Қонуни тиб

Шукуфаи рази даштӣ сахт қабз бикунад.
Оростагӣ: Чакидаи разро бар озахҳои мӯрчагӣ ниҳанд ва рази даштӣ доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхро бизудояд. Рази хонагӣ камқувват аст. Чакидаи рази даштӣ бо равғани зайтун ва хусусан агар онро ба ҳангоми сӯхтани навдаҳои тари он гирифта бошанд, мӯйро бирезонад.
Равғани раз аз ҳамаи равғанҳо қавитар аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Чакидаи раз аз барои гар ва парюнҳо хуб аст. Меваи рази даштӣ хуроҷҳоро варам кардан нагузорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Хокистари аррамайдаи он бо сирко аз барои печидани асаб ва хокистари навдаҳои он бо равғани зайтун аз барои даридагии мушакҳо ва сустии пайвандгоҳҳо [хубанд]. Гоҳе оби хокистари онро аз барои афтидагӣ биошоманд. Равғани шираи ангур аз барои дардҳои мушакҳо ва асабҳо ва [аз барон] мондагӣ хуб аст.
Андомҳои сар: Барг ва печакҳои разро барои сардарди гарм зимод кунанд. Бехи рази сиёҳ3 ва рази сафеди даштӣ4 аз ҷумлаи доруҳои чирки гӯшро зудоянда ва аз ҷумлаи доруҳоест, ки аз карӣ судманд бошанд. Пӯстҳои рази даштӣ бо ангубин вораҳои хуншорро беҳ кунад.
Андомҳои чашм: Баргҳои разро бо писти ҷав бар омоси чашм зимод кунанд, то ки назлаҳои ба сӯи он фурудояндаро боздорад.
Андомҳои сина: Ошомидани фишурдаи барги рази бӯстонӣ аз барои хунпартоӣ ва инчунин меваи даштии он [судманд бошанд].
Андомҳои ғизокашӣ: Барг ва печакҳои разро бо писти ҷав барои омоси меъда ва афрӯхтагии он ҳамчун зимод ва фишурдаи барги онро аз барои дарди меъда, ки аз гармӣ бархоста бошад, ба кор баранд. Гоҳе бехи рази даштиро бо об ва ё бо шароб биошоманд, истисқоро суд бахшад ва обро ба исҳол берун кунад. Меваи рази даштӣ барои меъда, маниши гаштан, тоса ва турушии таом хуб аст.
Андомҳои ронанда: Фишурдаи барги раз аз барои зусанториё ва аз барои дарди меъда, ки аз гармӣ бошад, [судманд аст]. Чакидаи токро, ки мисли самғ бувад, чун бо шароб биошоманд, сангро хурд кунад. Хокистари аррамайдаи онро бо сирко бар бавосир ва тута биниҳанд. Меваи он барои мақъад хуб буда, пешобро битозонад ва табиат бибандад.
Заҳрҳо: Хокистари аррамайдаи он аз барои газидагии афъиҳо тарёк аст.
Фасли дувоздауҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «лом» /ل/
379 (350) ЛОЗАН – ЛОЗАН
Gummi Cisti (Cistus ladaniferus L., С. creticus L., С.
Cyprius L.)
Моҳият: Лозан рутубатест, ки ҳангоми растании бо номи «қистус»1 маъруфро чаро кардани буз ин рутубат бар пашм ва риши он бичаспад. Бар ин [растанӣ] нам биафтад ва ба шакли шабнам ҷамъ шавад ва бо он нам арақи аз барги он растанӣ баромада биомезад. Ҳар гоҳ мӯи буз бад-он расида, бичаспад, он [намро] аз ин [растанӣ] бигирад ва ин лозан бувад. Лозани пок онест, ки ба риши буз ва бахши аз замин боло будаи мӯи он бичаспад.
Лозани бад онест, ки ба сунби он часпида ва бо регу хок омехта бошад.
Ихтиёр: Беҳтарини лозан равғанӣ, гаронсанг, қубрусӣ ва хушбӯй буда, [рангаш] ба зардӣ бизанад, бо рег омехта набошад, ҳамааш андар равған ҳал гардад ва аз худ туфола ба ҷой нагузорад. Сиёҳи қирранги он хуб нест.
Табъ: Андар охири дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст. Он лозане, ки ба шаҳрҳои ҷанубӣ бошад, гармтар аст. Хузистонӣ гуфтааст, ки лозан сарди гиранда аст, вале чунин нест.
Хосиятҳо: Лозан сахт латиф буда, дорои андаке аз гирандагист. Он рутубатҳои ситабри часпакро пазони
да, ба иътидол ҳал кунад ва дорои қувваи кашанда, гармкунанда ва кушояндаи даҳонаҳои рагҳост. Лозан андар [таркиби доруҳои] оромкунандаи дардҳо бидарояд.
Оростагӣ: Лозан хусусан бо равғани мурд ва бо шароб мӯйро бирӯёнад, зич ва афзун созад ва онро нигоҳ дорад. Лозан барои он чунин бошад, ки латиф аст. Бинобар он, сахт андарун бирафта, ҳал кунад ва фасоди хӯрандаи гӯштро пок созад. Лозан кашанда буда, моддаи аз барои мӯй созгорро [ба барсӯ] бикашад, лекин он калии навоғоз, рехтани мӯй ва пароканда шудани онро судманд буда, ба андозае қодир нест, ки «бемории рӯбоҳ»-ро шифо бахшад, зеро моддаи «бемории рӯбоҳ» бо қувваи беш аз қувваи ҳалкунандагии лозан ва бо қувваи қабз кардани латифтару зудояндатар аз қувваи он метавонад ҳал шавад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Андар Қотоҷонис [чунин омадааст], ки лозан [решҳои] ба душворӣ фароҳамояндаро фароҳам орад.
Андомҳои сар: Лозанро бо равғани гул андар гӯши дарднок бичаконанд. Вай андар таркиби илоҷи сардард ва дарди дилзананда бидарояд.
Андомҳои нафаскашӣ: Лозан аз сурфа судманд аст.
Андомҳои ронанда: Агар онро андар фарзаҷа ба зер баргиранд, омосҳои раҳмро ҳал кунад ва агар онро андар кулоҳак дуд биандозанд, ҷанини мурда ва ёракро берун орад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо