Қонуни тиб

Фасли шашум гуфтор андар баёни ҳарфи «вов» /و/
206. ВАСМА – ВАСМА, УСМА
Indigofera tinctoria L.; Isatis tinctoria L.
Моҳият: Ин барги нил аст.
Ихтиёр: Хубтарини он васмаи хуросонист.
Табъ: Андар охири дараҷаи якум майл ба гармӣ ва андар дараҷаи дуввум майл ба хушкӣ дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ин дорои гирандагӣ ва зудудан бувад.
Оростагӣ: Мӯйро бо он хизоб кунанд.
207. ВАРД1 – ГУЛ, ГУЛИ САДБАРГ
Rosa centifolia L., R. damascena Mill. et R. gallica L.
Моҳият: Гул маъруф ва аз гавҳари обӣ ва гавҳари хокӣ таркиб ёфтааст. Он дорои тезӣ, гирандагӣ, талхӣ ва андаке ширинист. [Гавҳари] обии он ба сабаби чизе, ки аз барои он ширин ва талх гардидааст, гармиро бишканад. Андар гул латифиест, ки бинобар он гирандагияш судбахш бувад ва он бисёр вақт зуком ба амал оварад.
Қувваи талхӣ андар он то вақти тар буданаш боқӣ бимонад ва чун хушк шавад, талхияш бикоҳад. (300) Бад-ин сабаб агар ба андозаи даҳ дирамсанг аз тари он биошоманд, исҳол оварад. Он гуле, ки «гули бадбӯй» ном дорад, гарм аст ва бехаш чун оқирқарҳо сӯзонанда бувад.
Табъ: Ҷолинус гӯяд, ки гул андар нисбати тани мо сахт сард нест ва [инчунин] гуфтааст, ки бояд он андар дараҷаи якум сард бошад. Ман гӯям, ки хушкияш ва хусусан хушкии хушконидаи он андар аввали дараҷаи дуввум аст. Булус гуфтааст, ки он аз гармӣ ва гирандагӣ таркиб ёфтааст. Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки гул андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум, балки андар охири дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хушкифизоии он қавитар аз гирандагияш аст, аз баҳри он ки талхияш қавитар аз таъми гирандагии он бувад. Гул кушояндаи зудоянда аст ва ҳаракати сафроро фурӯ нишонад. Тухми он беш аз дигар ҷузвҳояш қабзкунанда бошад ва мӯякҳои андар миёнаи он ҷойдошта низ чунин буванд. Ҳамаи ҷузвҳои гул андомҳои андаруниро қавӣ бигардонанд ва гирандагияш на ба ҷое бирасад, ки ҳал карданро боз дорад. Гули хушк бештар қабз кунад ва сардтар бувад.
Чунин даъво кунанд, ки он дорои қувваи пайкон ва хорро берункашанда аст. Оби фишурдаи хуби гул фишурдаи гулест, ки «нохунчида»-и2 моил ба сафедист. Гулро андар соя бихушконанд ва аз он парварда созанд.
Оростагӣ: Агар онро андар гармобаҳо ба кор баранд, бӯи бади арақро ба ислоҳ оварад. Аз гул ба сифати зерин доруи шустанӣ омода бисозанд: Гули шабнам норасидаро бигиранд ва бигузоранд то пажмурда шавад. Сипас ба миқдори чиҳил мисқол аз он, панҷ мисқол аз сунбули хушбӯй ва шаш мисқол аз мурр гирифта, қурс
ҳои хурде бисозанд. Гоҳе андар онҳо ду дирамӣ аз қуст ва савсан биафзоянд. Занон гоҳ ин [қурсҳоро] аз барои рондани бӯи арақ бар гардан кунанд ва ҳамчун шустанӣ [ба кор баранд].
[Омосҳо ва табишҳо]: Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар судаи гулро ба кор бибаранд, ҳамаи озахҳоро бирезонад.
Агар барги гулро ҷӯшонида, нофишурда бар омосҳои гарм зимод кунанд, онҳоро ҳал кунад3.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳо ва хусусан саҳҷи миёни ронҳо ва буни онҳоро судманд аст ва андар решҳои амиқи дерина гӯшт бирӯёнад. Гурӯҳе чунин даъво кардаанд, ки совидаи гул пайкон ва хорро берун оварад.
Андомҳои сар: Гули тар ва оби ҷӯшонидаи он низ сардардро ором кунад. Равғани гул, балки бӯй кашидани он атсаоваравда аст. Гурӯҳе гуфтаанд, ки он ба сабаби банд кардани бухор атса оварад, вале шояд ин ба сабаби он бошад, ки қувваҳои зудоянда ва боздорандаи он андар мағзҳои фазлаҳояшон тунук зидди якдигар кор кунанд. Худи гул барои каси мағзаш гарм атсаоваранда аст. Тухми гул ва инчунин бо матбух ҷӯшонидаи он вораҳоро мустаҳкам кунанд ва дардҳои гӯшҳоро низ суд бахшад.
Андомҳои чашм: Дарди чашмеро, ки аз гармӣ бошад, фурӯ нишонад. Ҷӯшонидаи гули хушкро агар ба чашм бикашанд, ситабрии пилкҳоро низ [суд бахшад].
Равған ва оби фишурдаи он низ чунин бошанд. Гул рамадро ба шарте судманд аст, ки агар сарҳои зиёдатии сафеди онро бурида биандозанд.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар гулобро якқултӣ биошоманд, аз беҳуш шудан суд бахшад. Фишурдаи гул ва оби шохаҳои он аз барои хунпартоӣ хуб аст. Кулоҳакҳои он низ чунин буванд.
Андомҳои ғизокашӣ: Гул аз барои ҷигар ва меъда хуб аст. Парвардаи он бо ангубин, яъне гулангубин меъдаро қавӣ гардонад ва гувориданро ёрӣ расонад. Гул ва фишурдаи он аз тарии меъда судманд аст. Равғани гул ва инчунин бо худи гул тило кардани меъда афрӯхтагии меъдаро хомӯш кунанд. Шароби гул каси андар меъда истирхо доштаро нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: [Равғани гулро] бо пар бар мақъад тило кардан дарди онро ва дарди раҳмеро, ки аз гармӣ бошад, фурӯ нишонад. Ҷӯшонидаи гули хушк низ чунин бошад ва ин аз барои дардҳои рӯдаи рост нофеъ аст. Ҷӯшонидаи онро аз барои решҳои рӯдагон ҳуқнарезӣ кунанд.
Инчунин шароби онро аз барои [решҳои рӯдагон] биошоманд. Бар фарози гулҳои паҳнкарда хобидан шаҳвати боҳро қатъ кунад. Гули тоза гоҳе исҳол оварад ва аз даҳ дирамсанги он даҳ бор нишастан лозим ояд. Хушки он исҳол наоварад. Равғани гул шикам оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ