Қонуни тиб

Феълҳо ва хосиятҳо: Саргини буз ва хусусан бузи кӯҳиро ҳангоми ҳар гуна сайлони хун ба кор бибаранд.
Саргини харро [низ] сӯхта ва ё носӯхта бар ҳар гуна сайлони хун биниҳанд. Саргини кабӯтар яке аз василаҳои сурх гардонидани [андом] аст ва он бо орди ҷав ҳалкунанда бувад. Саргини сӯхтаи буз латифтар бигардад, вале гармтар нахоҳад шуд.
Оростагӣ: Саргини барраро бо сирко бар озахҳои «мӯрчагӣ», «мисморӣ» ва «тутӣ» биниҳанд. Саргини малахро барои доғи кунҷида ва баҳак ба кор баранд. Саргини соре, ки гуринҷ хӯрда бошад ва ҳамчунин саргини сусмор ва варал рангро хуб кунанд. Саргини буз ва хусусан бузи кӯҳиро сӯхта, бар «бемории рӯбоҳ» бигузоранд. Саргини муш ҳамчунин буда, [манфаати] азим дорад. Саргини кабӯтар яке аз доруҳои рангро беҳкунанда аст. Саргини сусмор доғи кунҷида бибарад ва ин санҷидашуда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Саргини говро бо сирко чун бар хуроҷҳои гарм биниҳанд, онҳоро сокин бикунад. Саргини буз ва саргини барраро бо сирко, мум ва равғани гул бар оташсӯхта [биниҳанд]. Саргини кабӯтарро бо ангубин ва зағир аз барои хушкрешии (309) «оташи форсӣ»
ва оташсӯхта [ба кор баранд]. Саргини бузро барои пӯстбозшавӣ ва саргини кабӯтар ва саргини оҳубараро аз барои парюн [ба кор баранд]. Саргини сори гуринҷхор низ чунин бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Саргини саг, ки ҳосили устухон бошад, бо ангубин барои решҳои куҳан судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Саргини говро бар қавин зимод кунанд. Саргини буз ва хусусан бузи кӯҳиро бо пиҳи хук бар ниқрис ва қавин [биниҳанд]. Саргини хушки хукро бо сирко аз барои сустии мушакҳо биошоманд ва бо мумравған бар печидагии асабҳо ва бар ҳамаи сахтиҳо биниҳанд. Саргини кабӯтарро бар дардҳои пайвандгоҳҳо [гузоранд]. Саргини буз ва хусусан омехтаи он бо сирко яке аз доруҳоест, ки барои сахтиҳои пайвандгоҳҳо ва омосҳои онҳо санҷидашуда аст ва ин яке аз санҷидаҳои Ҷолинус бувад. Бо орди ҷав низ чунин бошад ва он аз барои касе мувофиқтар аст, ки гӯшташ сахттару хушктар бошад.
Андомҳои сар: Саргини харро аз барои хуни бинии қавӣ бибӯёнанд ва ё чун оби онро андар бинӣ бифишоранд, хунро бибандад. Саргини кабӯтар аз саъфа судманд аст. Ҷолинус гуфтааст: «Ман саргини кабӯтари даштиро бо тухми сипандон ба ҳангоми сардарде, ки «хӯд» ном дорад, ба кор бурдам, суд бахшид». Саргини говро барои омосҳое [ба кор баранд], ки андар паси гӯш падид оянд.
Андомҳои чашм: Саргини варал, сусмор ва тимсоҳро барои сафедии чашм [ба кор баранд]. Саргини кабӯтар ва гунҷишкон аз барои сафедии чашм низ ҳамчунин бувад.
Саргини парасту андар ин кор бисёр аҷиб аст ва ман онро бо ангубин санҷидаам. Саргини муш аз барои реши қарния ва хунобае, ки андар зери қарния ҷамъ шуда бошад, санҷидашуда аст.
Андомҳои сина: Саргини хук бо об ва шароб аз барои хун партофтан ва дарди паҳлу [судманд] аст. Саргини саги устухонхорро аз барои хуноқ ба ком банданд. Саргини бачагонро низ чунин кунанд ва ҳатто ин кор гоҳе аз раг задан бениёз бигардонад, вале бачаро нону боқилии
мисрӣ бояд дод, то ки бӯи [саргин] камтар бошад. Саргини гов ба ҳангоми бемории сил ва монанди он яке аз бахурҳои шуш ба ҳисоб биравад.
Андомҳои ғизокашӣ: Саргини буз ва хусусан бузи кӯҳиро бо бархе аз дегафзорҳо аз барои ярақон биошоманд ва ин санҷидашуда аст. Агар онро ҳангоми истисқо зимод кунанд ва ё биошоманд, суд бахшад ва бояд зимод кардан ва тило намудани он андар офтоб бошад.
Андомҳои ронанда: Саргини барзаговро ба ҳангоми афтидани заҳдон бахур бикунанд. Саргини буз ва хусусан бузи кӯҳиро бо баъзе дегафзорҳо биошоманд, хуни ҳайзро битозонад, бача биафтонад ва сахтии испурчро ҳал кунад. Хушки онро суда, хусусан бо кундур аз барои хунравии раҳм ба зер баргиранд ва ин санҷидашуда бувад. Саргини мокиён аз барои қулинҷ [ба кор баранд].
Саргини гургро низ бо об, ё матбух ва ё ҷӯшонидаи дегафзорҳо барои қулинҷе бидиҳанд, ки аз омос набошад.
Хусусан [ҳамон саргини гурге хуб бошад], ки аз фарози хор, ё растании аз замин баланд гирифта бошанд ва он сафед буда, дорои устухон бошад. Ҳатто агар онро андар пӯсти гург, ё андар фатилае аз пашми гӯсфанди аз гург ҳаросида, ё андар пӯсти гавазн биовезанд ва ё чунон кунанд, ки Ҷолинус карда бошад ва онро андар зарфи симӣ гирифта, ба наздики тиҳигоҳ биовезанд, қулинҷро суд бахшад. Агар онро биошоманд ва ҳангоми ором будани [қулинҷ] ба кор бибаранд, ба шаҳодати Ҷолинус аз тариқи хушконидан қулинҷро тамоман манъ кунад ва ё то андозае боз дорад. Саргини мурғи мурдорхорро агар бахур кунанд, бачаро биафтонад. Саргини мушро бо кундур андар шароб [биошоманд], сангро хурд кунад. Онро ба зер баргиранд, шиками бачагонро бикушояд. Саргини кабӯтарро агар андар ҳуқна ба кор баранд, аз дарди қулинҷ судманд бошад. Саргини саги устухонхорро агар ҳуқнарезӣ кунанд ва ё андар шири бо оҳан ва ё сангча пухта биошоманд, аз исҳол ва решҳои рӯдагон нофеъ бошад. Саргини филро, чунонки гуфтаанд, агар ба зер баргиранд, аз обистан боз дорад.
Заҳрҳо: Саргини буз ва хусусан саргини бузи кӯҳии бо сирко ва шароб ҷӯшонидашударо аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор [ба кор бибаранд]. Балки он, ба шаҳодати Ҷолинус, аз газидагии афъиҳо [низ] судманд будааст. Саргини хушки хари ёбоӣ бо шароб аз барои газидагии каждум ниҳоят хуб аст. Саргини мокиён тарёки саморуғи хафакунанда аст [ва] ин санҷидашуда бувад.
Он [низ] хилти часпаки ситабрро аз тариқи партофтан берун андозад. Саргини буз дорои қувваи кашандаест, ки заҳри занбӯрҳоро бикашад. Саргини говро агар бахур кунанд, хусусан пашшаҳоро биронад.
235. ЗАЙТУН1 – ЗАЙТУН
Olea europaea L.
Моҳият: Ин дарахти бузургест, ки андар бархе кишварҳо ёфт шавад. Равғани зайтунро гоҳе аз зайтуни норасид ситонанд ва гоҳе аз расида. Равғани унфоқ2 равғанест, ки аз зайтуни норасида кашида бошанд. Гоҳе [равғани зайтунро] аз (310) зайтуни сурх бикашанд, ки он миёни норасида ва расида буда, таъсираш ҳам миёнаи [таъсири] ҳардуст. Равғани зайтун гоҳе аз зайтуни бӯстонист ва го ҳе аз зайтуни даштӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо