Қонуни тиб

Заҳрҳо: Гуфтаанд, ки агар бар газидагии афъӣ пӯсти нав бозкардаи бузро гармогарм биниҳанд, заҳрро бикашад.
157. ҶИНОҲ – БОЛ
Аlа
Ихтиёр: Беҳтарини он боли мурғ аст. Боли ғоз хубгувор ва хубғизост. Бол ба сабаби ҳаракат ва варзиши зиёд сабук аст ва серғизоии он ба сабаби сергӯшт ва ба дил наздик будани он бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз он чи ки гуфтаанд, яке ин аст, ки агар парҳои боли кабӯтари саҳроиро бо якчанди он аз банг омехта, бисӯзонанд ва [хокистари] онро суда карда, мисли намак андар нон бикунанд, ханозири бар гардан бударо бидуни оҳан1 ҳал кунад. Агар онро бар нон бипошанд, низ чунин бувад.
Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ноне, ки ба усули ёдшуда сохта шуда бошад, шикамро бикушояд ва исҳоли сахт оварад.
158. ҶОРУ-Н-НАҲР – СУНБУЛИ ОБӢ
Potamogeton natans L.
Моҳият: Ин растаниест, ки гули он ба нилуфар монад. Он андар об фурӯрафта буда, андаке аз он бинамояд. Қуввати он ба [қуввати] садпайванд наздик аст.
Табъ: Чунонки гуфтаанд, он сарди гиранда аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз барои решҳои палид ва хориш хуб аст.
159. ҶАРОД – МАЛАХ
Locusta migratoria
Ихтиёр: Беҳтарини он малахи фарбеҳест, ки бебол бувад.
Оростагӣ: Чунонки гуфтаанд, пойҳои он озахҳоро биканад.
Андомҳои ғизокашӣ: Дувоздаҳ дона малахи гирдашаклро бигиранд, сар, бол ва пойҳояшонро бикананд ва ба он андаке мӯрддонаи хушк ҳамроҳ карда, ҳамон тавре ки ҳаст, онро аз барои истисқо биошоманд.
Андомҳои ронанда: Малах қатра-қатра омадани пешобро судманд аст ва агар онро бахур кунанд, ба сахтӣ омадани пешобро хусусан андар занон суд бахшад. [Инчунин] онро барои бавосир бахур кунанд.
Заҳрҳо: Малахҳои фарбеҳеро, ки беболанд, аз барои газидагии каждум бирён карда бихӯранд.
160. ҶАМИСФАРАМ – ҶАМИСПАРАМ
Ocimum filamentosum Forsk. seu О. gratissimum L.
Моҳият: Қуввати ин ба қуввати дермана якҷоя бо рӯбоҳразак монандӣ дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҷамисфарам кушоянда ва хусусан дамиш ва бодҳоро фурӯнишонанда бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Рутубатҳои часпакро андар меъда ҳал кунад ва меъдаҳои кӯдаконро сахт судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Аз барои бодҳои раҳмҳо судманд аст.
161. ҶУБН – ПАНИР
Caseus
Моҳият: Панирро гоҳе аз шир созанд ва гоҳе аз мост сохта, онро «ақт» (қурут) гӯянд.
(287) Табъ: Тозаи он андар дараҷаи дуввум сарди тар аст ва панири намакини куҳан гарми хушк аст. Оби панир ба сабаби он, ки андар хеш [хосияти] бурагии аз хуни нахустин ва бахши сафровӣ ситонида дорад, дорои як андоза гармӣ бувад.
Ихтиёр: Панири хубтарин онест, ки миёни часпакиву резонакӣ бошад, зеро ҳар дуи ин [хосиятҳо] бад буванд.
Панири бетаъм, моил ба ширинӣ ва лазизӣ, шӯрияш миёна, андар андомҳои андарунӣ дернапоянда ва аз шири туруш омодашуда беҳтарин панир бошад. Доруҳои латифкунанда панирро бадӣ биафзоянд, зеро онро бигузаронанд ва бадрақа кунанд. Панири бузе, ки гиёҳҳои латифкунанда бихӯрад, беҳтар аз панири бузест, ки масалан, бедгиёҳ ва мулк хӯрда бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Панир зудоянда аст. Панири тоза ғизобахши фарбеҳкунанда бувад ва баъди он ангубин бихӯранд. Панири куҳан гарм, зудоянда ва поккунанда буда, хилти сафровӣ бизояд. Панири намакини ғайри куҳан миёна бувад. Оби панир сагонро ниҳоят фарбеҳ кунад ва онҳоро ғизо бигардад. Аз миёни панирҳо қурут қувваи ҳалкунандагӣ дорад.
Оростагӣ: Ошомидани оби панир бо доруҳои поккунандаи савдо аз барои доғи кунҷида судманд аст. Панири тозае, ки онро бо якчанди худ аз тило андар пӯсти анор то ба ним расидан ҷӯшонида бошанд, аз тариқи тило кардан ташаннуҷи рӯйро боз дорад. Панири намакини куҳан лоғаркунанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Панири тозаи бенамак омосидани ҷароҳатҳоро боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Панири ниҳоят куҳан барои решҳои бад ва ҷароҳатҳо ва панири тоза барои хоришҳои сабуки тоза [судманданд]. Панири тоза андар ин кор қавитар буда, хусусан бо барги чинор ва турушаи даштӣ онҳоро аз омосидан боз дорад. Оби панирро барои гар биошоманд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Панири куҳанро бо равғани зайтун ва ё бо оби почаи намакхӯрдаи гов суда, ба [бахши] сангшудаи пайвандгоҳҳо зимод кунанд, онро бидуни озоре чун гаҷ берун орад ва ин, чунонки гуфтаанд, фоидаи ниҳоят азиме дошта бошад.
Андомҳои чашм: Панири бенамак зимоди рамад ва хунпечидагӣ бувад.
Андомҳои сина: Агар панирро андар об ҷӯшонида, ба доя бидиҳанд, шири ӯ биафзояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Панири намакин барои меъда бад аст ва бенамаки он низ чунин бувад, вале намакини он андаке дибоғатдиҳанда аст. Дисқуридус чунин ёд кардааст, ки панири тоза барои меъда хуб аст, вале ин гуфта аз ҷумлаи чизҳоест, ки мавриди хилофанд. Панири намакини ғайри куҳан миёна буда, бештар хушгузару зудгузар бувад. Қурут меъдаро камтар аз панири маъруф зиён оварад.
Андомҳои ронанда: Панир [умуман] ва тозаи он хусусан ва алалхусус он панире, ки бо дегафзорҳои гузаронанда хӯрда шавад, андар гурда ва обгаҳ санг бизояд.
Панири бенамак табиат нарм кунад ва обаш сафро биронад. Андар ин кор зудоиши он, ки натиҷаи буранокии ӯст, ёварӣ кунад. Агар онро бо ангубин биомезанд, суд мандтар бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё