Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зоги носӯхта қавитар ва сӯхта латифтар аст ва зоги аз ҳама беш латиф қалқадис ва зоги сабз бувад. Муътадилтарини онҳо қалқатор ва ситабртаринашон сурист ва бинобар он [зоги сурӣ] андар об ҳал нагардад. Қувваи зоге, ки дорои тобишҳои заррин аст, ба қувваи қалқатор наздик аст. Беҳтарин қалқатор онест, ки зуд резанда, мисӣ, тоза ва ғайри куҳан бошад. Беҳтарини зоги навиштанӣ, ки онро «саҳира»2 номанд, зоги сахтест, ки тобиши тилоӣ дошта ва қуввааш мисли [қувваи] қалқатор бошад. Беҳтарини сурӣ онест, ки аз Миср оваранд ва чун [қабати] сиёҳи он бирезад, дорои шикофтагиҳои зиёде бошад, мазааш нохуши гиранда ва бӯяш низ чунин бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи зогҳо сӯзонанда буда, хушкрешӣ падид оранд ва [гиранда бошанд]. Зоги сурх камтар аз қалқатор бисӯзонад, зоги кафшгарон беш аз ҳама ва қалқатор ба таври муътадил қабз бикунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Қалқатор аз сурхбод ва омосҳои хазанда судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҳамаи зогҳо аз гари тар ва саъфа нофеъанд. Аз қалқатор ва дигар зогҳо барои носурҳо фатилаҳо бисозанд ва онҳо сӯзишро боз доранд3.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо сурӣ ҳамроҳи хамр ҳуқна бирезанд, аз қавин суд бахшад.
Андомҳои сар: [Зогҳо] ва хусусан қалқаторро ҳангоми хуни бинӣ андар бинӣ бидаманд. Ҳамаи зогҳо аз хӯра ва омосҳои бади вораҳо судманданд. Агар фатилаи бо ангубин бударо бо [зогҳо] олоида, андар гӯш бикунанд, аз решҳои гӯш ва чирки он суд бахшад. Агар бо дам онҳоро андар он бидаманд, низ чунин бошанд ва дандонҳоро аз кирм хӯрдан боз дорад. Зоги сурх, ки бо номи «сурӣ» маъруф аст, дандонҳо ва курсиҳои ҷунбонро устувор кунад. Агар зоги сӯхтаро бо суринҷон якҷоя кунанд ва андар зери забон бигузоранд, аз [бемории] «ғук» судманд бошад. Мумравғане, ки аз зог, хусусан аз зоги сурх омода карда бошанд, аз хӯраи даҳон, бинӣ ва решҳои онҳо судманд бувад.
Андомҳои чашм: Қалқатор ба таври махсус ва дигар [зогҳо] умуман аз сахтии пилкҳо ва дуруштии онҳо судманданд.
Андомҳои нафаскашӣ: Зог шушро хушконида, гоҳе ба марг бирасонад.
Заҳрҳо: Зог ба иллати шушро хушкониданаш дорои қувваи заҳрӣ бувад.
221. ЗИРНИХ1 – ЗИРНИХ, МАРГИМУШ
Arsenicum
Моҳият: Зирних гавҳари кониест, ки бархе аз он сафед2, бархе зард ва бархе сурх аст.
Ихтиёр: Беҳтарин зирних зирнихи доғдор, совидашуда ва [бӯяш] шабеҳи бӯи гӯгирд бувад. Беҳтарини он зирнихи зарди резандаи армании заргун, баргакии тунук ва чун талки зард бошад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи зирнихҳо уфунатовари газандаанд. Сурхи он беҳтар аз қалдақиюн3 аст.
Оростагӣ: Зирних мӯйро бирезонад ва хамроҳи роти

наҷ аз барои «бемории рӯбоҳ» [ба кор баранд].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Зирнихро бо пиҳ бар ҷароҳатҳо бигузоранд.
Омосҳо ва табишҳо: Зирнихро бо пиҳ ва равған барои гар, саъфаи тар ва уфунат [ба кор баранд]. Вай пӯстро бисӯзонад, зирнихро бо мурр аз барои шупуш ва осори хун ва бо зифт аз барои пайҳои нохунҳо биолоянд. Гоҳе онро бо зифт аз барои шупуш ба кор баранд.
Андомҳои сар: Мумравғани аз зирних, хусусан аз сурхи он омодасохта хӯраи бинию даҳон ва решҳои онҳоро судманд бошад.
Андомҳои нафаскашӣ: Зирнихро бо равғани ангубинӣ ва оби ангубин ба касони [шушашон] зардобгирифта бидиҳанд ва онро бо ротинаҷ аз барои сурфаи деррав ва зардоб партофтан бахур кунанд. Зирнихро гоҳе андар таркиби ҳабби дамкӯтоҳӣ дохил кунанд.
Андомҳои ронанда: Зирнихро бо равғани гул аз барои табишҳо ва бавосири мақъад биолоянд.
Заҳрҳо: Зирнихи аз тариқи арақкашӣ ҳосил карда қотил аст.
222. ЗАБАДУ-Л-БАҲР1 – «КАФКИ ДАРЁ»
Sepia officinalis
Моҳият: «Кафки дарё» панҷ синф аст: Яке исфанҷишакл ва бадбӯй буда, бӯяш ба бӯи моҳии бӯйгирифта монад ва [таркибаш] зич бувад; [дуввум] соҳилист; [севвум] исфанҷишакли сабук, дароз, нарм ва бӯяш мисли бӯи обсабз бошад; [чаҳорум] вардии арғавонӣ, шабеҳ ба мӯи чиркин ва сабук аст ва панҷум саморуғшакли зоҳираш ҳамвор, дарунаш дурушт ва бебӯй бувад.
(305) Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Поккунандаи чиркҳо, зудоянда ва сӯзонанда бувад. Навъи севвуми он беш аз дигарон латиф аст.
Оростагӣ: «Кафки дарёи» сӯхта ва хусусан навъи севвуми он барои «бемории рӯбоҳ» [судманд] аст. Навъи саморуғшакли онро ҳангоми тарошидани мӯй ба кор баранд ва он, чунонки гуфтаанд, аз баҳак судманд бошад.
Ду навъи исфанҷии он андар зимни таншӯяҳо ва андар таркиби доруҳои табишҳои ширӣ, калаф ва пайҳои андар рӯй буда бидароянд. Навъҳои боқимондаи он мӯйрезонандаанд.
Андомҳои сар: Навъи ҳамвори «кафки дарё» барои зудудани дандонҳо созгортар аст ва он умуман барои дандонҳо ниҳоят [зудоянда] бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Навъи ҳамворро ба муқобили омосҳои мисморӣ ва вардии онро барои ханозир ба кор бибаранд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: «Кафки дарё» ва хусусан ду навъи исфанҷии он аз гари решшуда ва парюнҳо судманд буванд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Навъи вардиро бо мум ва равғани гул аз барои ниқрис [ба кор баранд].
Андомҳои ғизокашӣ: Навъи вардӣ аз барои бемории испурч ва истисқо нофеъ бувад.
Андомҳои ронанда: Навъи вардии «кафки дарё» аз сахтии пешоб ва барои пок кардани сангрезаҳои обгаҳ ва дарди гурдаҳо судманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ