Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ЗАНҶАФР – ШАНГАРФ
    Hydrargyrum sulfuratum (HgS) Моҳият: Гурӯҳе гуфтаанд, ки қуввати он чун қуввати сафеда аст. Дигарон гуфтаанд, ки қуввати он қуввати шоданаро монад.
    Табъ: Дурусташ ин аст, ки шангарф гарми хушк аст ва чунон ба назар мерасад, ки [гармию хушкии он] андар охири дараҷаи дуввум қарор дорад ва он чи ки ғайри ин гӯянд, аз сари нодонӣ гуфта бошанд.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Ба наздики баъзеҳо гирандагии он қавитар аз кашандагияш бувад ва ба наздики баъзе дигар кашандагии он қавитар аз гирандагияш бошад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: ҷароҳатҳоро фароҳам оварад, андар решҳо гӯшт бирӯёнад ва аз оташсӯхта ва хушкгар судманд бошад.
    Андомҳои сар: Хӯрда шудани дандонҳоро нигоҳ дорад.
  2. ЗУҶОҶ – ОБГИНА, ШИША
    Vitrum
    Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
    Оростагӣ1: Агар обгинаро бо равғани занбақ2 тило кунанд ва ё бо он шустушӯй кунанд, дандонҳоро бизудояд ва мӯйро бирӯёнад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Обгина дорои гирандагӣ ва латифист.
    Андомҳои сар: Агар [сарро] бо обгина бишӯянд, сабӯсаро пок кунад ва дандонҳоро бизудояд.
    Андомҳои чашм: Обгина чашмро бизудояд ва сафедии онро бибарад. Сӯхтаи он қавитар бувад.
    Андомҳои ронанда: Суда ва сӯхтаи онро агар бо шароб бидиҳанд, санги обгаҳ ва гурдаро ниҳоят судманд аст.
  3. ЗАРНАБ – ЗАРНАБ
    Taxus baccata L. seu Flacourtia cataphracta Roxb.
    Моҳият: Ин шохаҳои борики гирдашаклест, ки [ситабрияшон] миёни ситабрии ҷуволдӯз ва ситабрии қалам бувад. Ранги он сиёҳи моил ба зардист, таъм ва бӯи зиёд надорад ва бӯяш андаке хуш ва турунҷист. Қувваи он мисли қувваи гавзи бӯёст, лекин андаке латифтар аз он бувад. Чунончи гуфтаанд, онро гоҳе ба ҷои дорчинӣ ба кор баранд, Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Феълҳо: Зарнаб дорои қабз кардан ва ба таҳлил бурдани бодҳост.
    Андомҳои сар: Онро бо об ва равғани гул аз барои сардарди сард бар бинӣ афкананд.
    Андомҳои ғизокашӣ: Барои меъда ва ҷигари сардмизоҷ суди бисёр намоён бахшад.
    Андомҳои ронанда: Зарнаб, чунонки гуфтаанд, шикамро бибандад.
  4. ЗУБД – МАСКА
    Butyrum
    Табъ: Андар дараҷаи якум гарми тар аст ва дараҷаи тарияш бартар [аз ин] бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Маска пазонанда, ҳалкунанда ва

нармкунанда аст. Ҳалкунандагии он аз барои баданҳои миёна аст, на сахт ва андар баданҳои нарм ба осонӣ [таҳлил оварад]. Дуди маска хушкӣ оварад, ба оҳистагӣ қабз кунад ва дардҳоеро, ки аз моддаҳои ба сӯи андомҳо фурудоянда падид омада бошанд, фурӯ нишонад.
Оростагӣ: Бо маска чун танро тило кунанд, онро ғизо бахшида, фарбеҳ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳои асабҳоро судманд бошад ва решҳоро гӯшт пур карда, онҳоро пок созад.
Андомҳои сар: Маскаро бо доруҳое, ки аз барои ҷароҳатҳои пардаи мағз, омосҳои буни гӯш, нӯги бинӣ, даҳон, омоси вора ва қулоъанд, биомезанд. Онро ба вораҳои кӯдакон бимоланд, рӯидани дандонҳоро осон созад.
Андомҳои нафаскашӣ1: Маска хусусан бо бодом ва шакар сурфаи сарди хушкро судманд аст ва ба ҳангоми барсом ва омоси шуш низ чунин бувад, [балғаму хун] партофтанро осон кунад ва бипазонад. Бо равғани бодом ва шакар низ чунин бошад ва пазонданаш бештар гардад. Аммо агар он танҳо бошад, пок карданаш камтар (306) аз пухтанаш бошад ва ҳамроҳи шакар баръакси он бувад. Агар ба андозаи яку ним уқия маскаро бо ангубин билесонанд, хун партофтан ва рим қай карданро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Маска нармкунанда буда, бисёр истеъмол кардани он исҳол оварад. Онро барои омосҳои гарм ва сахти рӯдагон, раҳм ва хояҳо ҳуқнарезӣ кунанд. Маска андар таркиби доруҳои хуроҷҳои даҳони обгаҳ бидарояд.
Заҳрҳо: Маска бо заҳрҳо бикӯшад ва агар онро бар газидагии афъӣ тило кунанд, суд бахшад.
227. ЗИФТ – ЗИФТ
Bitumen nigrum; resina pinii.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки зифтро инчунин «ағро»1 номанд. Он ду намуд аст: яке дарёии сиёҳ ва равон буда, андар таркиби марҳамҳо бидарояд ва аз қабили қор бошад; дигар кӯҳии баррӣ бувад. Зифти баррӣ таровиши дарахти янбут ва дигар навъҳои санавбар бувад. Зифт нахуст тар аст ва сипас бо ҷӯшонидан онро бихушконанд.
Бештари зифт аз дарахти тануб аст ва он дарахти «шупуши Қурайш»2 бошад. Равғани зифт ба қатрон наздик аст.
Равғани онро ба ин тариқ ҳосил кунанд: Аз зифти тар ҳангоми ҷӯшонида, хушк кардани он арақ бикашанд ва ё бар фарози он [пораи] пашмеро биовезанд, то ки аз бухори зифт нам бигирад. Пашм чун нам гирад, онро андар зарфи дигаре бифишоранд. Вале аз он андар каду ва ё дамбанд метавон беҳтар аз ин арақ кашид ва бухори онро хубтар нигоҳ дошт.
Феълҳо ва хосиятҳо: Зифт хилтҳои ситабрро бипазонад ва зудояндаву гармиоваранда бошад. Зифти тар бештар бипазонад ва хушк бештар хушкӣ оварад. Он андар зимни марҳамҳо бидарояд.
Оростагӣ: Зифт сафедии нохунҳоро биканад, хунро ба сӯи андомҳо бикашад ва хусусан агар онро як чанд бор часпонда, якбора ба сахтӣ бикананд, [андомҳоро] фарбеҳ кунад. Зифтро бар кафидагиҳои пой ва дигар андомҳо тило кунанд, то ки онҳоро беҳ кунад. Агар онро ҳангоми «бемории рӯбоҳ» зимод кунанд, мӯйро бирӯёнад.

пешина
аз 1215
навбатӣ