Қонуни тиб

Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо як чанди худ аз ротинаҷ ва як чанди худ аз мум пайвандгоҳҳоро нарм кунад.
Андомҳои сар: Омехтаи он бо ротинаҷ ва мум аз омосҳои сарди паси гӯш судманд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар мавизаки асалиро бо баъзе чизҳои қавигардонандаи он, мисли оҳак, бар испурч биниҳанд, [сахтии] онро бигудозад.
172. ДУД – КИРМҲО
Porphyrophora hamelu seu Coccus ilicis.
Моҳият: Қувваи кирми қирмиз, ки кирми рангрезон аст, чун қуввати сафеда, вале латифтар ва фурӯравандатар аз он бувад. Бархе гӯянд, ки ин кирмро аз чизҳои бисёр [гуногун], ҳатто аз булут ҷамъоварӣ кунанд.
Табъ: Кирми қирмизи нав сардкунанда аст ва ба андозаи қобили мулоҳаза хушкӣ дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Кирми қирмиз бе сӯзиш хушкӣ оварад. Ҷолинус гӯяд, (291) ки он дорои гирандагии муътадил аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Кирми қирмизи бо шароб ва ё бо сирко ва сагубин суда барои ҷароҳатҳои асаб судманд аст. Гуфтаанд, ки агар аз кирми бисёрпои зери кӯзаҳо камтар аз як мисқол биошоманд, ташаннуҷ ва кузози азобдиҳандаро беҳ кунад.
Андомҳои сар: Агар кирми бисёрпоеро, ки андар зери кӯза падид ҳамеояд, бо пӯсти анор ва равғани гул суда, андар гӯш бичаконанд, дарди онро ором кунад.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар кирми сурхеро, ки зери кӯзаи об падид ҳамеояд ва дорои пойҳои зиёд буда, ҳангоми даст расондан гирдашакл бигардад, бо ангубин ба зери гулӯ бибанданд, аз хуноқҳо суд бахшад ва хӯрдани он низ чунин бувад. Чунонки баъзеҳо даъво доранд, он аз барои дамкутоҳӣ ва нафаси росто судманд будааст.
Андомҳои ғизокашӣ: Кирми серпои ёдшударо агар бо шароб биошоманд, аз барои ярақон нофеъ бошад.
Андомҳои ронанда: Кирми серпои ёдшудаеро, ки зери хумраҳову кӯзаҳо падид ояд, агар бо шароб биошоманд, сахтии пешобро хуб бувад.
Заҳрҳо: Бо равғани зайтун судаи кирми тараҳоро агар ба маҳалли газидаи ҷунбандагони зиёнкор бимоланд, суд бахшад.
173. ДОДӢ1 – ДОДӢ, ТУХМИ МАРВИ ДАШТӢ
Semen Hyperici (Hypericum perforatum L.) Моҳият: Ин донаест мисли ҷав, сурхранг, вале гулаш дарозтар, бориктар ва тираранги талх аст.
Табъ: Ибни Мосавайҳ гӯяд, ки додӣ сард аст, вале дурусташ ин аст, ки он моил ба гармӣ буда, андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Додӣ гиранда буда, бо гирандагии худ табиат бибандад. Он набизи хурморо аз туруш шудан нигоҳ дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Додӣ сахтиҳоро хуб нарм кунад.
Андомҳои сар: Додӣ суддаовар аст.
Андомҳои ронанда: Он шикамро бибандад ва агар андар оби ҷӯшонидаи он нишинанд, дардҳои мақъад ва истирхои онро сахт судманд бошад. Агар ду дирамсанги
онро бо равғани зайтун ва уша биомезанд ва ҳамчун доруи хока ба кор баранд, аз бавосир суд бахшад.
Заҳрҳо: Додӣ аз заҳрҳо судманд бувад.
Ҷойнишинҳо: Барои ҳал кардани сахтиҳо ба қадри аз се ду ҳиссаи вазни он аз бодом ва ба қадри ними вазни он аз бурсғунда ҷои он бигиранд, вале барои занони обистан бурсғунда ба кор набаранд.
174. ДАҶОҶ ВА ДИК – МОКИЁН ВА ХУРӮС
Gallus bankiva Tem.
Моҳият: Ин ду маъруфанд. Шӯрбои пирхурӯс дорои хосиятҳоест, ки баъд ёд хоҳем кард. Намуди пухтани онро Ҷолинус чунин ёд кардааст: Онҳоро баъди парво кардан бикушанд. [Яъне], онҳоро ба ҳадде ғизо бидиҳанда, ки чун бархезанд, биафтанд ва баъд аз он бикушанд. Сипас чизҳои андарунияшонро берун кунанд ва шиками онҳоро бо намак пур карда, бидӯзанд ва бо бист қист об то ба се қутулӣ расидани он биҷӯшонанд. Баъд ҳамаи онро якбора биошоманд. Сипас андар ин чизҳое биафзоянд, ки мо андар ҳар як боб аз онҳо ёд кунем.
Ихтиёр: Руфус гӯяд: «Беҳтарин хурӯс онест, ки ҳанӯз фарёдӣ нашуда бошад ва беҳтарин мокиён онест, ки ҳанӯз ба хоя ниҳодан нарасида бошад. Пири онҳо бад бувад».
Табъ: Пиҳи чӯҷаҳо гармтар аз пиҳи мокиёнҳои пир аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хояи хурӯс хубкимус ва зудгувориш аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Шӯрбои ёдшудаи хурӯсҳо барои раъша ва дарди пайвандгоҳҳо созгор аст. Онро боистӣ бо баспоя, шибит ва намак андар бист қутулӣ об то ба сеяк ва ё чаҳоряк расидани он биҷӯшонанд.
Андомҳои сар: Гӯшти мокиёни ҷавон ақлро биафзояд ва мағзи мокиён хуни биниеро, ки, аз пардаи мағз ояд, боз дорад.
Андомҳои сина: Хурӯсшӯрбои ёдшуда аз барои дамкӯтоҳӣ суд дорад, гӯшти мокиён овозро равшан кунад, шӯрбои пирхурӯси бо шибит ва хасакдона аз ҳамаи [бемориҳои ёдшуда] судманд аст ва сапедбои чӯҷаӣ афрӯхтагии меъдаро бигардонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Хурӯсшӯрбо аз барои дарди меъда, ки аз бод хеста бошад, [муфид аст].
Андомҳои ронанда: Шӯрбои пирхурӯс бо баспояву шибит аз барои қулинҷ ниҳоят хуб аст. Гӯшти мокиёни ҷавон маниро биафзояд. Шӯрбои ёдшуда бо баспоя савдоро ва бо хасакдона балғамро ба исҳол берун кунад. Онро гоҳе аз барои саҳҷ бо доруҳои гиранда ва аз решҳои обгаҳ бо шир бипазанд.
Табҳо: Хурӯсшӯрбо аз барои табҳои деррав судманд аст.
Заҳрҳо: Мокиён ва ё хурӯси дилаш поракардаро зуд бар ҷои газидаи ҷунбандагони зиёнкор биниҳанд ва ҳар соате онро иваз кунанд, чунки ин кор заҳрро аз паҳн шудан боз дорад. Ҳангоми [ошомидани] заҳрҳои ошомиданӣ низ оби бо шибит ва намак ҷӯшонидаи онро хӯрда, қай оваранд.
175. (292) ДИМОҒ – МАҒЗИ САР
Cerebrum
Ихтиёр: Беҳтарини мағз мағзҳои парандагон ва хусу сан [мағзи парандагони] кӯҳист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё