Қонуни тиб

Оростагӣ: Саргини он аз доғи кунҷида (302) ва кунҷидаи сурх судманд аст. Равған ва гӯшти он барои баъзе занон сахт фарбеҳкунанда бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Варал дорои қувваи пайкон ва хорро кашанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Саргини судаи он озахҳоро бирезонад.
Андомҳои чашм: Чунонки гуфтаанд, саргини варал мисли саргини сусмор аз сафедии чашм судманд аст.
- ВАДАЪ – КАҶАК
Сурrаеа monetа L.
Моҳият: Каҷак садаф аст.
Хосиятҳо: Каҷак пайкон ва хорро берун бикашад.
Оростагӣ: Судаи он озахҳои решадор ва овезонро бирезонад.
Ин буд охирин гуфтор аз фасли ҳарфи «вов» ва тамоми он аз ҳашт намуд моддаҳои доругӣ иборат аст.
Фасли ҳафтум
гуфтор андар баёни ҳарфи «зо» /ز/
- ЗАНҶАБИЛ– ЗАНҶАБИЛ, ГАРМДОРУ
Zingiber officinale Rosc.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Занҷабил бехҳои хурде чун бехҳои мушки заминист, рангаш ба сафедӣ бизанад, таъмаш таъми мурчро монад, хушбӯй бувад, лекин латифии мурчро надорад. Занҷабил бехи растаниест, ки аксар андар ҷойҳое бирӯяд, ки Труғлудитифо1 номанд. Мардумони он ноҳия барги онро андар таркиби бисёр чизҳо ба кор баранд, чунонки мо судобро андар бархе аз шаробҳо ва таъомҳо ба кор барем». Ӯ гӯяд: «Занҷабилро як навъест, ки онро «занҷабили саг» ва аҳли Табаристон «филфилак»2 хонанд. Ин [навъ] бисёр паҳншуда буда, андар обдонҳо, чашмаҳои хурд ва обҳои сустҷараён бирӯяд. «Занҷабили саг»-ро соқест, ки дорои гиреҳҳост ва баландияш то ба зону бирасад. Он дорои шохаҳову баргҳоест, ки шохаҳову баргҳои пудинаи бӯстониро монанд, вале бо ин тафовут, ки бузургтар, сафедтар, нармтар ва таъмашон мисли мурч тез буванд. Бӯи он хуш аст, вале муаттар нест.
«Занҷабили саг» дорои меваҳои хурдест, ки андар шохаҳои хурди [он] рустаанд. Растагоҳҳои ин [меваҳо] буни баргҳост ва онҳо мисли хӯшаи ангур ба ҳам ҷамъ омадаи рӯиҳам рафтаанд. Инҳо низ тезанд». Ӯ гуфтааст, ки занҷабилро ба сабаби рутубати зиёдатии хеш хӯрдашавӣ ба амал ояд ва бад-ин сабаб гармиоварии он назар ба гармиоварии мурч дер бимонад. Ин ба сабаби зичии он низ бошад, чунонки андар сипандон, хардал ва софсиё чунин бошад.
Табъ: Андар охири дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст. Занҷабил дорои тарии зиёдатист, ки ба тавассути он маниро биафзояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гармии занҷабил қавист, вале ба иллати он миқдор рутубати зиёдатие, ки андар он аст, танҳо баъд аз гузаштани замоне гармӣ оварад, лекин гармиоварияш қавӣ буда, нармкунанда аст ва дамишро ҳал бикунад. Агар аз он [бо ангубин] парварда бисозанд, ангубин қисме аз рутубати зиёдатии онро бигирад ва [занҷабил] бештар хушкиоваранда бигардад.
Андомҳои сар: Ҳифзро зиёда кунад ва тариро аз ноҳияҳои сар ва гулӯ бизудояд.
Андомҳои чашм: Агар онро ба чашм бикашанд ва ё биошоманд, ба сабаби рутубаташ торикин чашмро бизудояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Занҷабил таом бигуворад, сардии ҷигар ва меъдаро мувофиқ бошад, тарии меъда ва он рутубатҳоеро, ки аз хӯрдани меваҳо андар меъда падид омада бошанд, бичинад.
Андомҳои ронанда: Занҷабил боҳро биангезад ва шикамро ба таври сабук нарм кунад. Хузистонӣ гӯяд, ки баръакс, занҷабил шикамро бибандад. Ман гӯям, ки ин ба сабаби бадии гувориш ва ба сабаби лағжондани хилти часпаке бувад, ки судбахш бошад.
Заҳрҳо: Занҷабил аз заҳрҳои ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
215. ЗУФО РАТБ1 – ЗУФОИ ТАР
Lanolinum anhydricum
Моҳият: Ин чиркест, ки бар мӯйҳои дунбаи гӯсфанд ба Арманистон ҷамъ ояд. Гӯсфанд аз болои гиёҳҳои ширдоре гузашта, қувва ва бахши ширии онҳоро бар хеш бигирад. Зуфо гоҳе моеъ бошад ва онро бад-он ҷой ҷӯшонида, қивом диҳанд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм аст ва андар якум тар.
Хосиятҳо: Пазонандаи ҳалкунанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Агар бо он андомро зимод кунанд, омосҳои сахт ва душбизро ҳал кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Зуфо бо анҷир ва бура зимоди испурч аст ва аз тариқи ошомидан [низ] онро суд бахшад. Зуфо аз барои истисқо судманд аст.
Андомҳои ронанда: 3уфои тар сахтиҳоеро, ки андар ноҳияи обгаҳ ва раҳм бошанд, ҳал кунад ва аз сардии онҳо ва аз сардии гурдаҳо нофеъ бувад.
216. ЗУФО ЁБИС1 – ЗУФОИ ХУШК, УШНОНИ
ДОВУД
Hyssopus officinalis L.
Моҳият: Навъе аз он кӯҳӣ ва навъе бӯстонист.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Мисли саътар латиф аст.
Оростагӣ: Ошомидани он рангро хуб кунад ва молидани он пайҳои рӯйро бизудояд.
(303) Омосҳо ва табишҳо: Зуфои хушкро агар бо шароб биошомонанд, омосҳои сахтро ҳал кунад.
Андомҳои сар: Бо сирко ҷӯшонидаи он дарди дандон ором кунад ва бухори онро бо анҷир агар бо ёрии ку лоҳак ба кор баранд, аз бонг задани гӯшҳо суд бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ