Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои сар: Испанд чун маст кардани хамр қувваи масткунанда дорад.
Андомҳои чашм: Дисқуридус гуфтааст, ки агар испандро бо ангубин, шароб, талхаи кабк ва ё мокиён ва бо оби бодиён бисованд, нотавонии биноиро созгор бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Испанд сахт маниши гаштан оварад.
Андомҳои ронанда: (316) Ошомидан ва тило кардани он пешоб ва хуни ҳайзро сахт битозонад. Ошомидан ва тило кардани он қулинҷро низ судманд бошад.
249. ҲИЛТИТ1 – АНГУЖАД, САМҒИ КАМОЛ
Gummi Ferulae (Ferula assa-foetida L.)
Моҳият: Дисқуридус андар китоби хеш гуфтааст, ки ангужад самғи ангудон аст: Бад-ин тариқ ки бех ва соқи онро бибуранд, сипас баъди буридан аз он ангужад битаровад. Ангужадеро, ки аз сарзамини Қуриниё оваранд, агар ба забон бирасонанд, худи ҳамон замон андар тамоми тан чизе ба намуди хушкгар падид ояд. Бӯи он чандон бад нест ва бинобар он аз чашидани он бӯи даҳон сахт тағйир наёбад. Навъи дигар аз ангужад ба суриёс2, яъне «шомӣ» маъруф аст. Ин ба қувват заифтар аз қуриниёс3 аст. Ҳамаи намудҳои ангужадро пеш аз хушк шудан бо сакбина ва ё бо орди боқилӣ мағшуш ва сиришта созанд.
Мағшуши онро аз тариқи маза, бӯй ва ранг бишиносанд.
Бархе аз мардумон соқи ин растаниро «силфиюн»4 хонанд. Бехи онро «моғиторис»5 номанд ва он маҳрус бувад. Қавитарин бахши он самғ, сипас барг ва баъд аз он соқаш аст. Гоҳе андар кишвари Лубия6 чизе бирӯяд, ки ба бехи растании ангудон шабоҳат дорад, вале аз он бориктар буда, тез аст ва на он самғеро дорад, ки аз силфиюн бигиранд7. Ин [низ] чун [силфиюн] таъсир кунад.
Умуман, ангужад ду намуд аст: яке хушбӯй ва дигаре бадбӯй, ки бӯяш қавӣ нест. Гармтарини он навъи бадбӯйи он аст ва он аз миёни ҳар ду аз ҳама ҷиҳат бештар табиати оташӣ дорад. Ин навъ аксар қайрувонист.
Ихтиёр: Беҳтарин ангужад онест, ки ба сурхӣ бигарояд, равшан ва шабеҳ ба мурр буда, бӯяш қавӣ бошад ва ба бӯи гандано монанд набошад. Рангаш сабз набошад, бадмаза набошад, зуд гудохта гардад ва чун [андар об] ҳал кунанд, рангаш ба сафедӣ бигарояд.
Табъ: Андар ибтидои дараҷаи чаҳорум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Ангужад ба сабаби ҳалкунандагии хеш бодҳоро бишканад ва биронад, вале бо вуҷуди он бодангез бувад. Ангужад хуни андар тиҳигоҳи [андом] сахт шударо бурида, ҳал кунад.
Оростагӣ: Агар онро бо сирко ва мурч бимоланд, «бемории рӯбоҳ»-ро суд бахшад ва агар онро андар хӯрданиҳо афканда, ба кор баранд, рангро хуб кунад. Ангужад озахҳои мисмориро бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар омосҳои палиди миронандаи андомро бурида, бар онҳо ангужад бипошанд, суд бахшад ва он ҳангоми муолаҷаи решҳои ғарбелаки берунию андарунӣ хуб аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ангужад аз парюнҳо судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар онро бо оби анор биошоманд, аз гусехтани мушакҳо суд бахшад. Агар як убу

лус ангужадро, чунонки гуфтаанд, гирифта, бо мум биомезанд ва фурӯ баранд ва ё бо шароб ҳамроҳи мурчу судоб биошоманд, аз тамаддуд ва фалаҷ барин дардҳои асабҳо судманд бошад.
Андомҳои сар: Ангужадро андар тиҳигии курсиҳои кирмхӯрда кунанд ва ё бо кундур омехта, ба дандон бичаспонанд. Он ба ҳангоми саръ кори фовониёро бикунад. Агар онро ғар-ғара кунанд, девчаро аз гулӯ биканад.
Андомҳои чашм: Агар онро бо ангубин андар оғози фуруд омадани об бар чашм кашанд, хуб аст.
Андомҳои сина: Агар онро андар об афканда, обро қулт-қулт биошоманд, ҳолан овозро равшан кунад ва аз дуруштии деррави гулӯ суд бахшад. Агар онро бо хояи мурғ андак-андак биошоманд, сурфаи деррав ва шавсаи сардро судманд бошад ва ба ҳангоми омоси забонча кори замчро кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо анҷири хушк ба кор баранд, аз ярақон судманд бошад ва он яке аз чизҳоест, ки меъдаву ҷигарро зиён бирасонад.
Андомҳои ронанда: Ангужад аз бавосир суд дорад, боҳро қавӣ кунад, пешобу хуни ҳайзро битозонад ва аз печиши ноф ва аз решҳои рӯдагон судманд бошад. Фулус даъво дорад, ки ангужад ба изофаи қабз кардан дорои қувваи андаке исҳоловаранда аст, вале ба наздики ҳама маълум аст, ки он аз исҳоли деринаи сард суд бахшад.
Табҳо: Ангужад аз таби чаҳоррӯзӣ сахт судманд аст.
Заҳрҳо: Ангужадро бар газидагии саги девона, ҷунбандагони зиёнкор ва хусусан [бар газидагии] каждум ва ғунда биниҳанд. Ошомидан ва бо равғани зайтун тило кардани он аз ҷамиъи он [газидагиҳо] нофеъ аст, зиёни тирҳои заҳролудро бигардонад ва аз барои бархе аз заҳрҳо судманд аст.
250. ҲАНЗАЛ1 – КАБАСТ, харбузаи сагак, талхаккаду Citrullus colocynthis Schrad.
Моҳият: Ҳанзал маъруф аст. Навъе аз он нар ва навъе мода бувад. Нари он лифӣ буда, модаи он нарми сафеди ҳамвор аст.
Ихтиёр: Баргузидаи он сахт сафед ва нарми он бувад.
Сиёҳи он бад аст. (317) Сахти он [низ] бад бувад. Баъди чидани он дилаашро аз дарунаш набояд берун кард, балки ҳамон тавре ки ҳаст, бигузоранд, биистад, чунки агар чунин кор кунанд, он камқувват бигардад. Онро то вақте ки зард нагардида ва аз сабзӣ тамоман набаромада бошад, набояд чид, вагарна он зиёнвари бад хоҳад буд.
Гуфтаанд, ки бояд аз пӯсту донаи он дурӣ ҷуст. Агар андар буттаи он танҳо як ҳанзал бошад, ин бади қаттол аст.
Ҳанзали нари лифӣ қавитар аз модаи нарми он аст. Бояд андар судани он сахт муболаға кард ва ғарра бад-он нашуд, ки ниҳоят суда гардидааст, зеро агар ҷузъи андар ҳис хурди он ба рутубат дучор шавад, аз он дамида, ба кунҷҳои меъда ва хамгаштҳои рӯдагон бичаспад ва омос падид орад. Бад-ин сабаб боистӣ онро баъди судан бо оби ангубин тар карда, хушконид ва [бори дигар] бисуд.
Ислоҳ ва бартараф кардани зиёни он бо касиро беҳтар аз он аст, ки бо самғ бартараф кунанд, зеро самғ қувваи доруро бисёр фурӯ нишонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ