Қонуни тиб

Оростагӣ: Ҳиноро агар бо оби кундуша бар мӯй биолоянд, онро сурх кунад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳино ҳал кунад, қабз кунад, бидуни газанде хушкӣ оварад, бодҳоро ҳал ва пароканда кунад ва даҳонаҳои рагҳоро бикушояд. Равғани он дорои қувваи гармкунанда аст ва сахт нармкунанда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Ҷӯшонидаи он ба сабаби хушкифизоии хеш аз омосҳои гарм ва балғамӣ судманд аст ва омосҳои сари биниро2 [суд бахшад].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷӯшонидаи он ба тариқи пухтаковрезӣ аз барои оташсӯхта судманд аст. Гуфтаанд, ки он андар ҷароҳатҳо кори хуни сиёвушон бикунад. Ҳиноро танҳо ва [ё] бо мумравған бар устухонҳои шикаста биниҳанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҳино3 аз барои дардҳои асаб судманд буда, андар таркиби марҳамҳои фалаҷ ва азҳамкашидагӣ бидарояд. Равғани он мондагиро бибарад, асабҳоро нарм кунад ва аз шикастагии устухонҳо суд бахшад.
Андомҳои сар: Ҳиноро бо сирко аз барои сардард бар пешонӣ тило кунанд. Ҳамчунин низ аз решҳои даҳон ва қулоъ нофеъ бошад.
Андомҳои сина: Ҳино аз барои шавса мувофиқ аст ва андар таркиби марҳамҳои хуноқ бидарояд.
Андомҳои ронанда: Ҳино барои дардҳои раҳм созгор аст.
244. ҲАМОМО – ҲАМОМО
Vitis repanda Wight.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахтест, ки чун хӯшаи чӯбҳои баҳам печида бувад. Он дорои баргҳои бузургу паҳн ва шабеҳи баргҳои ҳазоргашон аст ва дорои шукуфаи хурдест, ки ба ранг шабеҳи содаи ҳиндӣ ва заргун аст. Ранги чӯби ҳамомо мисли ёқут ва худ хушбӯй аст. Як синф аз ҳамомо андар ҷойҳои рутубатнок бирӯяд.
Ин ҳарчанд ки бузург аст, ба қувват заифтар аст. Рангаш ба сабзӣ бизанад, ҳангоми даст расондан эҳсоси нармӣ бидиҳад, чӯбаш чун устухонрезаҳо бошад ва андар бӯяш андаке шабоҳат ба бӯи судоб аст. Синфи дигаре аз он на дароз, на паҳн ва на душворшикан аст. Ранги он ба ранги ёқут бигарояд, шаклаш чун хӯшаи ангур, худ пур аз самар ва бӯяш тез бувад.
Ихтиёр: Беҳтарин ҳамомо навъи якумӣ аст, ки он заргун, тоза, арманӣ, талх ва хушбӯй бувад. Навъи дуввум, ки сабзчӯб аст, бад буда, камбӯй аст ва андар ҷойҳои намнок бирӯяд. Беҳтарини навъи севвум тозаи моил ба сафедӣ ва сурхӣ буда зич, суфта, ҳамвори бидуни печидагӣ, пурра, газанда ва тез бошад. (314) Аз резонаки он бояд ҳазар кард ва онеро бояд интихоб кард, ки шохаҳояш аз як бех раста бошанд, то ки мағшуш набошад. Дисқуридус гуфтааст, ки беҳтарини ҳамомо сафед ва ё [сафеди] моил ба сурхӣ, пурдон, чун хӯшаҳои ангур, гаронбӯй, вале начандон зиёд, якранг, на гуногунранг, забонзананда ва кара накарда бошад. Гоҳе мардум ҳамоморо бо доруе мағшуш созанд, ки онро «амумис»1 хонанд, зеро он шабеҳи ҳамомост, вале бебӯю бесамар. Он андар Арманистон бирӯяд ва гулаш ба гули пудинаи кӯҳӣ монанд аст.
Агар ин ва амсоли инро санҷидан бихоҳӣ, аз реза-резаи2 он ҳазар бикун3.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамомо тунук кунад, бипазонад, дорои қабз кардан бошад ва қувваташ чун қуввати ваҷ бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои гармро бипазонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҷӯшонидаи онро аз барои ниқрис биошоманд ва низ аз барои ин ғараз андар он бинишинанд.
Андомҳои сар: Сарро гаронӣ, сардард ва хоб оварад.
Баъзе [пизишкон] гуфтаанд, ки агар онро бар пешонӣ тило кунанд, сардардро бибарад. Ҳамомо аз ҷумлаи чизҳои масткунанда ва хобоваранда аст.
Андомҳои чашм: Ҷӯшонидаи онро бар рамади гарм бирезанд.
Андомҳои сина: Аз шавсаи сард судманд бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигарро бикушояд.
Ҷӯшонидаи онро аз барои иллатҳои ҷигар биошоманд.
Он назар ба ваҷ бештар гуворида бигардад.
Андомҳои ронанда: Пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва аз дардҳои заҳдон суд бахшад. [Низ] решҳои раҳмро нофеъ аст4. Андар оби ҷӯшонидаи он аз барои дарди гурда бинишинанд. Онро аз барои дардҳои раҳм биошоманд. Ҳамомо аз барои омосҳои андомҳои андарунӣ судманд аст.
Заҳрҳо: Ҳамоморо агар бо бодруҷ бар каждумгазида зимод кунанд, суд бахшад.
245. ҲУРФ – СИПАНДОН, ТАРАТЕЗАК
Lepidium sativum L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Беҳтарин растании сипандоне, ки мо дидаем, ба замини Бобул бирӯяд». Қуввати он ба қуввати якҷояи хардал ва тухми турб ва ба қавле ба [қуввати] якҷояи хардал ва тухми индов баробар аст. Барги он ба иллати рутубат доштанаш андар феълҳо аз [тухмаш] пасттар бувад, вале чун хушк бигардад, бадон наздикӣ пайдо карда, қариб ба дараҷаи он бирасад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Баробари нарм кардан гармкунанда, ҳалкунанда ва пазонанда буда, рими гарро бикашад.
Оростагӣ: Ошомидан ва тило кардани он рехтани мӯйро нигоҳ дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз барои омоси балғамӣ хуб аст ва бо об ва намак бар думмалҳо зимод кардани он [низ чунин бувад].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сипандон аз гари решшуда ва парюнҳо ва бо ангубин аз барои [реши] шаҳдӣ судманд аст ва шушаи «оташи форсӣ»-ро барканад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидан ва зимод кардани он бо сирко ва писти ҷав аз қавин суд бахшад. Гоҳе бо он аз барои қавин ҳуқнарезӣ кунанд ва ин хусусан агар чизеро омехта бо хун ба исҳол оварад, судманд бошад. Сипандон аз барои сустии ҳамаи асабҳо фоиданок аст.
Андомҳои сина: Шушро пок кунад, аз дамкӯтоҳӣ суд бахшад ва ба иллати бурандаю латифифизо будан андар таркиби доруҳои дамкӯтоҳӣ ва андар ошомҳое бидарояд, ки барои дамкӯтоҳӣ омода кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Сипандон меъда ва ҷигарро гарм бигардонад ва хусусан агар онро бо ангубин зимод кунанд, сахтии испурчро судманд бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо