Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Навъе аз он зарди норасид, навъе сиёҳи ҳиндии бағоятрасида ва фарбеҳтар, навъе кобулӣ буда, аз ҳамаи [навъҳои он] бузургтар аст ва навъе чинӣ буда, борики сабук бувад.
Ихтиёр: Беҳтарини он зарди ниҳоят зарди моил ба сабзӣ, гарон, пурра ва сахт бошад. Намуди беҳтарини навъи кобулӣ онест, ки фарбеҳтар ва гаронтар буда, ба зери об биравад ва рангаш ба сурхӣ бизанад. Беҳтарини намуди [навъи] чинӣ онест, ки минқордор бошад.
Табъ: Гӯянд, ки ҳалилаи зард гармтар аз сиёҳ аст ва [низ] гӯянд, ки [навъи] ҳиндӣ назар ба кобулӣ камтар гарм аст. Ҳамаи [навъҳои ҳалила] андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи навъҳои ҳалила зардаро хомӯш кунанд (298) ва аз он суд доранд.
Оростагӣ: Ҳалилаи сиёҳ рангро зард кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Ҳалилаҳо ҳама аз ҷузом судманданд.
Андомҳои сар: Ҳалилаи кобулӣ ҳоссаҳо, ҳофиза ва ақлро суд дорад ва инчунин аз сардард нофеъ бувад.
Андомҳои чашм: Ҳалилаи зард чашми ба истирхо гирифторро суд бахшад ва кашидани он моддаҳои ба сӯи чашм фурудояндаро бигардонад.
Андомҳои сина: Ошомидани ҳалила хафақон ва ба ваҳшат омаданро суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳалила аз барои дарди испурч судманд аст. Хусусан ду навъи сиёҳи он ҳамаи афзорҳои ғизокаширо суд доранд ва хусусан парваридаи онҳо меъдаро қавӣ созад. Ҳалила ғизоро бигуворад ва бо дибоғат додан, пок кардан ва хушк кардан пурзҳои меъдаро қавитар бигардонад. Ҳалилаи зард аз барои меъда дибоғатдиҳандаи хубест. Навъи сиёҳи он низ чунин бошад, вале навъи чинӣ андар таъсир нотавонтар аз кобулӣ бувад.
Навъи кобулӣ маниши гаштан оварад ва аз истисқо судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Ҳалилаи кобулӣ ва ҳиндии бо равғани зайтун бирёнкарда табиат бибанданд. Навъи зард сафро ва андаке балғамро ба исҳол оварад. Ҳалилаи сиёҳ савдоро ба исҳол оварад ва аз бавосир судманд бошад.
Ҳалилаи кобулӣ савдо ва балғамро ба исҳол берун кунад.
Гуфтаанд, ки ҳалилаи кобулӣ аз қулинҷ суд дорад. Як ошомиданӣ аз ҳалилаи кобулии таркарда аз барои исҳол овардан аз панҷ то ёздаҳ дирамсанг ва аз тарнокардаи он то ду дирамсанг аст. Вале ман гӯям, ки аз кӯфта ва андар об ҳалкардаи ҳалилаи зард то даҳ дирамсанг ва беш аз он ошомидан мумкин аст.
Табҳо: Ҳалилаи кобулӣ аз табҳои куҳан судманд аст.
196. ҲИЛ БАВВО ВА ҲОЛ БАВВО – ҲИЛИ БӮВО
Amomum melegueta Rosc. seu Elettaria cardamomum White et Matton Моҳият: Ин хирбувост1 ва он латифтар аз қоқула аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар севвум хушк аст.
Хосиятҳо: Ҳили бӯво латиф аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷигару меъдаи сардро қавӣ бигардонад ва таомро нек бигуворад.

  1. ҲАЗОРҶАШОН – ҲАЗОРГАШОН
    Bryonia alba L.
    Моҳият: Меваи он ба хӯшаи ангур монанд аст ва чармгарон онро ба кор баранд. Он чи ки аз он ба наздики доруфурӯшон бошад, пораҳои чӯбиест, ки ба шафтолу монанд буванд. Вай андар ибтидои хоидан бемаза буда, сипас талхӣ зоҳир кунад. Мо андар баёни он андар фасли ҳарфи «фо» ҳангоми зикри «фоширо» ба тафсил сухан хоҳем ронд1.
  2. ҲИНДАБО – КОСНӢ
    Cicorium intubus.
    Моҳият: Косниро навъе даштӣ ва навъе бӯстонист. Он ду синф буда, яке паҳнбарг ва дигар борикбарг аст. Коснӣ ба ҷои коҳу биистад, лекин, чунонки гуфтаанд, андар хислатҳои хеш пасттар аз он бувад. Ба наздики ман коснӣ ҳарчанд андар хомӯшкунӣ ва ғизобахшӣ пасттар аз коҳуст, вале андар кушодан ва барои суддаҳои ҷигар суд доштан аз он бартар аст.
    Ихтиёр: Судмандтарини онҳо барои ҷигар талхтарини онҳост.
    Табъ: Коснӣ андар охири дараҷаи якум сард аст. Хушки он андар дараҷаи якум хушк ва тари он андар охири дараҷаи якум тар бувад. Коснии бӯстонӣ сардтар ва тартар аст. Талхии он гоҳе андар тобистон зиёдтар гардида, онро андаке ба сӯи гармӣ бигардонад ва таъсир накунад. Коснии даштиро рутубат камтар аст ва ин тарахшақуқ бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Суддаҳои андомҳои андарунӣ ва рагҳоро бикушояд. Вай ба таври дуруст қабз кунад, вале начандон сахт. Оби онро бо сафеда ва сирко тило кардан аз барои сард сохтани чизе, ки онро сард сохтан бихоҳанд, бисёр аҷиб аст.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз он барои ниқрис зимод ниҳанд.
    Андомҳои чашм: Аз чашмдарди гарм судманд аст.
    Шири коснии даштӣ сафедии чашмро бизудояд.
    Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Косниро бо орди ҷав барои хафақон зимод кунанд ва он дилро қавӣ бигардонад. Агар хиёршанбарро андар оби он ҳал карда, бо он ғарғара кунанд, аз омосҳои гулӯ судманд бошад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Коснӣ маниши гаштан ва ангезиши сафроро бинишонад, меъдаро қавӣ гардонад ва беҳтарини доруҳо барои меъдае бошад, ки бадмизоҷии гарм дорад. Коснии даштӣ барои меъда хубтар аз бӯстонист. Гуфтаанд, ки он барои мизоҷи ҷигар ҳар гунае набошад, созгор аст. Аммо барои мизоҷи гарм сахт созгор аст ва мизоҷи сардро мисли дигар синфҳои тараҳои сард зиён нахоҳад овард.
    Андомҳои ронанда: Коснӣ ва хусусан даштии онро агар бо сирко бихӯранд, шикамро бибандад.
    Табҳо: Таби чаҳоррӯзӣ ва табҳои сардро судманд аст.
    Заҳрҳо: Агар онро бо бехаш бар газидагии каждум, ҷунбандагони зиёнкор, занбӯрҳо, морҳо ва карбоса зимод кунанд, суд бахшад ва бо пист [зимод кардани он] низ чунин бувад.
  3. (299) ҲАЛЮН1 – МОРЧӮБА, сарсабил Asparagus officinalis L.
пешина
аз 1215
навбатӣ