Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ҶАВЗ ҲИНДӢ – ГАВЗИ ҲИНДӢ
    Cocos nucifera L.
    Моҳият: Гавзи ҳиндӣ маъруф аст ва он норгил бувад.
    Ихтиёр: Хубаш онест, ки тоза, сахт сафед ва оби доштааш хуш бошад. Агар андар он об набошад, гувоҳӣ аз он диҳад, ки вай куҳан аст. Қишри онро бояд аз мағзаш ҷудо кард.
    Табъ: Андар аввали дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст. Он дорои рутубати зиёдатии назарногирест, балки тозаи он андар дараҷаи якум тар бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Норгил гарон аст, вале бадғизо нест.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани куҳани норгил аз дардҳои миён ва сурин судманд аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Норгил бо вуҷуди камзиёни хубғизо будан барои меъда гарон аст. Пӯстлохи мағзи он гуворида нагардад ва бинобар он, бояд онро ҷудо кард. Бояд аз болои он фақат баъд аз як соат тоам хӯрд.
    Равғани тозаи он аз ҷиҳати кимус беҳтар аз равғани зард буда, меъдаро на часпак кунад ва на суст.
    Андомҳои ронанда: Норгил боҳро биафзояд. Равғани он, хусусан агар куҳан бошад ва хусусан агар бо равғани зардолу гирифта, аз ҳар кадом як мисқолӣ биошоманд, аз барои бавосир [хуб] аст. Агар равғани куҳани онро биошоманд, кирми кадудона ва [дигар] кирмҳоро бикушад ва онҳоро ба исҳол берун орад.
  2. ҶАВЗИ РУМӢ1 – САФЕДОРИ РУМӢ
    Populus nigra L.
    Онро «акирус»2 номанд.
    Моҳият: Гуфтаанд, ки дарахти сафедори румӣ андаруни рӯде бирӯяд, ки Лирандонус3 ном дорад. Он дорои самғест, ки аз он дарахт битаровад ва чун самғ аз он берун ояд ва зуд андар рӯд баста гардад. Ин ҳамон самғест, ки «илақтрун»4-аш хонанд ва бархе аз мардум онро «хусуфурун» номанд. Ин каҳрабост. Ҳар гоҳ онро бисованд, аз он бӯи хуш бархезад ва рангаш мисли ранги зар бувад.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум сахт гарм кунад ва андар дараҷаи якум хушкӣ оварад. Самғи он ниҳоят ва гули он аз он ҳам бештар гармӣ оварад.
    Андомҳои сар: Дисқуридус андар китоби худ гуфтааст, ки агар самари онро бо сирко [биошоманд], ҳар кӣ саръ дошта бошад, суд бахшад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар аз барги он бо сирко зимод кунанд аз дарди дилзанандаи аз сабаби ниқрис падидомада суд бахшад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Агар самғи онро биошоманд, таровиши [рутубатҳоро] аз сӯи меъда боз дорад.
    Андомҳои ронанда: Ҳамчунин агар самғи онро биошоманд, таровиши рутубатҳоро аз сӯи рӯдагон бигардонад. Ин самғ андар таркиби марҳамҳо бидарояд.
  3. ҶАВЗУ-Т-ТАРФО – ГАЗМОЗУ
    Tamarix gallica L.
    Моҳият: Ин газмозак аст.
    Табъ: Андар гармӣ қариб муътадил аст ва он ё андар аввали дараҷаи якум бувад ва хушкиоварияш андар охири дараҷаи якум ва ё болотар аз он аст. Ин ба наздики

гурӯҳе андар дараҷаи якум сард аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Аз барои боз доштани хун хуб аст.
Андомҳои сар: Онро аз барои дарди дандонҳо бо сирко мазмаза кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Бо об ва сирко ҷӯшонидаи он аз барои сахтии испурч сахт судманд аст.
149. ҶУЛЛАНОР1 – ГУЛНОР
Balaustium; Flos Granati (Punica granatum L.) Моҳият: Гулнор гули анори даштии форсӣ ва ё мисрист. Вай гоҳе сурх, гоҳе сафед ва гоҳе вардӣ бувад. Фишурдаи он андар табъ чун фишурдаи «риши буз» аст. Булус гуфтааст, ки қуввати он мисли қуввати дилаи анор аст.
Табъ: Андар охири дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳар гуна сайлонро часпон сохта, бибандонад ва савдо бизояд.
Оростагӣ: Гулнор вораи хуншорро бисёр хуб аст.
Ҷароҳат ва решҳо: Пошидани [хокаи гулнор] ҷароҳатҳо, решҳои куҳан, ҷойҳои пӯстравшуда ва ҷароҳатҳои сарро фароҳам оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз он барои фатқ [доруи] часпонанда омода созанд.
Андомҳои сар: Дандонҳои ҷунбонро қавӣ гардонад.
Андомҳои сина: Гулнор хунпартоиро нек манъ кунад.
Андомҳои ронанда: Гулнор табиат бибандад ва аз решҳои рӯдагон, сайлони раҳм ва хун омадани он суд бахшад.
Ҷойнишинҳо: Бадали он ҷафти булут ва ё кулоҳакҳои анор бувад.
150 (285) ҶУФТОФАРИД1 – ҶУФТОФАРИД,
«САЪЛАБ»
Orchis latifolia L. seu Androsace Tourn.
Моҳият: Ин чизест, ки санавбаршакл буда, бар сари хеш ду хор дорад. Инчунин гӯянд, ки он ба бодом монанд аст. Вай гоҳе пора шуда, бикушояд.
Андомҳои ронанда: Боҳро ниҳоят биафзояд.
151. ҶИБСИН1 – САНГИ ГАҶ
Gypsum
Моҳият: Ин санги гаҷ буда, тахтагии сафеди шаффоф аст ва онро чун бисӯзонанд, бештар латиф бигардад.
Табъ: Санги гаҷ сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Часпонанда буда, онро бар ҷойҳои хунравӣ биниҳанд ва он ба тавре ки андар бобаш гуфта шудааст, [он ҷойро] қабз кунад, зеро он ба изофаи ширешкунӣ дорои қувваи часпонанда аст ва андар он ҳамроҳи часпакӣ гирандагист. Агар онро бисӯзонанд, латиф шуда, хушкифизоияш зиёда гардад.
Андомҳои сар: Бо санги гаҷ ва хусусан якҷоя бо гили арманӣ, наск, ҳиюфоқастидос, оби мӯрд ва андаке сирко агар пешониро тило ва ё сарро ғилофбандӣ кунанд, хуни биниро боз дорад.
Андомҳои чашм: Онро барои он, ки ба санг табдил нашавад, бо сафедии хоя сиришта, бар рамади хунӣ гузоранд.
Заҳрҳо: Ин аз ҷумлаи заҳрҳои хафакунанда аст ва андар ин бобат бағоят [қавист].

пешина
аз 1215
навбатӣ