Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Равғани куҳани зайтун андар зимодҳо қуввати равғани беданҷир, равғани турб ва равғани сиёҳдонаро дорад, лекин инҳо аз он гармтар буванд ва андар таъсир бад-он наздикӣ доранд. Агар шохаҳову баргҳои зайтунро сӯхтан бихоҳанд, боистӣ бо ангубин онҳоро биолоянд.
Ихтиёр: Беҳтарин равғани зайтун барои тандурустон равғани зайтуни норасида аст. Беҳтарин самғи зайтуни даштӣ онест, ки забонро бисӯзонад ва агар забонро насӯзонад, бефоида аст.
Табъ: Равғани зайтуни норасида андар дараҷаи якум сарди хушк аст ва Руфус гӯяд, ки он дорои рутубат аст.
Равғани зайтуни расида гарми ба иътидол ва моил ба тарист ва агар онро бишӯянд, андар тарию хушкӣ муътадил ва андаке гарм бигардад. Умуман, зайтуни пухта гарм ва равғанаш моил ба тарист ва зайтуни норасида ба таври миёна сард бувад. Чӯб ва барги [зайтун] ҳар ду сарданд.
Агар равғани зайтуни норасидаро дер нигоҳ доранд, андар табъ чун равғани зайтуни ширин бигардад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи гунаҳои равғани зайтун танро қавӣ бигардонад, ҳаракатро битезонад ва сафо бахшад. Равғани зайтуни даштиро андар зарфи мисин то баста шудан биҷӯшонанд ва андар қувват ба ҳузаз наздик бигардад. Оби зайтуни андар намак хобонда андар пок кардан аз намакоб қавитар аст. [Беҳтарин равғани зайтун барои тандурустон равғани зайтуни норасида аст]3. Тезии равғани куҳани зайтун то ба дараҷаи сӯзонидан нахоҳад расид. Зайтун аз ҷумлаи чизҳоест, ки андаке ғизо бидиҳанд.
Оростагӣ: Барги зайтуни даштӣ барои нохунхора хуб аст ва агар онро [бар андом] бимоланд, арақ кардан нагузорад. Равғани зайтуни даштӣ андар бисёре аз хосиятҳо чун равғани гул аст. Агар онро ҳар рӯз ба кор бибаранд, мӯйро нигоҳ дорад ва зуд сафед шудан нагузорад.
Омосҳо ва табишҳо: Зайтуни даштӣ барои сурхбод, намла, махмалак ва омосҳои гарм [хуб буда], онҳоро ҳал бикунад. Рутубате, ки ҳангоми сӯхтан аз ҳезуми зайтун битаровад, барои гар ва парюн [ба кор бибаранд]. Дурди равғани зайтун хусусан бо барги он доруи омосҳои гарми ғуддаҳост.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Равғани зайтуни даштӣ, ки норасида кашида бошанд, решҳои тару хушк ва гарро нофеъ аст. Барги зайтуни даштӣ аз барои сурхбод, [решҳои] хазанда, палид ва чиркнок ва аз барои намла ва махмалак [судманд] аст. Агар дурди равғани зайтунро бо хомолован4 биомезанд ва хусусан агар онро бо таркардаи боқилии мисрӣ ба кор бибаранд, гар ва ҳатто гари чаҳорпоёнро беҳ кунад. Агар оби зайтуни андар об ва намак парвардаро бар оташсӯхта зимод кунанд, сӯхтагӣ обила нахоҳад кард. Вай решҳои чиркнокро пок бикунад. Самғи зайтуни даштӣ гари решшуда ва парюнҳоро судманд аст ва андар таркиби марҳамҳои ҷароҳатҳо бидарояд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо оби зайтуни андар намак хобонда барои қавин ҳуқнарезӣ кунанд. Равғани зайтуни шусташуда аз барои дардҳои асабҳо ва қавин созгор аст.
Равғани куҳани зайтунро агар тило кунанд, касони ба ниқрис гирифторро суд бахшад.

Андомҳои сар: Барги зайтунро бо ғӯраоб то мисли ангубин гардидан биҷӯшонанд ва чун бар дандонҳои кирмхӯрда тило кунанад, онҳоро биафтонад. Равғани зайтуни даштӣ андар суд бахшидан аз сардард чун равғани гул бувад. Оби фишурдаи зайтуни даштиро хушк сохта, қурс созанд ва барои илоҷи сайлони гӯш нигоҳ доранд.
Равғани зайтуни даштиро агар мазмаза кунанд, вораҳои хунравро суд бахшад ва дандонҳои ҷунбандаро мустаҳкам кунад. Агар андаруни дандонҳои кирмхӯрдаро бо самғи зайтуни даштӣ пур кунанд, [судманд бошад]. Чакондани равғани зайтуни [андар он] каждум [афканда] беҳтарини доруҳо барои дарди гӯш аст. Барги зайтун аз барои қулоъ хуб аст.
Андомҳои чашм: Равғани куҳани зайтунро аз барои торикии чашм бикашанд. Дурди он андар таркиби доруҳои чашм бидарояд. Барги сӯхтаи он барои чашм ҷои тӯтиё бигирад. Самғи зайтунро барои парда, сафедӣ ва ситабрии қарния ва оби фишурдаи барги онро аз барои барҷастагии чашм, решҳои қарния ва назлаҳо [ба кор бибаранд]. Зайтуни бӯстонӣ барои чашм беш аз даштӣ созгор аст. Самғи он низ чашмро бизудояд, чирки решҳои онро суд бахшад ва обу сафедии онро бизудояд.
Андомҳои сина: Зайтуни сиёҳ бо донааш аз ҷумлаи доруҳоест, ки барои дамкӯтоҳӣ ва бемориҳои шуш бахур кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Дурди равғани зайтунро бар шиками каси ба истисқо гирифтор зимод кунанд. Зайтун ба ҳоли хеш сахтгувор аст ва зайтуни намакин аз сабаби ситабрии хеш иштиҳоро бедор кунад, меъдаро қувват бахшад ва кимуси қабзкунанда бизояд. Зайтуни андар сирко хобонда беш аз ҳама ва зудтар гуворида гардад. Равғани зайтуни норасида аз барои меъда хуб аст.
Андомҳои ронанда: Зайтунро чун бо обкома пеш аз таом бихӯранд, табиатро нарм кунад. Агар нуҳ (311) уқия зайтунро бо оби гарм ва ё бо оби ҷав ба кор баранд, исҳол оварад. Онро аз барои печиши ноф ва кирмҳо бо судоб биҷӯшонанд. Вай аз қулинҷи омосӣ суд бахшад ва бо он барои қулинҷи бирозӣ ҳуқнарезӣ кунанд. Оби фишурдаи онро аз барои сайлони раҳм ва хунравии он ба зер баргиранд. Онро бо орди ҷав аз барои исҳоли деррав зимод кунанд. Қиёми равғани куҳани зайтун бо ғӯраобро агар ҳуқнарезӣ кунанд, решҳои андарунии мақъад ва раҳмро низ судманд бошад. Самғи зайтун пешоб ва ҳайзро битозонад ва ҷанинро берун орад.
Заҳрҳо: Бо равғани зайтун ва оби гарм қай оваранд ва он қуввати заҳрҳоро бишканад. Самғи зайтуни даштӣ, чунонки гуфтаанд, аз ҷумлаи доруҳои кушанда ба шумор биравад.
236. ЗАРДВОР1 – ЗАРДВОР
Моҳият: Ба гумонам ин «ҷадвор» аст2.
237. ЗАРОВАНД – ЗАРОВАНД
Aristolochia longa L. et A. rotunda L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки ин исм1 аз «аристун», ки маънояш «беҳтарин» аст ва аз «лухус», ки маънояш «зани андар нифосбуда» аст, таркиб ёфтааст. Мурод аз маҷмӯи он «беҳтарин дору андар манфаат барои занони зоча» гуфтан бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ