Қонуни тиб

-
ДУҚУ1 – ТУХМИ ГАЗАРИ ДАШТӢ
Semen Dauci (Daucus carota L.) Феълҳо ва хосиятҳо: Он сахт кушоянда аст.
Андомҳои ронанда: Пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва аз барои ҳар ду судманд бувад.
Моҳият: Ин тухми газари даштист ва тафсили ҳоли он андар боби «газари даштӣ» оварда шуд2.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар аввали ҳамон дараҷа хушк аст.
186 ДАМУ-Л-АХАВАЙН – ХУНИ СИЁВУШОН
Pix Dracaenae (Dracaena draco L.) Моҳият: Ин оби фишурдаи сурхи маъруф аст.
Табъ: Чандон гарм нест. Бархе [пизишкон] гуфтаанд, ки он сард аст. Аммо хушкияш андар дараҷаи дуввум бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: хуни сиёвушон хунро бибандад ва хунравиро боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳо ва ҷароҳатҳои тозаро бичаспонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Табиат бибандад ва аз саҳҷу кафидагиҳои мақъад судманд бошад.
Ҷойнишинҳо: Ба даъвои баъзеҳо коҳу андар ҳама ҳолатҳо ҷои он бигирад. -
ДАНД – ДАНД, ҲАББУССАЛОТИН,
ТУХМИ БЕДАНҶИРИ ЧИНӢ
Semen Crotonis (Croton tiglium L.) Моҳият: Чинии он мисли писта ва шиҳрии он мисли беданҷири сурх буда, холҳои сиёҳ дорад. Навъи ҳиндӣ хурдтар аз чинӣ, вале бузургтар аз шиҳрист ва мағзаш хокиранги моил ба зардист. Яке аз хосиятҳои данд ин аст, ки ба гузашти замон мағзи он хурдтар шуда, ҳатто тамоман нест шавад, вале андар шаҳри худ дер бимонад.
Ихтиёр: Навъи чинӣ беҳтар ва қавитар аст ва баъди он ҳиндӣ биистад. Навъи шиҳрӣ бади дертаъсир буда, тоса ва печиши ноф ба амал оварад. Данди чиниро боистӣ бо оҳанпора пӯст кард ва ба он даст нарасонд, зеро он ранги [пӯст] бибарад ва чизе чун песӣ падид орад.
Онро чун пӯст боз кунанд, аз зери он забончаи борике барояд, ки қариб ба қадри ним дона бувад. Бояд он забончаро барандохт ва мағзро гирифт.
Табъ: Данд сахт гарм аст.
Оростагӣ: Истифроғ кардан бо данд омехта бо чизе, ки онро нарм бикунад, сиёҳии мӯйро нигоҳ дорад.
Андомҳои ронанда: Ба ифрот шикам оварад. Як ошомидании он якуним ҳабба бувад. Данд рутубатҳо, савдо ва балғами андар пайвандгоҳҳо бударо ба исҳол берун оварад. Онро фақат андар шаҳри сард ва ба каси сардмизоҷ бидиҳанд, биошомад ва танҳо наошомад. Гоҳе аз ислоҳкардаи он то ду донг ҷуръат карда бидиҳанд, лекин касеро бидиҳанд, ки мизоҷи қавӣ ва тоби исҳол дошта бошад. Дандро боистӣ кӯфт ва бо нашоста ва андаке заъфарон биомехт. Агар бо он доруҳои исҳоловар омехтанӣ бошанд, набояд бо он фурбиюн ва ҳар гуна доруи тезеро биомехт, балки боистӣ бо он, масалан, аз турбид, шири хар, фишурдаи (295) афсинтин, хасакдонаи ҳиндӣ ва куркум ба андозаи ду панҷяк биомехт. -
ДАМ – ХУН
Sanguis
Моҳият: Хуни мардум ва хуни хук андар ҳама ҷиҳат ба якдигар монанданд ва гӯштҳояшои [низ] андар ҳама бора ба ҳам наздикӣ доранд. Ҳатто як кас гӯшти мардумро гӯшти хук гуфта мефурӯхтааст ва то вақте ки андар он ангушти инсонро наёфтаанд, ин кор ошкор нашудааст. Гуфтаанд, ки агар касе бихоҳад чизеро барои хуни мардум бисанҷад, бояд бар хуни хук онро бисанҷад, зеро хуни хук ҳарчанд ба қувват аз хуни мардум нотавонтар аст, вале монанди он бувад. Мо чизҳои андар баёни хун гуфта шударо хоҳем навишт, вале бештари онҳо қобили эътимод нест.
Ихтиёр: Хунеро, ки андар доруҳо ба кор баранд, бояд аз ҳайвоне бигиранд, ки тандуруст бошад ва ягон хилт ва уфунате бар вай ғолиб набошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хуни аспон сӯзонандаи уфунатоваранда аст ва ҳамаи [навъҳо] ва хусусан ситабри он душворгузар аст.
Оростагӣ: Хуни харгӯш гарм буда, агар онро барои баҳак ва доғи кунҷида тило кунанд, судманд аст. Хуни шабпара, ба тавре ки нақл кунанд, рӯидани мӯйро боз дорад, вале ин дуруст нест. Лекин хуни ғуки сабз ва хуни канаи бузург бештар монеи он бошанд. Хуни шабпара, чунонки гуфтаанд, пистонро бар ҳоли хеш нигоҳ дорад, вале ин ба таҳқиқ нарасида аст.
Омосҳо ва табишҳо: Хуни харгӯш омосҳои гармро зуд бипазонад ва хуни нарбуз низ чунин бошад ва онро баъди баста гаштан ба кор баранд. Хуни ҳайзро, чунонки гуфтаанд, бар оташак, хуни барзаговро гармогарм бар омосҳои сахт ва хуни харгӯшро гармогарм бар табишҳои ширӣ бимоланд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гуфтаанд, ки чун хуни ҳайзро бар ниқрис бичаконанд, онро суд бахшад.
Андомҳои сар: Хуни кабӯтар, канод (кабӯтари саҳроӣ) ва ғамхӯракро гармогарм бар шикастагии сар ва дарднок бичаконанд. Агар хунро бо равғани нимгарми гул биомезанд, ба вуҷуд омадани омосеро, ки аз афтидан падид ояд, боз хоҳад дошт. Ҷолинус гуфтааст, ки ин ба сабаби нимгармии кайфияти он аст, на ба иллати чизи дигаре ва агар хунро андохта, равғани гулро нимгарм ба кор мебурданд, низ чунин кор ҳамекард. Он чи ки андар бобати хуни мокиён гуфтаанд, низ чунин бувад. Аммо хуни кабӯтар1 хуни бинии аз пардаи мағз ояндаро нигоҳ дорад. Хуни сангпушти хокиро бо шароб аз барои саръ биошомонанд ва хуни барра низ чунин бошад. Гуфтаанд, ки хуни шутур аз саръ судманд аст, вале ин дуруст нест. Ҷолинус гуфтааст: «Зеро он на бад-он андоза бурандаи қавист». Ман гӯям: «Ҳарчанд ин бо таҷриба дуруст шудааст, вале мумкин аст на ба қувваи берунае, балки ба хосияти андар хун ҷой дошта вобаста бошад».
Андомҳои чашм: Хуни варал ва сусмор чашмро қавӣ кунад. Хуни буқаламун мӯйро андар пилкҳо рӯидан нагузорад. Хуни ғукҳои сабз, чунонки гуфтаанд, низ чунин бошад, лекин бо таҷриба ба таҳқиқ нарасида аст. Хуни кабӯтар, канод ва ғамхӯрак ва хусусан хуни рагҳои боли онҳоро бар хунпечидагӣ бичаконанд. Хуни фохтаҳо низ чунин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё