Қонуни тиб

Вай барои меъда бад аст ва шояд ин ба сабаби сахт сӯзанда будани он бувад. Сипандон иштиҳои таом оварад. Агар аз он ба андозаи як уксубофун биошоманд, сафроро ҳам қай ва ҳам исҳол оварад. Инро фақат аз чаҳор се ҳиссаи як дирам ба амал оварад.
Андомҳои ронанда: Боҳро биафзояд, кирмҳоро ба исҳол берун кунад, хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро биафтонад. Бирёни он ва хусусан агар носуда бошад, зеро часпакии он бо судан биравад, табиат бибандад. Сипандон аз қулинҷ судманд аст ва агар чаҳор ва ё панҷ дирамсанг аз судаи онро бо оби гарм биошоманд, табиатро бикушояд ва бодҳои рӯдагонро ҳал бикунад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар аз навъи бобулии он як уксубофун биошоманд, сафроро ба исҳол ва қай берун оварад. Чунин корро миқдори то се чаҳоряки як дирами он ба амал оварад.
Заҳрҳо: Ошомидан ва зимод кардани он бо ангубин аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст ва агар онро дуд биандозанд, онҳоро биронад.
246. ҲОШО1 – ҲОШО
Thymus capitatus Lk. et Hoffm.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки онро аксар мардум бидонанд. Он дарахти хорнок ва ба андозае хурд аст, ки аз шохаҳои он аз тариқи бар онҳо пунба печондан қандилҳо сохтан битавон. Гирдогирди шохаҳои онро (315) баргҳои хурди тунук гирифтаанд ва бар охирҳои онҳо чатрҳои хурдеанд, ки бар фарози онҳо гулҳои арғавонӣ нишастаанд. Ҳошо аксар вақт андар ҷойҳои харсангӣ ва баланд бирӯяд. Он гули сафеди моил ба сурхӣ ва шохаҳои борике дорад, ки ба шохаҳои гӯргиёҳ монанданд. Гулҳои он гирд буванд».
Табъ: Гарму хушки моил ба дараҷаи севвум аст. Руфус гуфтааст, ки он аз пудина хушктар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳалкунанда ва буранда буда, ҳатто хуни бастаро [бибурад] ва гармкунанда буда, агар ошомида шавад, ҳатто фарошои зимистонро бигардонад.
Оростагӣ: Озахҳоро бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро бо сирко бар омосҳои балғамии нав падидомада зимод кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро барои нотавонии асаб биошоманд, бо пист ва шароб бар қавин зимод кунанд ва шароби он аз дардҳое, ки андар зери сари устухони паҳлуҳо падид оянд, судманд бувад.
Андомҳои чашм: Онро чун бо таом биомезанд, қувваи биноиро нигоҳ дорад ва сустии онро бибарад. Ин чизест, ки Дисқуридус бад-он шаҳодат додааст.
Андомҳои сина: Оби ҷӯшонидаи он ва ё лесидани он бо ангубин сина ва шушро пок кунад, бар [хилт] партофтан ёрӣ диҳад, дардҳои сари устухони паҳлуҳоро фурӯ нишонад ва ба иллати хушкиоварии хеш хунпартоиро боз дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳошо бар гувориш ёрӣ диҳад ва шароби он бадгуворӣ ва камиштиҳоиро сахт бибарад.
Андомҳои ронанда: Пешоб ва хуни ҳайзро битозонад, кирмҳоро ба исҳол орад ва агар аз як то чаҳор дирамсанги онро биошоманд, балғамро бе ҳеҷ газанде ба қадри кофӣ ва судманд ба исҳол берун орад.
- ҲАСАК1 – ХАСАК, ХОРИ ХАСАК, муғелон, ШИКУҲАНҶ Tribulus terrestris L.; Trapa natans L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Хасак ду навъ аст.
Яке аз онҳоро барг шабеҳ ба барги хурфа, вале тунуктар аз он аст. Он дорои шохаҳои гирдашакли бар рӯи замин паҳншуда аст. Ба наздики барги он хори часпаки сахт ҷой дорад. Он андар вайронаҳо бирӯяд.
Хасаки обӣ2, ки аз ҷумлаи хасак ва намуди дуввуми он аст, андар ҷойҳои сероб ва рӯдҳо3 бирӯяд. Шохаҳои он аз замин баланданд ва баргаш паҳнтар аз хораш буда, ҳатто ба қадрест, ки бо паҳноии хеш онро бипӯшонад ва пинҳон дорад. Тарафи барсӯвини соқи он аз тарафи фурӯсӯвини он ситабртар аст ва бар он чизе растааст, ки ба қадри мӯй борик ва шабеҳи суки хӯшаи [гандум] бувад. Самари ин [хасак] сахт ва чун самари синфи дигари он аст. Ҳар ду синфи хасак сардӣ оваранд. Мардумоне, ки бар канори рӯди Стримун4 зиндагӣ кунанд, ҳангоми тар будани ин гиёҳ чаҳорпоёни худро аз он ғизо бидиҳанд ва аз самари он нон бисозанд, зеро он ширини ғизобахш аст ва онро бихӯранд».
Умуман, даштии онро бахши хокӣ бештар аст ва бӯстонии онро бахши обӣ, зеро хасак аз гавҳари таре иборат аст, ки сардияш чандон зиёд нест ва аз гавҳари хушке иборат аст, ки сардии он чандон кам нест.
Табъ: Ҳар ду намуди хасак ба наздики Дисқуридус сарди хушканд. Дигарон гуфтаанд, ки он андар аввали дараҷаи аввал гарм ва андар ҳамин дараҷа хушк аст. Ин бештар ба табъи хори хасаки шаҳрҳои мо монандӣ дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хасак ба иллати гирандагии хеш рехтани моддаҳоро боз дорад ва дорои нармкунандагию пазонандагист.
Омосҳо ва табишҳо: Хори хасак падид омадани омосҳои гарм ва рехтани моддаҳоро боз дорад. Он аз барои омосҳои гулӯ хуб аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хори хасак бо ангубин аз решҳои гандидаи гӯшт судманд аст.
Андомҳои сар: Аз барои решҳои гандидаи вораҳо хуб аст.
Андомҳои чашм: Оби фишурдаи он андар зимни доруҳои чашм судбахш аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Хори хасак аз омосҳои гирди мушакҳои гулӯро бигрифта судманд аст.
Андомҳои ронанда: Хори хасак боҳро биафзояд ва санги гурда ва обгаҳро хурд созад. Фишурдаи он низ чунин бувад. Он аз барои ба душворӣ омадани пешоб ва кулинҷ нофеъ аст.
Заҳрҳо: Ду дирамсанг аз самари даштии он аз барои моргазида ва ду дирамсанг5 аз он бо шароб аз барои заҳрҳои кушанда [судманд аст]. Оби ҷӯшонидаи онро андар манзил бипошанд ва он кайкҳоро бикушад. - ҲАРМАЛ1 – ИСПАНД
Peganum harmala L.
Моҳият: Ин маъруф аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Испанд буранда ва латифсозанда бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дарди пайвандгоҳҳо хуб аст ва гоҳе онро тило кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо