Қонуни тиб

Равғани беданҷир исҳол оварад ва кирми кадудонаро берун кунад. Равғани бодом аз барои дардҳои гурда, наомадани пешоб ва санг ва аз барои дардҳои обгаҳ, (297) раҳм ва ихтиноқи раҳм хуб аст.
Равғани савсан зоиданро осон кунад ва ошомидан ва ё ҳуқна рехтани он дардҳои раҳмро фурӯ нишонад. Андар ҳамаи ин корҳо равғани ҳулба низ судманд аст ва низ аз барои сахтии раҳм, решҳои ғарбелаки он ва сахтии зоиш [суд дорад]. Равғани беданҷир аз омосҳои мақъад, часпидани раҳм ва бозгуна шудани он нофеъ аст.
Табҳо: Равғани бобуна ҳангоми табҳои дарозмуддат беҳтар аз равғани гул аст ва равғани шибит аз барои табларза хуб бошад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини равғани баласон мурри моеъ аст ва ё як чанди вазни он равғани додӣ бо ним чанди вазни он равғани норгил ва ба қадри чаҳоряки вазни он равғани куҳани зайтун ҷои он бигиранд. Ҷойнишини равғани даҳмаст зифти тар аст, ҷойнишини равғани савсан равғани даҳмаст аст ва ҷойнишини равғани газна равғани коҷира буда, вале аз он заифтар бошад. Ҷойнишини равғани ҳино равғани марзангуш, ҷойнишини равғани нилуфар равғани гул ва ё равғани бунафша аст. Ҷойнишини равғани беданҷир равғани турб ва ё равғани катон аст, вале ба нисбати равғани катон ин ҳукм баръакс нахоҳад буд.
191. ДУРРОҶ – ДУРРОҶ, КАБКИ КАР
Attagen francolinus
Моҳият: Ин маъруф аст. Гӯшти он беҳтар аз гӯшти
кабк ва фохтаҳо аст ва аз гӯшти тазарв бештар муътадил, латиф ва хушк буда, гармияш камтар аз он бувад.
Андомҳои сар: Гӯшти дурроҷҳо мағз ва фаҳмро афзун кунад.
Андомҳои ронанда: Гӯшти дурроҷ маниро нек биафзояд.
192. ДОРКИСА1 – ДОРКИСА
Myristica fragrans Houtt.
Моҳият: Ин пӯстлохи ҳиндии сахт гиранда аст.
[Феълҳо ва] хосиятҳо: Доркиса гиранда бувад.
Андомҳои нафасгирӣ: Аз барои хунпартоӣ ва барсом хуб аст ва овозро равшан кунад.
Андомҳои ронанда: Аз решҳои рӯдагон судманд аст.
193. ДАРУБИТОРИС1 – САРАХСИ БУЛУТӢ
Asplenium adianthum nigrum L.
Моҳият: Ин чизест, ки бар гирди булути куҳан бипечад ва ба сарахс шабеҳ буда, аз он хурдтар ва камтар пароканда аст. Вай дорои бехҳои ба ҳам печида буда, [мазааш] ширини омехта бо тезӣ ва талхист. Дарубиторис баробари қувваи уфунатоваранда доштан гиранда аст.
Табъ: Гарми сахт гармидиҳанда ва хушк аст.
Оростагӣ: Мӯйро тунук сохта, бирезонад ва ба иллати уфунатоварӣ ва тезияш [мӯйро] нобуд кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гурӯҳе гуфтаанд, ки он аз фалаҷ ва лақва судманд аст.
Ин буд охирин сухан аз ҳарфи «дол» ва он иборат аз бисту шаш номгӯй доруст.
Фасли панҷум
гуфтор андар баёни ҳарфи «ҳо» /ه/
- ҲИЮФОРИҚУН1 – МАРВИ ДАШТӢ, ЧОЙКАҲ
Hypericum perforatum L.
Моҳият: Ин шохаву гули совида шуда ва донаҳоест,
ки зарди моил ба сурхӣ буда, шаклан ба тутум монанданд, вале сурхияшон ба андозаи сурхии он намерасад.
Ихтиёр: Ҷолинус гуфтааст, ки танҳо ба як гулаш кифоят накунанд, балки аз самари он [низ ба бемор] бидиҳанд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар охири ин дараҷа хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳалкунандаи омосҳо ва табишҳо, латифкунанда, кушоянда ва гудозанда аст.
[Омосҳо ва табишҳо: Аз омосҳои сард ва сахтии бузург судманд аст]2.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз барги он зимод ниҳодан оташ
сӯхтаро суд бахшад ва ҷароҳатҳои бузург ва решҳои бадро фароҳам оварад. Агар онро кӯфта, бар решҳои фурӯҳишта ва гандида бипошанд, судманд бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо шароб пухтаи он аз дарди сурин ва қавин судманд аст ва хусусан агар онро чиҳил рӯз пайдарпай биошоманд, қавинро беҳ кунад.
Андомҳои ронанда: Пешобро битозонад ва ҳайз тозондан аз хосияти ӯст. Самари он талхаи сиёҳро ба исҳол берун кунад.
Ҷойнишинҳо: Як баробари он аз гӯргиёҳ ва як баробари он аз бехи кабар ҷои он бигиранд.
195. ҲАЛИЛАҶ – ҲАЛИЛА
Terminalia chebula Retz.; Т. citrina Roxb.; T. horrida
Stend.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки ҳалила маъруф аст ва он навъҳои зиёде дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ