Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷароҳатҳо ва решҳо: Зангор решҳои хазандаро боз дорад, бо мумравған онҳоро фароҳам оварад ва решҳои чиркнокро пок кунад. Бо сақизи набатӣ ва натрун гари решшуда, песӣ ва баҳакро беҳ кунад.
Андомҳои сар: Зангори бо навшодир, замч ва сирко омодашударо агар суда, ба бинӣ бидаманд ва андар даҳон об бигиранд, то зангор ба гулӯ наравад, аз бӯи бади бинӣ ва решҳои бади андар он буда нафъ кунад. Зангори оҳан бо сирко вораҳоро сахт кунад ва аз он барои омосҳои вораҳо мумравған бисозанд. Зангори мис низ чунин бошад.
Андомҳои чашм: Аз ситабрӣ ва сахтии пилкҳо судманд аст ва чашмро бизудояд. Зангор андар таркиби доруҳои решҳои чашм бидарояд. Он сахт ашковар аст. Агар зангорро андар зимни доруҳои чашм ба кор баранд, беҳтар он аст, ки чашмро бо исфанҷи андар оби гарм оғушта гармибандӣ кунанд.
Андомҳои ронанда: Зангор андар таркиби доруҳои бавосир бидарояд. Аз он ва уша фатилаҳо сохта, андар бавосир бикунанд.
230. ЗАҲРАТУ-Н-НУҲОС – ШУКУФАИ МИС
Flos aeris
Феълҳо ва хосиятҳо: Шукуфаи мис гиранда, хӯранда ва сӯзонанда бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Он гӯшти зиёдатиро бихӯрад.
Андомҳои сар: Шукуфаи мис андар таркиби доруҳои решҳои гӯшро хушккунанда бидарояд. Агар сафеди онро суда, андар гӯш бидаманд, карии дерравро бибарад. Бо он якҷоя бо ангубин аз барои омосҳои гӯштҳои буни ком (нағониғ) ва забонча ком биолоянд.
Андомҳои ронанда: Чаҳор убулуси он хилти ситабр ва оби зардро ба исҳол берун кунад. Шукуфаи мис, чунонки гуфтаанд, андар таркиби доруҳое бидарояд, ки бавосир ва решҳои мақъадро хушк кунанд.
231. ЗУФАРО1 – ЗУФАРО
Echinophora Sibthorpiana Guss. seu Levisticum officinale Koch.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахтест ки андар кишвари Лиғуриё аксар андар кӯҳи Афонинус (кӯҳест андар ҷавори кишвари Миср) бирӯяд. Аҳли он ҷой зуфароро «фонокис»2, яъне говшир номанд, зеро бех ва соқи он (308) ба дарахти говшир монанд ва қувваташ чун қуввати он бувад. Зуфаро андар кӯҳҳои баланди ноҳамвори сердарахт, хусусан андар ҷойҳои намнок бирӯяд. Соқҳои он хурди борик ва шабеҳ ба соқи шибит буда, гиреҳдоранд. Бар онҳо баргҳоеанд, ки барги шоҳафсарро монанд, вале нармтар аз он ва хушбӯй буванд. Охири соқи он борик ва панҷазада буда, бар сари он афсаре ҷой дорад, ки дорои тухми сиёҳи дарунтиҳии дарозрӯя ва шабеҳ ба тухми розиёна буда, мазаи тезӣ дорад ва хушбӯй аст. Зуфаро дорои бехи сафеди шабеҳ ба бехи дарахти фонокис ва хушбӯй бувад». Гурӯҳе гуфтаанд, ки донаи ин дарахт ба донаи ангудон монанд аст ва онро «ҳазо»3 гӯянд. [Гоҳе] шабеҳ ба судоб буда, онро «динорӯя»4 хонанд.
Табъ: Гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дамишро ҳал кунад ва гармио

варанда бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Таомро бигуворад, дамиши меъда ва омосҳои балғамиро суд бахшад.
Андомҳои чашм: Тухм ва бехи он торикии чашмро судманданд ва чашмро бизудоянд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Зуфаро аз барои дардҳои гар ва хориш судманд аст.
Андомҳои ронанда: Бех ва тухми он андар хушконидани манӣ ба қувва шабеҳи судоб аст. Агар онро биошоманд, ҳайзро ва пешобро битозонад ва агар зан бехи онро ба зер баргирад, низ чунин кунад.
Заҳрҳо: Ошомидан ва тило кардани он аз газидагии каждум ва ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
232. ЗАРРИНДАРАХТ1 – ЗАРРИНДАРАХТ
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз қавин суд дорад.
Андомҳои ронанда: Оби барги он бо майпухта аз барои душвории пешоб ва хуни ҳайз [хуб] аст ва хуни сахтшударо аз обгаҳ берун кунад.
Заҳрҳо: Аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор суд дорад.
233. ЗУЪРУР – ДӮЛОНА
Crataegus azarolus L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахти хордорест, ки баргаш барги «луқурошӣ»-ро монад. Он дорои меваҳои хурдест, ки шабеҳи себ, вале хурдтар аз он буванд. Онҳо сурхранги хуштаъм буда, ҳар кадом се дона дорад ва бинобар он гурӯҳе онро «тариқуқун»1 номанд, ки маънояш «дорои се дона» гуфтан аст. Навъе аз дӯлонаро юнониён «ҳифимилун»2 ва «сатониюн»3 хонанд ва гоҳе «себи даштӣ» [низ] гӯянд. Дарахти он ҳатто аз ҷиҳати баргу бехи худ ба дарахти себ монанд аст, вале [барги дӯлона] хурдтар бувад. Меваи ин дарахт гирд, хӯрокӣ ва тундтаъм аст. Бахши фирӯсӯвини ин дарахт паҳн ва ранги самари он зард бувад».
Табъ: Гурӯҳе гуфтаанд, ки дӯлона сарди тар аст.
Хосиятҳо: Дӯлона гиранда буда, беш аз санҷид қабз кунад. Он беш аз ҳар гуна мева сафроро фурӯ нишонад ва сайлонҳоро бибандад.
Андомҳои сар: Он4 сардард оварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Барои меъда бад аст.
Андомҳои ронанда: Дӯлона табиатро бибандад, вале пешобро не.
234. ЗИБЛ – САРГИН
Stercus animalis
Моҳият: Саргинҳо ба ҳасби ихтилофи навъҳои ҷонварон гуногун буванд, балки ҳатто ба ҳасби ихтилофи шахсҳои як навъ, хусусан инсон, гуногун бошанд.
[Ихтиёр]1: Саргини мурғобиро ба иллати ниҳоят гарм буданаш ба кор набаранд. Саргини боз, чарғ, боша ва дигар парандагони шикориро ниҳоят кам ба кор бибаранд, аз баҳри он ки сахт [гарм] аст.
Табъ: Ҳеҷ як аз саргин на сардиоваранда аст ва на тарифизоянда. Саргини кабӯтар гармтарини саргинҳоест, ки ба кор бибаранд. Саргини мурғони хонагӣ аз [саргини мурғони] даштӣ камтар [гарм] аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ