Қонуни тиб

Андомҳои чашм: Дорчиниро агар бихӯранд ва [ё] ба чашм бикашанд, парда ва торикии чашмро судманд бошад ва тарии ситабрро аз чашм бибарад.
Андомҳои сина: Дорчинӣ хуррамкунандаи [дил] аст, сурфаро суд бахшад ва ҳар чизи андар сина бударо пок кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигар бикушояд ва ҷигару меъдаро қавӣ сохта, рутубатҳои меъдаро хушк кунад ва аз истисқо суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Агар қувваи онро бо андаке аз равғани зайтун, мум ва зардии хояи мурғ бишкананд, то ки ба ифрот будани он сахтӣ наоварад, дардҳои раҳмҳо, гурдаҳо ва омосҳои онҳоро судманд бошад. Дорчинӣ пешобу хуни ҳайзро битозонад, ҷанинро биафтонад ва ҳамроҳи қардамоно бавосирро суд бахшад.
Табҳо: Дорчинӣ ва хусусан равғани онро агар бар тан бимоланд, табларзаро нофеъ бошад.
Заҳрҳо: Аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст ва аз он бо мурр газидагии каждумро зимод кунанд.
Ҷойнишинҳо: Пӯстҳои салихаи қабзкунанда ва ё ду чанд аз кабоба ва ё ду чанд аз бурсғунда ҷои онро бигиранд.
169. ДАРУНАҶ – ДАРУНА
Doronicum scorpioides Lam.
Моҳият: Ин пораҳои чӯбии бехиест, ки ба андозаи бандкушоҳои [ангушт] ва ё хурдтар аз онҳо буда, андаруни он сафед, берунаш хокиранг аст ва моил ба сахтию гаронист.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Даруна бодҳоро пароканда кунад.
Андомҳои сина: Дилро қавӣ бигардонад ва аз хафақон сахт судманд аст.
Андомҳои ронанда: (290) Бодҳои раҳмро пароканда кунад.
Заҳрҳо: Ошомидан ва ё бо анҷир зимод кардани он аз заҳрҳо ва аз газидагии каждуму ғунда судманд бувад.
Ҷойнишинҳо: Як чанди он аз зурунбод ва ду сеяки як чанди он аз мехак ҷои он бигиранд.
170. ДОРШИШИЪОН1 – ДОРШИШИҒОН
Calycotome spinosa L.K.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки бархеҳо онро «фасғонун»2, сирёниҳо «диёксибин»3 ва мардумони Форс «доршишиғон» хонанд. Он дарахти ситабрест, ки бо ситабрии хеш андар зимни чизҳои ба «дуруштӣ» маъруф бидарояд. Он дорои хорҳои зиёд аст ва атторон онро зимни баъзе равғанҳо ба кор баранд. Доршишиғон андар кишваре, ки Истриё4 ном дорад ва андар кишваре, ки Рудиё хонанд, бирӯяд. Доршишиғон аз ҷузвҳои ғайри якхела таркиб ёфтааст. Пӯсти он тез, гулаш гарм ва чӯбаш тунд аст. Андар он андаке сардӣ бувад. Қувваи он низ мураккаб буда, дорои сӯзандагӣ ва гирандагист. Бинобар ин, бо сӯзандагии хеш битафсонад ва бо гирандагии хеш сардӣ оварад. Аз миёни [пизишкон] бархе даъво доранд, ки он бехи сунбули ҳиндист, вале ин собит нашудааст.
Ихтиёр: Доршишиғони хуб гаронсанг буда, аз зери пӯсти худ бо ранги сурхи моил ба арғавонӣ берун ояд ва бӯю таъмаш хуш буванд. Сафеди бебӯй бад аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм аст ва хушкияшро баъзеҳо гӯянд, ки андар охири дараҷаи дуввум то севвум аст ва бархе дигар гӯянд, ки андар дараҷаи якум аст, вале он аз ин ҳам бештар хушк бувад. Бархе [пизишкон] гуфтаанд, ки он сард аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Доршишиғон ҳалкунанда ва гиранда буда, бодҳоро ҳал кунад, сайлонҳо ва хунравиҳоро бибандад ва уфунатро беҳ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз решҳои хазанда ва гандида судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Доршишиғон хусусан аз истирхои асаб судманд аст.
Андомҳои сар: Агар аз доршишиғон фатила бисозанд, аз барои бадбӯии бинӣ хуб аст. Оби ҷӯшонидаи онро аз барои қулоъ ва нигоҳ доштани дандонҳо мазмаза кунанд ва он ниҳоят суд бахшад.
Андомҳои сина: Оби ҷӯшонидаи он аз хунпартоие, ки аз сина аст, нофеъ бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз дамиши меъда суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи он шикамро бибандад, аз дамиши андар рӯдагон буда ва аз душвории пешоб судманд аст. Онро чун ба зер баргиранд, ҷанинро берун орад.
Агар онро бар решҳои миёндуроҳа ва андомҳои мардӣ бипошанд, аз сахтӣ ва ё хазидани онҳо суд бахшад.
Ҷойнишинҳо: Ду сеяки вазни он аз самари харнуби набатӣ ва аз барои асабро суд бахшидан баробари як чанди он аз асорун ва ними вазни он аз даруна ҷои он бигиранд.
171. ДИБҚ1 – МАВИЗАКИ АСАЛӢ
Loranthus europaeus Jacq.
Моҳият: Ин маъруф аст. Самари он мисли нахӯди сиёҳ ва на чандон гирд буда, пуч аст. Агар онро бишкананд, даст аз он часпак бигардад. Маъдани он дарахти булут, себ ва амруд бувад. Андар он қувваи обӣ ва бодӣ ниҳоят зиёд аст.
Ихтиёр: Беҳтарини он тозаи ҳамвори дарунаш ганданогун ва берунаш сабз бошад. Онро бикӯбанд, бишӯянд ва сипас биҷӯшонанд.
Табъ: Мавизаки асалӣ мисли софсиё фақат баъд аз дер истодан гармӣ оварад ва андар ин кор аз софсиё камқувваттар бувад. Он дорои рутубати зиёдатии нопухта аст.
Мавизаки асалӣ умуман андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Мавизаки асалӣ ҳалкунанда буда, рутубатҳои ситабри андар умқ бударо ба сабаби шиддати қувваи кашандаи хеш [ба зоҳир] кашида, ҳал кунад ва нармӣ оварад. Баъзе [пизишкон] гуфтаанд, ки он андар рутубатҳои тунук таъсире надорад.
Оростагӣ: Агар онро бо зирних бар нохунҳои бад биниҳанд, онҳоро биканад.
Омосҳо ва табишҳо: Мавизаки асалӣ хусусан агар бо оҳак қавӣ гардонда шуда бошад, омосҳои сардро ҳал кунад. Он аз буштурам ва «духтарони шаб» судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳои дерина ва ҷароҳатҳои бадро нарм кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё