Қонуни тиб

-
ВАҶ1– ВАҶ, ЗАРИРА, НАИ БӮЁ
Acorus calamus L.
Моҳият: Ин бехҳои растаниест, ки мисли бардӣ (лух) буда, бештар вақт андар ҳавзҳо ва андар обҳо бирӯяд.
Бар рӯи ин бехҳо гиреҳҳоест, ки моил ба сафедӣ, дорои бӯи бад ва андаке хуш. Ваҷ сӯзони тез аст. Ҷолинус гуфтааст, ки танҳо бехи онро ба кор бибаранд ва қувваташ ба қуввати зарованд ва бехи савсани осмонгунӣ наздик аст. Дисқуридус гуфтааст: «Барги он шабеҳи барги савсани осмонгунӣ аст, вале дарозтару бориктар. Бехи он аз ҷиҳати монандӣ аз бехи савсан чандон фарқе надорад.
Вале бо ин тафовут, ки бехи ваҷ ба якдигар печидаву бофта буда, на ин ки рост, балки каҷмокаҷ аст ва андар зоҳири он гиреҳҳоеанд, ки рангашон ба сафедӣ бизанад.
Он бехҳое, ки тез нестанд, бӯи бад надоранд. Ваҷи бадин сифат бударо аз кишваре оваранд, ки онро Ҷалқиш2 хонанд ва он Қиннисрин бувад». (301) Инчунин ӯ гӯяд:
«Юсуфи Андалусӣ моро чунин хабар додааст, ки навъи дигари ваҷро, ки «арғолотиё»3 гӯянд, аз кишвари Андалус оваранд».
Ихтиёр: Беҳтарини он касифтар, пурратар ва хушбӯйтари он аст. Дисқуридус гуфтааст: «Беҳтарин ваҷ онест, ки сафед, зич, хӯрданашуда, ғайри ковок, пурра ва хушбӯй бувад».
Табъ: Андар ибтидои дараҷаи дуввум гарми хушк буда, майл ба сӯи миёнаи [ин дараҷа] дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ваҷ ҳалкунандаи дамиш ва бодҳо, латифкунанда, бидуни сӯзиш зудоянда ва кушоянда аст. Ба наздики Ҷолинус он дорои бӯест, ки нохуш нест, балки ба ҳасби ҳис кардани мо нохуш бувад.
Оростагӣ: Рангро сафо бахшад ва аз баҳаку песӣ судманд бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ваҷ аз ташаннуҷ ва пора шудани мушакҳо суд дорад. Натул кардан ва ё ошомидани оби ҷӯшонидаи он низ чунин бошад.
Андомҳои сар: Ваҷ дарди дандонро нафъ кунад ва аз гаронии забон хуб бошад.
Андомҳои чашм: Ваҷ ва хусусан фишурдаи он ситабрии табақаи қарнияи чашмро тунук кунад ва аз сафедӣ суд бахшад. Он тирагии чашмро бибарад.
Андомҳои сина: Ҷӯшонидаи он аз барои дарди паҳлу ва сина хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ваҷ аз дарди ҷигари сард судманд буда, онро қавӣ гардонад ва меъдаро нерӯ бахшад.
Вай аз сахтии испурч нофеъ аст, балки онро ниҳоят пажмурда кунад. Он меъдаро пок бикунад.
Андомҳои ронанда: Аз печиши ноф ва фатқ суд дорад. Ҷӯшонидаи он аз барои дарди раҳм нофеъ аст. Ваҷ пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва ба гуфтаи гурӯҳе аз қатра-қатра омадани пешоб суд бахшад. Вай боҳро биафзояд, шаҳвати онро биангезад, дарди рӯда ва саҳҷи онро, ки аз сардӣ падид омада бошад, суд кунад.
Заҳрҳо: Аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
Ҷойнишинҳо: Андар рондани бодҳо ва ҷигару испурчро суд бахшидан як баробари он зира бо сеяки якчанди он аз рованд ҷои он бигиранд. -
ВАРС – ВАРС
Flemmingia rhodocarpo Bak.
Моҳият: Ин моддаест сурхи баланд ва шабеҳ ба заъфарони суда, ки онро аз Яман оваранд ва гуфтаанд, ки онро аз [танаи] дарахтони он битарошанд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк ст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Варс гиранда бувад.
Оростагӣ: Варс аз доғи кунҷида ва кунҷидаи сурх судманд аст ва агар онро биошоманд, аз баҳаки сафед суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз табишҳо нофеъ аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз гар, хориш, саъфа ва парюн суд дорад. -
ВАСАХ–ШУХ, ЧИРК
Sordes
Табъ: Шухи кӯза андар охири дараҷаи дуввум гармкунанда аст ва беҳтарини он сабзранги он бувад. Шухи гармоба, ки андар деворҳои он нишинад, ба иътидол гармӣ оварад. Шухи гӯштигирон низ ба шухи гармоба наздикӣ дошта, ду синф аст: яке шухест, ки андар баданҳои эшон ҷамъ ояд ва эшон, ки баданҳоро равғани зайтун молидаанд, бо он ғубор омехта бошад; ва дуввум шухест, ки аз бухорҳо ва арақи эшон андар деворҳо ба амал ояд ва [низ] шухест, ки андар замини гӯштигоҳ ҷамъ гардад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳар ду навъ ба иътидол ҳал кунанд ва бипазонанд. Шухи кӯза ба иътидол бизудояд ва ниҳоят кашанда бошад. Ҳамаи [шухҳо] пайкон ва хорро кашида берун оранд.
Оростагӣ: Шухи гӯш аз нохунхора нофеъ аст ва онро бар кафидагиҳои лабҳо тило кунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Шух хуроҷҳоро ҳал кунад. Шухи гӯштигирон барои омосҳои пистон ва шухи гармоба барои обила кардан хубанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Шухи деворҳои гӯштигоҳ барои решҳои пирон ва ҷароҳати сар судманд бошад. Шухи кӯза парюнро ниҳоят бизудояд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Шухи баданҳои гӯштигиронро агар гармогарм чун марҳам бигузоранд, қавинро нофеъ бошад ва санг гардидани пайвандгоҳҳои ангуштонро суд бахшад. -
ВАРАШОН – КАНОД, ХАРКАФТАР
Columba palumbus
Андомҳои чашм: Хуни канод аз барои ҷароҳатҳои чашм [хуб] аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯшти он душворгувор аст.
Андомҳои ронанда: Гӯшти канод шикамро бибандад. -
ВАРАЛ1 – ВАРАЛ, БУЗМАҶА
Varanus
Моҳият: Ин бузургтарин намудҳои карбоса ва мотиринг буда, думдарози хурдсар бувад. Варал ғайри сусмор аст. Сусмор бисёр кам ва танҳо андар биёбон ёфт шавад ва сар, дум ва тани он бар хилофи варал бувад, вале гоҳе андар табъ бад-он наздик бошад.
Табъ: Гӯшти варал ниҳоят гарм аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ