Қонуни тиб

Омосҳо ва табишҳо: Зифт ва хусусан тари он омосҳои сахтро нарм кунад. Онро бо орди ҷав барои ханозир ба кор баранд. Агар онро бо гӯгирд ва ё бо пӯсти дарахти янбут биомезанд, хазидани намларо манъ кунад ва хуроҷҳои ҳамаи ғуддаҳоро судманд бошад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Зифт парюнҳоро бибарад ва хусусан бо орди кундур ва бо ангубин андар решҳои амиқ гӯшт бирӯёнад ва решҳои дорои рутубатҳои фосидро пок кунад.
Хушки он андар ин ҳолат ва ҳангоми ҷароҳатҳо сахттар хушкӣ оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зифт аз омосҳои мушакҳо судманд аст.
Андомҳои сар: Зифти хушк ва тар ҳар ду аз барои решҳои сар хубанд.
Андомҳои чашм: Дудаи зифт мижгонҳоро хуб кунад, онҳоро бирӯёнад, ашк омаданро боз дорад, решҳои андар чашм бударо пур кунад ва биноиро қавӣ созад.
Андомҳои сина: Зифт хусусан бо бодом ва шакар аз сурфаи сарди хушк судманд аст. Ҳангоми барсом ва омоси шуш низ чунин бошад. Он балғампартоиро осон карда, онро бипазонад. Бо равғани бодом низ чунин буда, пазонандагии он бештар бигардад. Аммо танҳои онро поксозӣ камтар аз пазандагист, вале бо шакар баръакс хоҳад буд.
Зифтро агар ба андозаи яку ним уқия бо ангубин билесанд, хунпартоӣ ва рим омаданро боз дорад3. Агар бо зифти тар ком биолоянд, хуноқҳоро судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Зифт нармкунанда аст ва бисёр истеъмол кардани он исҳол оварад. Бо зифт аз барои омосҳои гарм ва сахти рӯдагон, заҳдон ва ҳар ду хоя ҳуқнарезӣ кунанд. Зифт андар зимни доруҳои ҷароҳатҳои даҳони обгаҳ бидарояд. Агар зифтро бар кафидагиҳои мақъад бимоланд, беҳ кунад.
Заҳрҳо: Зифт бо заҳрҳо бикӯшад ва агар онро бар газидагии афъӣ тило кунанд, суд бахшад.
228. ЗАЪФАРОН – ЗАЪФАРОН, заъфар Crocus sativus L.
Моҳият: Заъфарон маъруф ва машҳур аст.
Ихтиёр: Беҳтарини заъфарон тоза, хушранг, тезбӯй, бар мӯякҳояш андаке сафедӣ ғолиб, вале начандон зиёд, пурра, дуруст, зуд рангбароранда ва на часпаку на резонак бувад.
Табъ: Заъфарон гарми хушк аст: гармияш андар дараҷаи дуввум ва хушкияш андар якум бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Заъфарон гирандаи ҳалкунанда буда, ба иллати гирандагию часпакиоварии хеш пазонанда аст. Гармии он муътадил буда, кушоянда бувад. Ҷолинус гуфтааст, ки гармияш қавитар аз гирандагияш аст ва равғани он гармиоваранда бувад. Хузистонӣ гӯяд, ки заъфарон, албатта, ягон хилтеро дигаргун насозад, балки онҳоро ба ҳоли хушкӣ нигоҳ дорад. Он уфунатро дуруст кунад ва андомҳои андаруниро қувват бахшад.
Оростагӣ: Ошомидани заъфарон рангро хуб кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Заъфарон ҳалкунандаи омосҳост ва онро бар сурхбод тило кунанд.
Андомҳои сар: Заъфарон сардард оварад ва сарро зиён расонад. Онро бо майпухта аз барои хумор биошоманд. Заъфарон хоб оварад ва ҳоссаҳоро хира кунад. (307) Агар он
ро андар шароб афканда бидиҳанд, шароб ба андозае мастӣ оварад, ки ақл биравад. Заъфарон аз омоси гарми андар гӯш буда судманд аст.
Андомҳои чашм: Биноиро бизудояд, назлаҳои ба сӯи чашм фурудояндаро боз дорад ва аз парда судманд бошад.
Заъфаронро аз барои кабудии аз бемориҳо баамаломада ба чашм бикашанд.
Андомҳои сина: Заъфарон дилро қавӣ кунад ва хуррамӣ оварад. Он ва хусусан равғанашро ба бемори барсом ва худованди шавса бибӯёнанд, то ки хоб биоварад.
Заъфарон нафасгирӣ осон кунад ва афзорҳои нафасгириро қавӣ гардонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Заъфарон маниши гаштан оварад ва ба иллати зид буданаш бо турушии андар меъда буда, ки иштиҳо бад-он вобаста аст, иштиҳоро бинишонад. Лекин ба сабаби гармӣ доштанаш ва дибоғату қабз овардан меъда ва ҷигарро қавӣ бигардонад. Гурӯҳе гуфтаанд, ки заъфарон аз барои испурч хуб аст.
Андомҳои ронанда: Заъфарон боҳро биангезад, пешобро битозонад ва агар бо мум ва ё бо мағзи [устухон] ҳамроҳи ду чанди он аз равғани зайтун ба кор баранд, сахтии заҳдон, часпидагии он ва решҳои палиди андар он бударо судманд бошад. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки заъфаронро чун ба зани зоишаш дер кашида додааст, ӯ худи ҳамон соат бача ниҳодааст.
Заҳрҳо: Гуфтаанд, ки се мисқол аз заъфарон аз ғояти хурсандӣ овардан бикушад.
Ҷойнишинҳо: Як чанди он қуст ва чаҳоряки вазни он пӯстҳои салиха ҷои он бигиранд.
229. ЗАНҶОР – ЗАНГОР
Cuprum oxydatum
Моҳият: Зангор маъруф аст. Роҳҳои ҳосил кардани он чунин аст: Мисро аз роҳи андар дурди сирко гузоштан, ё бар резаҳои он сирко пошидан ва [ё] андар ҷои намнок гӯрондани он кара гиронанд. [Ё] зарфи мисинро бар зарфе фурӯ кунанд, ки андар он сирко бошад ва бад-ин ҳол бигузоранд, то зангор бигардад. Сипас зангорро аз он битарошанд. Мисро бо навшодир омехта, андар ҷои намнок гӯронидан [яке аз роҳҳои] маъруф аст. Як навъи ниҳоят латифи зангорро бад-ин тариқ ҳосил кунанд: сиркои ба тариқи араққашӣ ҳосилкардаро бигиранд, андар ҳоване бикунанд, ки мисин ва бо ҳовандастаи мисин бошад ва андар офтоби тафсон то кара баровардан онро бисованд. Сипас андар он як миқдор замч ва намак афканда, совишро пайваста давом бидиҳанд. Ҳар гоҳ чизи совидашуда хамир бигардад, онро ҷамъ карда, бихушконанд ва бар он сирко ва пешоби бачагон пошида, бисованд ва андар ҷои намнок бигузоранд. Сипас онро ҷамъ карда, бихушконанд. Бархе зангорро аз болои харсангҳои кони мис бигиранд, ки андар он ҷойҳо падид ояд ва бархеро аз кон ҳосил кунанд.
Ихтиёр: Беҳтарин зангор зангори конист ва қавитаринаш онест, ки аз тупол ва рӯсӯхта ҳосил кунанд. Зангори сиркоӣ нармтар аз навшодирист.
Табъ: То ба дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Зангор зудоянда буда, гӯшти чи сахт ва чи нармро бихӯрад. Он тез аст, вале мумравған онро муътадил ва хушксозандаи бесӯзиш бигардонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо