Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ЗАВОН1 – ЗАВОН
    Olyra
    Моҳият: Ман гӯям: «Завон» исмест, ки мардум онро бар ду чиз итлоқ кунанд: Яке донае бошад шабеҳи гандум ва мардум аз он нон бисозанд ва гӯянд, ки «завон»
    ин «каниб»2 аст. Дигарон бо ин ном чизи масткунандаи бадеро хонанд, ки андар ғаллаҳо воқеъ шавад ва гуфтор андар баёни он ғайри он чизест, ки мо ёд карда истодаем.

Ихтиёр: Беҳтарини он сабуквазни3 на ковоку на резонак бувад, балки ба ҳангоми хоидан часпак буда, рангаш ба сурхӣ бизанад ва андаке тундӣ дошта бошад.
Фулус гуфтааст, ки қуввати он андар гармию сардӣ қариб ба қуввати гандум баробар аст. Он хушконандаи часпакиоваранда аст.
Ин аст поёни гуфтор андар баёни ҳарфи «зо» ва он аз бисту ҳафт намуди дору иборат аст.

Фасли ҳаштум

гуфтор андар баёни ҳарфи «ҳо» /ح/

  1. ҲУЗАЗ1 – ҲУЗАЗ
    Succus Lycii (Lycium afrum L.) Моҳият: Занни ғолиб ин аст, ки ҳузази ҳиндӣ фишурдаи филзаҳра аст. Гоҳе онро чунон мағшуш созанд, ки ҳатто бар кордонон ҳам рост бинамояд. Яъне фишурдаи зиришкро гирифта, андар об то ба ҳадди бастан биҷӯшонанд. Қувваи он ба гавҳари оташии латиф ва хокии сард наздик аст. Аммо ҳузази маккӣ чизи сохташуда аст. Дисқуридус гуфтааст: «Ҳузазро аз дарахти хордоре бигиранд, ки шохаҳои он се ва ё беш аз се газ дарозӣ доранд. Он дорои самарест, ки шабеҳи мурч буда, ба гавҳар рехтаю ҳамвор аст ва пӯсташ зард бувад. Ин дарахт бехҳои зиёд дорад ва андар ҷойҳои душворгузар бирӯяд. Шираи ҳузазро гоҳе бад-ин гуна бигиранд, ки барги онро, чунонки ҳаст, бо навдаҳояш бикӯбанд ва ё рӯзгоре чанд андар об тар кунанд, сипас [оби онро] як бор ҷӯшонида, аз ҷӯшонидан боз доранд ва бори дуввум бар оташ ниҳода, то сахт шудан [биҷӯшонанд]. Гоҳе онро ҳангоми ҷӯшонидан бо дурди равғани зайтун, ё бо шираи афсинтин ва ё бо талхаи гов мағшуш созанд. Гоҳе ҳузазро аз фишурдаи самари дарахти ҳузаз аз тариқи офтоб додану фишурдан бигиранд. Ҳузази хуб онест, ки андар оташ аланга бигирад ва чун хомӯшаш кунанд, бар он кафке падид ояд, ки ранги он ба ранги дохили ҳузаз шабоҳат дошта бошад».
    Ихтиёр: Ҳузази ҳиндӣ андар кори мӯй ва қавӣ гардонидани он аз маккӣ ва маккӣ андар [илоҷи] омосҳо [аз ҳиндӣ] қавитар аст.
    Табъ: Андар гармию сардӣ муътадил ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳузази ҳиндӣ ҳалкунанда ва андаке гиранда аст ва ҳар гуна хунравиро судманд бувад.
    Ҳал кардани он беш аз гирандагияш буда, андар дараҷаи дуввум аст. (313) Гирандагияш низ камтар аз хушк карданаш аст. Он дорои қувваи латиф бувад.
    Оростагӣ: Мӯйро сурх кунад ва хусусан ҳузази ҳиндӣ онро қавӣ созад ва доғи кунҷидаро беҳ кунад. Ҳар гуна ҳузаз аз нохунхора судманд аст.
    Омосҳо ва табишҳо: Аз омосҳои ковок ва намла суд дорад.

Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҳузаз решҳои палидро нофеъ бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҳузаз ин андомҳоро мустаҳкам кунад.
Андомҳои сар: Ҳузази ҳиндӣ сайлони хунобаро аз гӯш ва решҳои онро судманд аст ва ҳангоми қулоъ чун онро ба ком гузоранд, беҳ кунад. Вай аз барои решҳои буни дандон ва бемориҳои он сахт нофеъ аст.
Андомҳои чашм: Аз рамад судманд аст, қарнияи чашмро бизудояд, пардаи онро бибарад ва гари чашмро беҳ кунад.
Андомҳои сина: Ҳузази ҳиндиро аз барои хун партофтан ва сурфа бидиҳанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳузази ҳиндиро чун биошоманд, аз ярақони сиёҳ ва [бемории] испурч суд бахшад ва тило кардани он низ чунин бувад. Дарахти2 он низ чунин кор кунад ва исҳоли меъдавиро судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Ҳузаз аз кафидагиҳои мақъад суд дорад. Онро аз барои исҳоли деррав, исҳоле, ки аз нотавонии меъда хезад ва [аз барои] зусанториё биошоманд ва ба зер баргиранд. Он хуни ҳайзро битозонад. Меваи тозаи он балғами обиро ба исҳол берун орад, решҳои шарми пасро суд бахшад, хунравии занонро манъ кунад ва аз бавосир судманд бувад.
Заҳрҳо: Меваи он аз заҳрҳои қаттол нофеъ аст. Ҳузази ҳиндиро аз барои газидагии саги девона бидиҳанд.
Ҷойнишинҳо: Ба қадри як чанди он филзаҳра ва [ё] як чанди он маҷмӯи фуфил ва сандал, ки аз ҳар ду баробар гирифта бошанд, ҷои ҳузаз бигиранд.
243. ҲИННО – ҲИНО
Lawsonia inermis L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ҳино дарахтест, ки баргҳояш бар фарози шохаҳояш ва шабеҳ ба барги зайтунанд, вале паҳнтару нармтар ва сахт сабз буванд. Он дорои гули сафедест, ки ушнаро монад ва хушбӯй аст.
Тухми он сиёҳ ва шабеҳ ба тухми растаниест, ки «ақти»1 хонанд. Ҳиноро гоҳе аз кишварҳои гарм биоваранд».
Табъ: Ҳино андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ