Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои чашм: Онро ҷӯшонида, сипас бар хунпечидагӣ ва хуни мурдаи зери пилк зимод бикунанд.
Андомҳои сина: Зуфои хушк барои сина ва шуш аз дамкӯтоҳӣ ва сурфаи деррав судманд бошад ва бо анҷиру ангубин ҷӯшонидаи он низ чунин бувад. Низ аз омосҳои сахт ва нафаси росто [суд дорад]. Инчунин ғарғара кардан бо он аз хуноқи дарунӣ2 нофеъ аст.
Андомҳои ғизокашӣ3: Онро бо анҷир ва бура аз барои испурч зимод кунанд ва ба тариқи ошомидан аз барои он судманд аст. Аз истисқо суд дорад.
Андомҳои ронанда: Балғам, кирми кадудона ва [дигар] кирмҳоро ба исҳол берун оварад. Агар онро бо қардамоно ва бехи савсани осмонгунӣ биомезанд, исҳол оварданаш қавӣ бигардад.
217. ЗУРУНБОД – ЗУРУНБОД
Zingiber zerunbet Rosc.
Моҳият: Ин бехҳои гиёҳест, ки шабеҳ ба мушки замин, вале аз он бузургтар ва хушбӯияш камтар бувад, дорои ранги хокистарӣ ва онро аз кишвари Чин оваранд.
Табъ: Гарми хушки моил ба дараҷаи севвум аст.
Хосиятҳо: Бодҳоро ҳал бикунад.
Оростагӣ: Фарбеҳкунанда буда, бӯи шароб, сир ва пиёзро бибарад.
Андомҳои сина: Дилро хуррам бикунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Қайро нигоҳ дорад.
Андомҳои ронанда: Шикам бибандад ва бодҳои заҳдонҳоро суд бахшад.
Заҳрҳо: Аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор сахт нофеъ аст ва ҳатто ба дараҷаи ҷадвор бирасад.
Ҷойнишинҳо: Аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор якуним баробари он аз даруна, ба қадри аз се ду ҳиссаи вазни он аз талхчакуки даштӣ ва ним баробари он аз донаи турунҷ ҷои он бигиранд.
218. ЗАНҶАБИЛУ-Л-КИЛОБ1 – ФИЛФИЛАК,
МУРЧИ ОБӢ
Polygonum hydropiper L.
Моҳият: Ин тараи маъруф аст ва он мурчи обӣ бувад.
Баргаш мисли барги бед, вале зардтар аз он бувад. Шохаҳояш сурхранг буда, таъми занҷибилро дорад ва сагонро бикушад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст.
Оростагӣ: Тозаи онро чун бо тухмаш бикӯбанд, пайҳои андар рӯй буда, доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхи куҳанро бизудояд.
Омосҳо ва табишҳо: Тозаи онро чун бо тухмаш бикӯбанд ва онро зимод кунанд, омосҳои сахтро ҳал кунад.
219. ЗИЪБАҚ1 – СИМОБ
Hydrargyrum
Моҳият: Бархе симобро аз кон бигиранд ва бархеро аз санги кон ба тавассути оташ чун ситонидани зару сим биситонанд. Санги кони он агар холис буда, бо хок ва ё санг омехта набошад, ба ранги шангарф бувад, балки шангарф ба ранги он буда, ба дараҷаи он нарасад. Ҷолинус ва ди

гарон чунин пиндоранд, ки он мисли мурдосанг сохташуда аст, аз баҳри он ки мурдосангро бо оташ ба даст оваранд. Андар ин ҳол зар [ҳам] бояд чун мурдосанг сохташуда бошад. Гавҳари санги [симоб] шангарфро монад.
Бинобар он чунин пиндоштаанд, ки шангарфро аз он бадин гуна ҳосил кунанд, ки онро андар деги гилкарда бигиранд, бар он оташ афрӯзанд ва арақи онро бикашанд. Вале чунин нест, балки шангарфро бо ёрии гӯгирд аз [симоб] ҳосил кунанд ва сипас аз он мумкин аст [симобро] чунон ҳосил кард, ки аз шангарфи коние, ки маъдани гавҳари симоб аст, симоб ҳосил кунанд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Симобе, ки аз тариқи арақкашӣ ба даст оварда шуда аст, гиранда бувад.
Оростагӣ: Мурдаи он бо равғани гул барои шупуш ва ришк [суд] дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Симоби мурда бо равғани гул ва ё бо доруҳои гар аз барои гар ва решҳои бад [судманд] бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бухори симоб фалаҷ, раъша ва печидагии андомҳоро ба амал оварад.
Андомҳои сар: Дуди симоб шунавоиро бибарад ва агар ба даҳон бидарояд, даҳонро бадбӯй кунад.
Андомҳои чашм: Дуди симоб биноиро бибарад.
Андомҳои ронанда: Булуси [ал-Эҷинотӣ]2 чунин ёд карда аст, ки баъзе касон мурдаи онро ба ҳангоми иловус биошоманд.
Заҳрҳо: Симоби аз тариқи арақкашӣ ҳосил карда, ба сабаби сахт бурандагӣ овардан қаттол аст. Илоҷи қавии он ошомидани шир ва қай овардан аст. Ҷолинус чунин ёдоварӣ кардааст, ки ӯ симобро андар ин кор насанҷидааст. Баъзеҳо гӯянд, ки симоби мурда бо гаронии хеш бикушад, зеро он ҳар чиро, ки дучор ояд, бо гаронии худ бихӯрад. Вале ин гуфтаи беҳосил аст. Симоб мушро бикушад ва аз дуди он ҷунбандагони зиёнкор ва морҳо бигурезанд.
220. ЗОҶ – ЗОГ
Vitriolium
Моҳият: Фарқ миёни зогҳои сафед, сурх, зард ва сабз1 ва миёни қалқадис, қалқанд, сурӣ ва қалқатор он аст, ки зогҳо гавҳарҳои қобили ҳалшавандагии омехта бо сангҳои ғайри қобили ҳалшавандаанд, вале [дуввумиҳо] худи гавҳарҳои қобили ҳалшавандагӣ буда, равон будаанд ва сипас баста гардидаанд. Пас, қалқатор худи [зоги] зард, қалқадис (304) худи [зоги] сафед, қалқанд худи [зоги] сабз ва сурӣ худи [зоги] сурх буванд. Ҳамаи инҳо, ба ҷуз сурӣ, андар об ва ҳангоми ҷӯшонидан ҳал бигарданд.
Аммо сурӣ ниҳоят сахт ва баста аст. Зоги сабз сахттар аз зард баста гардад ва бештар пухта бошад. Ҳар як зог андар табъ онеро шабоҳат дорад, ки [рангаш] ба ранги он шабоҳат дошта бошад. Ҷолинус чун қалқаторро боре дидааст, ки бо зоги сурх пӯшида аст ва [зоги сурх] аз он ба ҳар тараф пош хӯрда аст, ба хаёлаш чунин расидааст, ки зоги сурх аз қалқатор падид ояд, вале ин ақида мавриди баҳс аст.
Ихтиёр: Зоги сабзи мисрӣ қавитар аз қубрусист, лекин зоги қубрусӣ андар бемориҳои чашм қавитар бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ