдаи сард ва сустшударо хуб аст.
271. (322) ҲАББУ-Н-НИЛ – ХАСАКДОНАИ
ҲИНДӢ
Ipomoea hederacea Jacqw.
Моҳият: Ин хасакдонаи ҳиндист.
Ихтиёр: Беҳтарини он гаронсанг, ҳамвор ва нав бувад.
Табъ: Бархе [пизишкон] гуфтаанд, ки он андар дараҷаи якум гарми хушк аст, вале дурусттараш ин аст, ки он гарму хушки моил ба дараҷаи дуввум бувад.
Оростагӣ: Аз песӣ ва баҳаки сафед судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Хасакдонаи ҳиндӣ тоса ва сахт маниши гаштан оварад.
Андомҳои ронанда: Хилтҳои ситабр, савдо ва балғамро ба таври қавӣ ба исҳол оварад ва [низ] кирмҳо ва кирми кадудонаро [берун кунад].
Ҷойнишинҳо: Андар исҳол овардан ва аз барои савдо суд бахшидан ба қадри ними вазни он пиҳи ҳанзал бо шашяки вазни он аз санги арманӣ ҷои он бигиранд.
272. ҲАББУ-С-СУМНА1 – КАНАБДОНА
Fructus Cannabinis (Cannabis sativa L.) Моҳият: Растании он ёбоӣ буда, ба андозаи як зироъ бирасад, баргаш начандон сафед ва самари он чун мурч равғандори ширист. Баъзеҳо гуфтаанд, ки он тухми сомирюмо2 бувад.
Табъ: Гарми андаке моил ба тарист.
Оростагӣ: Фарбеҳкунанда ва рангро хубкунанда аст.
Андомҳои гизокашӣ: Андар меъда дер бимонад ва чун гуворида гардад, ғизои зиёд бахшад.
Андомҳои ронанда: Маниро биафзояд ва боҳро биангезад.
- ҲАББУ-С-САНАВБАР1 – ЧИЛҒӮЗА
Fructus Pini (Pinus pinea L.) Моҳият: Донаи ин дарахт аз писта бориктар, пӯсташ тунуки нарми сурхтоб буда, аз он мағзе ҷудо шавад, ки дарозрӯя, сафед, равғанӣ ва лазиз аст. Ин [сифати] чилғӯзаҳои бузурге буд, ки аз санавбари бо номи «қунус»2 маъруф бигиранд. Аммо тухми коҷ секунҷа буда, пӯсташ сахттару мағзаш тезтар бувад. Он дорои тезӣ ва тундист. Тухми коҷ аз ғизо дида бештар дорубоб аст.
Табъ: Чилғӯза муътадилнамои моил ба гармӣ ва рутубаташ бештар аст. Тухми коҷ андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Чилғӯза ва хусусан сабзи он пазонанда, нармкунанда ҳалкунанда ва сӯзишоваранда аст ва агар андар об тар кунанд, сӯзишаш биравад ва баъди он ҳамворкунандаву часпакӣ оварданаш, ҳарчанд ки пеш мавҷуд буданд, боз ҳам пурратар бигарданд. Гавҳари он хокии обӣ буда, дорои андаке аз гавҳари ҳавоист.
Оростагӣ: Чилғӯза фарбеҳкунанда аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Чилғӯзаи бузургро агар бихӯранд, аз истирхо ва нотавонии тан суд бахшад ва рутубатҳои фосиди онро хушк кунад.
Андомҳои сина: Тухми коҷ ва чилғӯза аз барои рутубатҳои гандидаи шуш, рим, хунравӣ ва сурфа судманданд. Хусусан агар бо майпухтаи тоза [ба кор баранд], ба сабаби талхии сабуке, ки андар онҳост, [судмандтар бошад]. Агар чилғӯзаро бо шароби ширин биҷӯшонанд, барои пок кардани рими шуш бисёр хуб бошад. Пӯстҳо ва чӯби он агар андар таркиби доруҳои лесиданӣ бидароянд, низ хубанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар бо афсинтин бар меъда зимод кунанд, онро қавӣ гардонад. Чилғӯза душворгувори ниҳоят серғизост ва меъдаро бигазад, вале агар онро андар оби гарм тар карда, сипас каси гарммизоҷ бо табарзад ва каси сардмизоҷ бо ангубин бихӯрад, [ба осонӣ] гуворида гардад, хуб бигардад ва барои меъда созгор бувад.
Дисқуридус гуфтааст, ки он барои меъда бад аст, вале шояд ин вақте чунин бошад, ки табаҳ шуда, талх гардида бошад. Андар об таркардаи он хуб буда, фасодаш ба ислоҳ ояд ва бодҳояш бишкананд. Агар онро бо хурфа биошоманд, на фақат нахоҳад сӯзонд, балки сӯзиши меъдаро [низ] фурӯ бинишонад.
Андомҳои ронанда: Агар чилғӯзаро бо кунҷид, табарзад ва ё ангубин ва пониз бихӯранд, маниро сахт биафзояд. Бисёр истеъмол кардан аз он ва аз тухми коҷ печиши ноф падид орад. Тарёки он донаи анори нордон аст, ки баъди чилғӯза онро бимаканд. Чилғӯза рутубатҳои гурда ва обгаҳро сахт бизудояд, ҳар дуро барои нигоҳ доштани пешоб қавӣ бигардонад, ҳар ду навъи чакидани пешобро3 беҳ кунад, аз решҳои обгаҳ ва санг судманд бошад, пешобро битозонад ва зимоди он бо афсинтин судманд бувад. - ҲАББУ-Л-ҚИЛҚИЛ – «АНОРДОНАИ
ДАШТӢ»
Semen Cassiae (Cassia Tora Z.) Моҳият: Ин мисли мурчи сафед буда, бузургтар аз хасакдона аст, чандон гирд нест ва ба ҳангоми шикас тан аз он мағзи равғании хуштаъм берун ояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо