Қонуни тиб

- ҶАЪДА – ГЕСУГУНА
Teucrium рolium L.
Моҳият: Ин навъе аз дермана буда, дорои гармӣ ва андаке тезист. Хурди он тезтару талхтар аст. Гесугуна иборат аз шохаҳо ва гулҳои бо хорҳои мӯякӣ пӯшидаест, ки сафед ва ё моил ба зардӣ буда, ба дарозии як ваҷаб ҷойгиранд ва пур аз донаанд. Сари он чун гӯй буда, андар он мӯякҳои сафед ҷой доранд. Бӯяш гарони бо андаке хушбӯист. Навъи бузургтари гесугуна камқувваттар буда, он низ талх ва дорои як андоза тезист. Навъи кӯҳии гесугуна хурдтар бувад.
Табъ: Гесугунаи хурд андар дараҷаи севвум гарм аст ва андар дараҷаи дуввум хушк. Гесугунаи бузург андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гесугуна кушоянда ва латифкунанда аст. Хусусан навъи бузурги он1 ҳамаи суддаҳои андаруниро бикушояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гесугунаи тоза ва хусусан навъи бузурги он ҷароҳатҳои нав ва гесугунаи хушк ва хусусан хушки навъи хурди он решҳои палидро фароҳам оваранд.
Андомҳои сар: Сарро сардард оварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Онро бо сирко аз барои омоси ҷигар ва сахтии он тило кунанд. Гесугуна меъдаро зиён дорад. Он ва хусусан ҷӯшонидаи навъи бузурги он аз ярақони сиёҳ судманд аст ва низ истисқоро суд бахшад. Гесугуна умуман барои меъда бад аст.
Андомҳои ронанда: Гесугуна пешоб ва хуни ҳайзро битозонад, исҳол оварад ва аз кирми кадудона ниҳоят нофеъ бувад.
Табҳо: Аз барои табҳои деррав суд бахшад.
Заҳрҳо: Гесугуна аз газидагии каждум ва ҷӯшонидаи навъи бузурги он аз газанди ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор судманд аст ва чун онро дуд андозанд ва ё ба зери бистар гузоранд, ҷунбандагони зиёнкорро биронад.
Ҷойнишинҳо: Барои берун кардани кирмҳо ва тозондани пешобу хуни ҳайз ба қадри як чанди гесугуна қишрҳои чӯби анори тар ва ду сеяки вазни он қишрҳои чӯби салиха ҷои он бигиранд. - ҶУММОР – ПИҲИ ХУРМО
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сард ва андар дараҷаи якум хушк аст.
[Феълҳо ва] хосиятҳо: Пиҳи хурмо гиранда аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Он дуруштии гулӯро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Исҳол ва хунравиро бидорад.
Заҳрҳо: Зимоди он аз газидагии занбӯр суд бахшад. - ҶУММАЙЗ1 – ҶУММАЙЗ
Ficus sycomorus L.
Моҳият: Дисқуридус андар китоби хеш гуфтааст, ки ҷуммайз дарахти бузург ва шабеҳи дарахти анҷир аст, шири хеле зиёд дорад ва баргаш барги тутро монад. Соле се, балки чаҳор бор бор оварад. Самари он на чун самари анҷир аз шохчаҳои хурди шохаҳо, балки аз танаи шохаҳо падид ояд. Самари ҷуммайз анҷири даштиро монад, ширинтар аз анҷири хом бувад ва донаҳои ба бузургӣ чун
донаҳои анҷир надорад. Агар онро то бо чанголи оҳанин колак накунанд [ва шираш натаровад]2, нахоҳад пухт.
Ҷуммайз андар кишваре, ки онро Қориё3 хонанд ва андар маҳалле, ки онро Рудус номанд, ба фаровон рӯяд. Аз самари он ҳар вақт метавон фоида бурд4. Бархе аз мардум онро «сиқумурун»5 хонанд, ки маънояш «анҷири аҳмақ»
гуфтан аст. Онро аз баҳри он чунин ном ниҳодаанд, ки камтаъм аст. Гоҳе андар ҷазирае, ки Қубрус ном дорад, [дарахте] бирӯяд6, ки баргҳояш баргҳои ҷуммайзро монад ва бузургии меваи он чун бузургии олу, вале ширинтар аз [ҷуммайз] бувад. Он андар ҳамаи дигар сифатҳо шабеҳи самари ҷуммайз аст.
Табъ: (286) Чунонки гуфтаанд, ҷуммайз гарми тар аст.
Хосиятҳо: Гуфтаанд, ки ин дарахт шире дорад ва пеш аз бор овардан шири онро бад-ин гуна бигиранд, ки қишри берунии онро пора кунанд ва шири онро бо пашмина ҷамъоварӣ карда, бихушконанд, қурсҳо созанд ва ҷогаҳ кунанд7. Он дорои қувваи сахт нармкунанда ва таҳлиловар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Дисқуридус гуфтааст, ки ҷуммайз камғизо ва барои меъда бад аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гуфтаанд, ки шири ин дарахт барои ҷароҳатҳои ба душворӣ беҳшаванда часпонандаи гӯштрӯёнанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои душворро низ ба таҳлил бибарад.
Андомҳои ронанда: Ҷуммайз шикаморанда бувад.
Табҳо: Шири ин дарахт аз барои фарошо судманд аст.
Заҳрҳо: Инчунин онро бар [маҳалли] газидагии ҷунбандагони зиёнкор бимоланд.
155. ҶАСС – ГАҶ
Gypsum
Моҳият: Ин мисли ҷибсин бувад1.
156. ҶИЛД – ПӮСТ
Cutis
Ихтиёр: Беҳтарини пӯстҳо ба иллати рутубати хеш пӯстҳои ширхорагон бувад Феълҳо ва хосиятҳо: Пӯст камғизо, часпак ва андар ҳолатҳои худ ба поча наздикӣ дорад. Тарошаи пӯсти бузро агар бар [маҳалли] сайлони хун биниҳанд, хунро қатъ карда, боз дорад.
Оростагӣ: Пӯсти афъиро сӯхта, бар «бемории рӯбоҳ»
тило кунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Гӯянд, ки агар пӯсти баҳмут бар табишҳо биниҳанд, онҳоро нест кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хокистари пӯсти хачир ва монанди онро бар ҷои оташсӯхта ва бар решҳои гарме, ки варам накарда бошанд, биниҳанд. Ин аз барои пӯстравии пошна1 ва миёни ду рон ва аз барои носурҳо2 доруи [хубест]. Пӯсти аз меш бозкардаро чун ҳолан бар [маҳалли] захм ниҳанд, осебро бигардонад. Вай [низ] барои решҳои палид, гар ва хориш хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Пӯсти андарунии сангдонҳову рӯдагони парандагон ва хусусан хурӯсҳо агар хушк карда, суда шавад ва бо шароби ситабр онро биошоманд, аз дарди меъда суд бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё