Қонуни тиб

Аз мағзҳои чаҳорпоён мағзи шутур ва сипас ҷавонагов [хуб аст].
Табъ: Мағз сарди тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Балғам ва хилтҳои ситабр бизояд.
Андомҳои сар: Мағзи мокиён аз барои хуни бинии аз пардаи мағз оянда судманд аст. Агар мағзи шутурро хушк карда, бо сиркои хамр биошоманд, аз саръ суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Мағз ҳангоми гуворида шудан маниши гаштан биоварад ва иштиҳоро бибарад. Онро боистӣ бо дегафзорҳо хӯрд. Ҳар кӣ бихоҳад, ки баъди таом хӯрданаш қай оварад, бояд онро аз болои таом бихӯрад.
Мағз дергувор буда, меъдаро чиркин кунад.
Андомҳои ронанда: Мағз табиат нарм кунад. Мағзи мурғобӣ аз ҷумлаи доруҳои омосҳои мақъад ба шумор биравад.
Заҳрҳо: Мағзҳоро агар бихӯранд, аз ошомидани заҳрҳо ва газидагии ҷондорон хуб аст.
176. ДУЛБ– ЧИНОР
Platanus orientalis L.
Табъ: Пӯст ва гавзи он сахт хушканд. Худи чинор андар дараҷаи якум сард аст. Гавз ва пӯсти чинор сахт зудоянда ва хушкифизо буванд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Аз барг ва гавзи он саргингардонҳо бимиранд. Қишри он сахт хушкӣ оварад ва ғубори барги он барои ҳоссаҳо ва дигар [андомҳо] бад аст ва он ниҳоят хушкифизо бувад.
Оростагӣ: Андар пӯсти чинор қувваи зудоиш ва хушкифизоист. Гоҳе аз песӣ суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги он аз омосҳои балғамӣ ва омосҳои пайвандгоҳҳову зонуҳо суд дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хокистари онро бар пӯстбозшавӣ ва бар решҳои чиркнок бигузоранд, онҳоро беҳ кунад. Пӯсти бо сирко пухтаи он аз оташсӯхта судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Барги чинор аз барои дардҳои пайвандгоҳҳо, омосҳои гарми онҳо ва хусусан аз барои зонуҳо суд дорад.
Андомҳои сар: Пӯстҳои бо сирко ҷӯшонидаи он аз барои дарди дандонҳо хуб аст. Ғубори он барои шунавоӣ ва гӯш бад бувад.
Андомҳои чашм: ғубори барги чинор чашмро зиён дорад, лекин агар барги сабзи онро шуста, бипазанд ва аз он зимод кунанд, назлаҳои чашмро боз дорад ва омоси чашм ва рамадро суд бахшад.
Андомҳои сина: Ғубори чинор шуш ва овозро зиён расонад.
Заҳрҳо: Самари сабзи онро бо шароб барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор [ба кор бибаранд] ва аз гавзи он бо пиҳ бар [маҳалли] нешзадагӣ ва газидагӣ зимод кунанд. Мо ёд кардем, ки он заҳри саргингардонҳост ва саргингардонҳо аз барг ва пӯсти он бимиранд.
177. ДИФЛО – ХАРЗАҲРА
Nerium oleander L.
Моҳият: Қисме аз он даштӣ ва қисме рӯдист. Даштиро барг чун барги хурфа, балки аз он бориктар бувад. Шохаҳои он дарози бар замин паҳнгардидаанд, ба наздики
баргаш хор бошад ва андар вайронаҳо бирӯяд. Навъи рӯдии харзаҳра андар канори рӯдҳо бирӯяд, шохаҳояш боло аз замин, хораш пинҳон ва баргаш чун барги бед ва барги бодом паҳн ва ниҳоят талхмаза аст. Бахши барсӯвини соқи он ситабртар аз бахши фурӯсӯвин бувад. Шукуфаи он чун гули сурх ниҳоят дурушт буда, бар он чизе мисли мӯй ҷамъ шудааст. Мевааш сахт, кушода ва андарунаш пур аз чизест, ки чун пашм бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Харзаҳра ниҳоят ҳалкунанда аст.
Оби ҷӯшонидаи онро чун андар хона бипошанд, кайкҳо ва мӯрчаи сафедро бикушад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги онро бар омосҳои сахт биниҳанд ва он сахт судманд бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Харзаҳра ва хусусан фишурдаи барги он аз хориш, гар ва пӯстбозшавӣ хуб аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз харзаҳра барои дарди куҳани пушт ва зону зимод ниҳанд.
Андомҳои сар: Шукуфаи харзаҳра атсаоваранда аст.
Заҳрҳо: Харзаҳра худ заҳр аст. Гоҳе онро бо шароб ва судоб биомезанд ва бидиҳанд, аз заҳрҳои ҷунбандагони зиёнкор наҷот бидиҳад. Вале ман гӯям, ки ин хатарнок аст, зеро худи харзаҳра ва гули он барои мардум, чаҳорпоён ва сагон заҳр аст. Лекин, чунонки гуфтаанд, агар онро бо шаробе биошоманд, ки бо судоб ҷӯшонида бошанд, суд бахшад.
178. ДОРФИЛФИЛ – ДОРФИЛФИЛ
Piper longum L.
Моҳият: Ин чизҳои хурдест чун сари ангуштон ва ба шакли гулҳои рехтаи бед, лекин хурдтар аз он бувад.
Он сахти пурра буда, таъмаш андар тезӣ ба таъми филфил наздик аст. Ин ибтидои самари филфил бошад ва бад-ин сабаб тартар аст. Дорфилфилро бихӯранд ва андар аввали чашидан газанда нест.
Ихтиёр: Хубаш онест, ки кор карда нашуда бошад, агар як рӯзи дароз ҳам андар оби нимгарм биистад, ҳал нашавад ва андар таъм филфилро монад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
(293) Феълҳо ва хосиятҳо: Дорфилфил ҳалкунанда буда, бемориҳои сарро бибарад.
Андомҳои чашм: Бо оби ҷигари бирёни буз аз барои шабкӯрӣ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Дорфилфил гуворанда, ба ҳаракат оварандаи [шикам] ва қавигардонандаи меъда бувад.
Андомҳои ронанда: Боҳро биафзояд ва ба занҷабил монанд бошад.
179. ДАҲМАСТ – ДАҲМАСТ
Laurus nobilis L.
Моҳият: Ин дарахти ғор аст. Дона ва барги онро ба кор баранд. Донаи даҳмаст беш аз ҳамаи [аҷзои] он қавист ва сипас пӯсти бехи он биистад. Мо аз феълҳои он андаке андар ин ҷой ёд кунем ва боқии онро андар боби «ғайн» ҳангоми зикри «ғор» оварда хоҳад шуд1.
Табъ: Даҳмаст андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё