Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар хуни бехҳои хундори парҳои ин парандаҳоро бичаконанд, низ [суд бахшад]. Ҷолинус гуфтааст, ки бе ин ҳам бениёзист.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Хуни бум аз барои дамкӯтоҳӣ низ сахт судманд аст. Шӯрбо ва гӯшти он низ чунин буванд. Гуфтаанд, ки хуни шабпара пистонро чун пистони дӯшизагон бидорад, вале ин гуфта беасос бувад. Аммо хуни тару тозаи бузғола бошад, чунин аст, ки агар як уқия аз онро пеш аз сахт шудан гирифта, бо сирко биомезанд ва се рӯз гарм карда биошоманд, қаи хуниро суд бахшад, чунки гурӯҳе ба мушоҳида донистаанд, ки ин низ судманд аст.
Андомҳои ронанда: Ба зер баргирифтани хуни ҳайз, чунонки гуфтаанд, аз обистан нигоҳ дорад. Хуни бузҳои нар, бузи мода ва гавазн, ки хушк карда, бирён карда бошанд, исҳолро бибандад. Гоҳе хуни бузро бо ангубин биошоманд, аз зусанториё суд бахшад. Хуни хушконидаи нарбуз санги гурдаҳоро хурд кунад.
Заҳрҳо: Хуни бирёнкардаи буз, ё гавазн ва ё харгӯшро агар бо шароб биошоманд, аз зиёни тирҳои арманӣ судманд бошад. Хуни саги девона низ чунин бувад. Инчунин хуни саг ба гуфтаи беасоси баъзеҳо, [хусусан Дисқуридус]2, аз газидагии саги девона нофеъ будааст.
189. ДИНОРУЯ – ДИНОРӮЯ
Echinophora tenuifolia L.
Ин «ҳазо»1 ва «зуфаро»2 аст ва он чи ба манфиатҳои он тааллуқ дорад, мо андар фасли ҳарфи «зо» ҳангоми ёдоварии «зуфаро» ёд хоҳем кард.
190. ДУҲН – РАВҒАН
Oleum
Моҳият: Ин маъруф аст. Равғани баласон ёд карда шуд. Равғани беданҷир ва равғани турб андар қувват ба якдигар монанданд (296) ва ҳар ду ҳалкунандаанд. Қавитаринашон равғани беданҷир аст, ҳарчанд равғани турб гармтар аст ва ба равғани куҳани зайтун монандӣ дорад.
Табъ: Равған андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Равғани савсан ва равғани ёсамин ҳар ду андар дараҷаи севвум гарми хушканд. Равғани газна ва равғани коҷира андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум таранд. Равғани наргис андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум тар аст. Равғани хайрӣ андар дараҷаи дуввум гарми тар бувад. Равғани бон ва равғани бодоми талх низ ҳамин тавранд. Равғани сарнавдаҳои ток, равғани гул ва равғани себ андар сардифизоӣ ва гирандагӣ ба ҳам наздиканд. Равғани биҳӣ низ чунин бувад. Равғани бобуна ба таври муътадил гарм аст ва равғани шибит бад-он монад, вале гармтар аз он бувад. Равғани наргис андар қувваҳо ва феълҳои хеш ба равғани шибит наздик аст, лекин бӯяш тезтар буда, бинобар ин, мисли равғани шибит сарро созгор нест. Андар равғани бунафша гирандагӣ нест, лекин дорои як андоза сардифизоист. Равғани судоб ҳалкунанда бувад.
Мо андар ин ҷой роҳи сохтани равғанҳоро ёдоварӣ намекунем, балки инро андар Қарободин ёд хоҳем кард.
Инчунин равғанҳои мураккаберо, ки мисли равғани қуст ва равғани доршишиғон аз доруҳои бисёре таркиб ёфта

анд ва тарзи сохтану манфиатҳои онҳоро на андар ин ҷой, балки андар Қарободин ёд кунем.
Феълҳо ва хосиятҳо: Равғани бодом ва хусусан бодоми талх кушоянда аст. Андар равғани себ ва равғани биҳӣ хосияти гирандагӣ ва сардӣ бахшидан аст. Равғани бобуна дардҳоро фурӯ нишонад, зичшавиро бибарад ва бухорҳоро ҳал кунад. Равғани савсан нармкунанда ва қавигардонандаи андомҳо, пазонанда ва оромкунандаи
дардҳост. Равғани мурд андомҳоро сахт карда, қавӣ созад, беш аз равғани биҳӣ сардӣ оварад ва моддаҳои таровандаро боз дорад. Равғани судоб бодро сахт ҳалкунанда аст ва он чун равғани даҳмаст ва гармтар аз он бувад. Ҳар дуи инҳо дардҳои дерравро ором кунанд ва бодҳоро ҳал кунанд. Равғани қуст ҳангоми дигаргун шудани ҳолатҳои вабоии ҳаво судманд буда, дег ва ҳаворо бӯи хуш бидиҳад.
Оростагӣ: Равғани даҳмаст аз барои «бемории рӯбоҳ» [муфид] аст. Равғани мурд растагоҳҳои мӯйро мустаҳкам кунад ва мӯйро қавӣ ва сиёҳ гардонад. Равғани қуст ҷавонии мӯйро нигоҳ дорад. Равғани бодом бо ангубин ва хусусан [равғани бодоми] талх, бехи савсан ва муми гудохта аз ожангзадагии рӯй, аз доғи кунҷида, пайҳо ва монанди инҳо суд бахшад. Агар инро бо матбух бар [маҳалли] сабӯсадор тило кунанд, судманд бошад. Равғани беданҷир аз барои песӣ ва доғи кунҷида хуб аст. Равғани ҳулба аз барои ранги табаҳшуда, хусусан андар гирдогирди чашм хуб бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Равғани бодом аз омоси нимбаромадагӣ нофеъ аст ва равғани савсан барои сахтии дерина хуб буда, онро ҳал ва нест бикунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Равғани беданҷир аз барои табишҳои ситабр ва гар ва равғани ҳулба аз барои саъфа хубанд. Равғани мурд аз решҳо судманд аст ва равғани қуст гар ва хоришро зуд бибарад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани бодом аз нимбаромадагӣ ва равғани бобуна аз мондагӣ судманданд.
Равғани савсан ва равғани шибит низ чунинанд ва низ аз барои каси сармозада [нофеъанд].
Андомҳои сар: Равғани бодом аз сардард, дилзадани гӯш ва бонг задану садо додани он суд дорад. Равғани бодоми талх серманфиати латиф буда, бештари манфиати он барои гӯш, суддаҳои он, бонг задани он ва аз барои кирми андар он падидоянда бувад. Равғани гул аз барои афрӯхтагии мағз ва аз барои ибтидои зоҳиршавии омосҳо ниҳоят хуб аст ва қувваи мағз ва фаҳмро зиёда кунад.
Он моил ба иътидол аст. Бинобар он, Ҷолинус чунин даъво дорад, ки [равғани гул] тани сахт сардро гарм ва тани гармро сард кунад. Ғолибтари ҳукми ӯ ба наздики ман ин аст, ки баданҳои гармро муътадил гардонданаш беш аз он аст, ки баданҳои сардро гарм бигардонад. Равғани даҳмаст ва равғани судоб ҳар ду барои дардҳои деррави сар хубанд. Равғани ҳулба аз барои сабӯсаи сар ва равғани беданҷир аз барои решҳои сар, омосҳои андар он падидоянда ва аз барои дарди гӯш судманданд.
Андомҳои ғизокашӣ: Равғани бодом аз барои испурч хуб ва бар меъда гарон аст.
Андомҳои ронанда: Равғани газна ва равғани коҷира табиат бикушоянд. Равғани гул агар моддаро дарёбад, ки муҳтоҷ ба лағжидан бошад, табиат бикушояд ва гоҳе исҳоли сафровиро боз дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ