Қонуни тиб

Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум онро «миён»2, гоҳе «асфороғус»3 ва гоҳе «мавоқансус»4 хонанд. Бархе аз мардум гуфтаанд, ки агар шохҳои гӯсфандонро бурида, андар замин бигӯронанд, аз онҳо ҳалюн бирӯяд».
Табъ: Ҷолинус гуфтааст, ки морчӯба муътадил аст, зеро ба ҷуз морчӯбаи харсангӣ дигар ҳама ба таври намоён на дорои гармифизоист ва на сардифизоӣ. Ман гӯям, ки морчӯба аз гарм будан дур нест ва ҳар андоза, ки сахт шавад, гармияш шиддат ёбад ва бар он шири исфидак ширии ниҳоят тезе падид ояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: қуввааш зудоянда аст. Он суддаҳои ҳамаи андомҳои андарунӣ ва хусусан ҷигару гурдаро бикушояд. Морчӯба ва хусусан навъи харсангии5 он дорои ҳалкунандагист.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Оби ҷӯшонидаи онро аз барои дарди миён ва қавин биошоманд.
Андомҳои сар: Ҷӯшонидаи бехи он, агар онро бо сирко ҷӯшонида бошанд ва инчунин худи бех ва тухми он ҳамагӣ аз дарди дандони курсӣ хубанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигарро бикушояд, ярақонро судманд бошад ва маниши гаштан оварад.
Андомҳои ронанда: Руфус даъво кардааст, ки морчӯба табиат бибандад ва шояд ин ба сабаби пешобро тозондани он бошад, вале каси дигар гӯяд, ки пухтаи он табиат нарм бикунад. Аммо аксарият гӯянд, ки он аз қулинҷи балғамӣ ва бодӣ судманд аст ва ҷӯшонидаи бехи он пешобро битозонад. Морчуба ба сахтӣ омадани пешобро суд бахшад, манӣ ва боҳро биафзояд ва душвории зоишро осон гардонад. Тухми онро агар ба зер баргиранд, низ хуни ҳайзро битозонад ва суддаҳои гурдаро бикушояд.
Заҳрҳо: Агар бо шароб морчӯбаро биҷӯшонанд, аз ғунда газида судманд бошад ва гуфтаанд, ки оби ҷӯшонидаи он сагонро бикушад.
200. ҲАРТУМОН – ҲАРДУМОН, СУЛӢ
Avena sativa L.
Моҳият: Ин донаест, ки қувваташ чун қуввати ҷав, балки миёни гандум ва ҷав бошад. Пист ва далидаи он аз пист ва далидаи ҷав гирандатар аст.
Табъ: Муътадили моил ба тарист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бе сӯзиш овардан хушк бикунад ва андар он ҳам ҳалкунандагӣ ва ҳам гирандагӣ якҷоя бошад.
- ҲИЮФОҚАСТИДОС1 – ҲИЮФОҚАСТИДОС
Cytinus hypocistis L.
Табъ: Сарди моил ба хушкист.
Моҳият: Ин фишурдаи растаниест, ки онро «риши буз» номанд. Фишурдаи он сарди гиранда аст ва мо инро андар фасли ҳарфи «лом» ҳангоми зикри «лиҳятут-тайс» («риши буз») ёд кунем2. - ҲАРНУВА – САМАРИ ДАРАХТИ УД
Fructus Aloexylon (Aloexylon agallochum Lour.) Моҳият: Ин чизест, ки шабеҳ ба мурч аст, вале моил ба зардист. Ин хушбӯй буда, ба уд монандӣ дорад ва онро аз кишвари Суфола1 оваранд.
Табъ: Муътадил аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро қавӣ, гуворишро беҳ ва иштиҳоро афзун кунад. - ҲИРАҚЛУС – ҲИРАҚЛУС, мӯрчатухмак, сафаргиёҳ Lithospermum officinale L.
Моҳият: Ҳирақлус ҷинсе аз тараи даштист. Ҳунайн гуфтааст, ки ин хассу-л-ҳимор (харкоҳу) аст1. Мо инро ҳангоми зикри ҳарфи «хо» ёд хоҳем кард.
Табъ: Сарди тар аст ва дорои хушкиоварӣ, андаке гармкунӣ ва гирандагист.
Хосиятҳо: Ҳирақлус, чунонки гуфтаанд, дорои гирандагии муътадил бувад. - ҲАШТДАҲОН – ҲАШТДАҲОН
Aquilaria agallocha Roxb.
Моҳият: Ин уди ҳиндист ва тоҷирон онро донанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Хосияташ ин аст, ки ниқрисро суд бахшад. - ҲАРИСА – ҲАРИСА
Моҳият: Ин таъоми маъруф аст.
Оростагӣ: Ҳариса фарбеҳ кунад ва касеро созгор бувад, ки хушкандом аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Дергувориш ва серғизост.
Ин буд поёни гуфтор андар баёни ҳарфи «ҳо» ва он иборат аз дувоздаҳ номгӯй доруст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ