Қонуни тиб

Навъе аз онро «зарованди гирд» гӯянд, ки он мода аст. Ин навъ дорои баргест, чун барги қиссус бувад. Он хушбӯи тезмаза буда, моил ба гирдашаклист, нарм ва дорои шохаҳои зиёди аз як бех раста, шохчаҳои дароз ва гули сафеди кулоҳмонанд аст. Аммо он чи ки андаруни гул аст, сурх буда, бадбӯй аст. Навъе аз он зарованди дароз аст, ки онро «зарованди нар»
ва «дақтулитус»2 хонанд. Он дорои баргест, ки дарозтар аз барги зарованди гирд бошад ва шохаҳои борик дошта, дарозии ҳар кадом ба андозаи як ваҷаб бувад. Гули он арғавонии бадбӯй ва шабеҳ ба шукуфаи амруд аст.
Бехи зарованди гирд ба сабаби шукуфаҳои хеш монанди шалғам аст. Бехи зарованди дарозро дарозӣ як ваҷаб ва ситабрӣ ба андозаи ангушт аст. [Бехи] ҳар ду навъ риштамонанд буда, таъмашон талхи нохуш аст. Навъе аз зарованд зарованди хушбӯй аст, ки шохаҳои борик дошта, бар онҳо баргҳои бисёри гирдашакл рӯидаанд ва ба барги навъи хурди [растание], ки «ҳамешабаҳор» ном дорад3, монандӣ доранд. Гули он шабеҳи гули судоб аст.
Бехи он бениҳоят дарози борик, ситабрпӯст ва хушбӯй буда, атторон онро ба ҳангоми парвардани равғанҳо ба кор бибаранд. Дигарон чунин тасдиқ кунанд, ки зарованди дароз ба навъи ток монандӣ дорад. Зарованди гирдро «зарованди мода» хонанд ва он низ аз ҷумлаи зарованди дароз аст. Зарованди гирд зарованди мода буда, баргаш ба барги растание монанд аст, ки «қиссус»4 ном дорад ва он як намуди печак бувад. Ин зарованд хушбӯй, тез ва гирдашакл аст.
Табъ: Ҳамаи синфҳои зарованд андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушканд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Зарованд зудоянда, латифкунанда, кушоянда, тунуккунанда ва кашанда буда, хору пайконро кашида берун кунад. Зарованди дароз аз барои рӯёнидани гӯшт ва барои решҳо беҳтар аст аз баҳри он ки вай бехи аз ҳама зудоянда ва гармкунанда аст. Андар дигар корҳо зарованди гирд [беҳтар аст], аз баҳри он ки вай бештар кушоянда ва латифкунанда бувад. Қувваи зарованди дароз андар гармкунӣ мисли қувваи зарованди гирд аст, балки мумкин аст аз он ҳам бештар бошад.
Вале андар латифӣ чунин нест, чунки гирд латифтар бувад ва бад-ин сабаб дардҳои бодҳоро бештар оромкунанда аст. Навъи севвум5 аз ҳамаи заровандҳо камқувваттар бувад.
Оростагӣ: Зарованд аз баҳак суд дорад, дандонҳоро бизудояд ва хусусан гирди он аз чирки дандонҳо нофеъ аст ва рангро сафо бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Зарованд решҳои чиркноку палид ва пӯстбозшавиро пок кунад ва хусусан зарованди дароз гӯшт бирӯёнад ва палидии решҳои уфунатовари амиқро боз дорад. Агар бо бехи савсани осмонгунӣ омехта бошад, решҳоро гӯшт пур кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зарованд ва хусусан гирди он аз канда шудани мушакҳо судманд аст. Он тилои ниқрис бувад ва аз барои сустии мушакҳо суд дорад.
Онро худовандони ниқрис низ биошоманд ва суд ёбанд.
Андомҳои сар: Заровандро агар бо ангубин андар гӯш бикунанд, чиркҳои онро пок кунад, шунавоиро қавӣ созад ва хунобаеро, ки андар он падид ояд, боз дорад. Агар
онро бо мурч ба кор баранд, фазлаҳои мағзро пок кунад.
Зарованд аз саръ судманд аст ва вораро мустаҳкам кунад.
Андомҳои сина: Зарованд ва хусусан гирди он дамкӯтаҳиро хуб аст ва синаро пок кунад. Агар онро бо об биошоманд, дарди паҳлуро суд бахшад. Навъи гирдашакли он андар ҳамаи ин [корҳо] қавитар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Зарованд аз ҳукак хуб аст ва бо сикангубин аз барои испурч низ хуб бошад. Онро гоҳе бо сирко бар испурч тило кунанд ва низ сахт суд бахшад.
Навъи гирди он андар ҳамаи ин корҳо қавитар аст.
Андомҳои ронанда: Агар (312) аз зарованд як драхмӣ гирифта, бисованд ва биошоманд, хилтҳои балғамӣ ва зардаро ба исҳол берун кунад ва мақъадро судманд бошад. Агар зарованди дароз ва ё гирдаро бо мурр ва мурч биошоманд, фазлаҳои заҳдони занони андар нифосбударо пок кунад, хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро берун оварад.
Табҳо: Аз табҳои ларзонанда судманд аст.
Заҳрҳо: Зарованд ва хусусан дарози он аз каждумгазида суд дорад. Гуфтаанд, ки агар зарованди дарозро ба андозаи ду дирамсанг бо шароб биошоманд ва ё зимод кунанд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва заҳрҳо нофеъ бошад.
Ҷойнишинҳо: Ба миқдори як баробар аз зурунбод, сеяки якчанд аз басбоса ва ними як чанд аз қуст ҷои зарованди гирд бигиранд. Як баробар зурунбод ва ним баробар мурч ҷои зарованди дарозро бигиранд.
238. ЗАММОРАТУ-Р-РОЪӢ – «НАИ ЧӮПОН»,
ЗУФИ ОБӢ
Alisma plantago-aquatica L.
Табъ: Эҳтимол андар аввали дараҷаи дуввум гарми хушк бошад.
Хосиятҳо: Гӯянд, ки он бодгирифтагиро ҳал кунад.
Андомҳои ронанда: Ҷолинус чунин санҷидааст, ки пухтаи он санги гурдаро хурд кунад. Гурӯҳе гуфтаанд, ки он аз решҳои рӯдагон, печиши ноф ва дардҳои раҳм суд дорад, пешобу хуни ҳайзро битозонад ва аз фатқҳо судманд бошад.
Заҳрҳо: Ошомидани як ва ё ду мисқоли он аз ошомидани [заҳри] харгӯши дарёӣ, афюн ва ғайра суд дорад.
239. ЗАБИБ – МАВИЗ
Uva passa
Инро андар фасли ҳарфи «айн» ҳангоми зикри «инаб»
ёд карда шавад1.
240. ЗАҲРА1 – «ГУЛАК»
Anthyllis cretica Willd.
Моҳият: Ин растаниест, ки як навъи онро барг наскишакл, шохҳо рост ва ба миқдори як ваҷаб дароз аст. Вай борикбехи камбарг буда, андар заминҳои шӯраи офтобӣ бирӯяд ва шӯртаъм бувад. Навъи дигар мисли камофитус буда, хушрангтару арғавонист.
Решҳо: Решҳоро фароҳам оварад.
Андомҳои сар: Фазлаҳоро латиф бигардонад ва агар навъи дуввумро бо сикангубин биошоманд, ҳатто саръро суд бахшад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо