Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. (283) ҶИЛЛАВЗ – ЧИЛҒӮЗА
    Fructus рini (Pinus pinea L.) Моҳият: Ин бори дарахти санавбари бузург буда, ғизои ин беҳтар аз гавз аст, лекин аз он дергувортар бувад.
    Чилғӯза аз гавҳари обӣ ва хокӣ таркиб ёфтааст ва [гавҳари] бодӣ андар он кам аст. Гуфтори пурра андар баёни онро аз фасли ҳарфи «сод», яъне аз он ҷое бояд ҷуст, ки мо андар он ҷой санавбарро ёд кардаем2.
    Табъ: Чилғӯза муътадил аст ва андаке гармӣ дорад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Он ғизои қавии ситабри ғайри бад бибахшад ва рутубатҳои табаҳшавандаи андар рӯдагон бударо созгор аст. Чилғӯза дергувор аст, гувориши он барои сардмизоҷон бо ангубин ва барои гарммизоҷон бо табарзад то андозае беҳ бигардад ва бо ҳамин ғизобахшияш хубтар шавад. Агар онро андар об тар кунанд, тезӣ, сӯзандагӣ ва газандагии он бираванд, ниҳоят ғизобахш бигардад ва ҳатто хурдҳои он, ки беғизоанд, бад-ин роҳ аз доругӣ ба ғизо табдил ёбанд. Ин [чилғӯзаҳои] хурд бори дарахти санавбари хурданд3, ки андар ҳамаи кишварҳо вуҷуд дорад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Дардҳои асаб, пушт ва қавинро беҳ кунад ва аз истирхоъ судманд бувад.
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Шушро ниҳоят пок кунад ва ҳар чи аз рим ва хилти ситабр, ки андар он бошад, берун орад.
    Андомҳои ронанда: Чилғӯза ва хусусан парвардаи он боҳро биангезад ва аз риму санги обгаҳ суд бахшад.
    Заҳрҳо: Чилғӯза бо анҷир ва ё хурмо аз газидагии каждум муфид аст.

  2. ҶАНТИЁНО – ҶЕНТИЁНО, ПАРПИГУЛ,
    ЗОҒПОЯ
    Gentiana lutea L.
    Моҳият: Ин [растаниест, ки] барги аз бех рӯидаи он ба барги гавз ва барги зуф монандӣ дорад. Ранги он сурх ва миёнаву гӯшаи он барҷастаанд. Соқи ин [растанӣ] дарунтиҳӣ, суфта, ба қадри як ангушти ситабр ва ба дарозии ду зироъ бувад. Баргҳои он аз ҳам дур ҷойгиранд ва мевааш андар кулоҳакҳост. Бехи он дарозрӯя буда, ба бехи зарованд монанд аст. Ҷентиёно андар кӯҳҳо ва андар [ҷои] сояву намноки он ҷойҳо бирӯяд. Гӯянд, ки «ҷентиёно» номидани он бад-ин сабаб будааст, ки аввалин бор онро шоҳ Ҷентин дарёфта аст. Растагоҳи ин [растанӣ] андар қуллаҳои баланди кӯҳҳост. Фишурдаи онро бад-ин тариқ ситонанд: онро то панҷ рӯз андар об тар кунанд, пас, онро ҷӯшонанд ва баъд аз он биполанд. Сипас он баста гардида, мисли ангубин шавад ва ба кор баранд.
    Ихтиёр: Беҳтарин ҷентиёно [навъи] румии он аст, ки он сурхтару сахттар бошад. Чӯб ва решаҳои он бешу кам ба қадри ситабрии ангушт аст. Ранги онҳо зарди моил ба сиёҳист ва [маҳалли] шикастаи он бештар зард буда, ба рованд наздик аст. [Таъмаш] талх бувад.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дуввум хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Ҷентиёно кушоянда ва дорои гирандагист. Бехи он ниҳоят кушоянда, латифифизоянда ва зудоянда бувад.

Оростагӣ: Бехи он ва хусусан фишурдаи ёдшудаи он баҳакро бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷентиёно [умуман] ва фишурдаи он хусусан ҷароҳат ва решҳои хӯрашавандаро беҳ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ду дирамсанг аз он бо шароб барои печидагии асабҳо биошоманд ва он [низ] барои касе судманд бошад, ки аз ҷои баланд афтидааст.
Андомҳои чашм: Аз он барои рамад доруи молиданӣ омода созанд.
Андомҳои нафаскашӣ: Ду дирамсанг аз фишурдаи он барои барсом хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷентиёно суддаҳои ҷигар ва испурчро бикушояд. Ду дирамсанг аз онро бо шароб аз барои дарди испурчу ҷигар ва аз барои сардӣ ва омосҳои онҳо [биошоманд]. Ошомидани бехи он меъдаи аз сармо ба иллат гирифторшударо дуруст кунад.
Андомҳои ронанда: Ҷентиёно пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва бехи онро мисли шиёф чун ба зер баргиранд, ҷанинро берун оварад ва биафтонад.
Заҳрҳо: Он беҳтарин дору барои газидагии каждум аст ва ду дирамсанги он бо шароб аз газанди ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор, аз газидагии саги девона ва аз газидагии ҳамаи даррандаҳо судманд аст.
Ҷойнишинҳо: Якуним баробари он асорун ва ним баробари вазни он пӯстлохи бехи кабар ҷои он бигиранд.
143. ҶАВЗҶАНДУМ – ГАВЗГАНДУМ
Lecanora esculenta Ev.; L. affinis Ev.; Garcinia mangostana L.
Табъ: Булус гуфтааст, ки он дорои қувваи сардибахшанда, табшикан [ва] андаке хушккунанда аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хунравиро боз дорад.
Оростагӣ: Фарбеҳ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Парюнро беҳ кунад.
Андомҳои ронанда: Боҳро биангезад.
144. ҶАВЗУ-С-САРВ – ГАВЗИ САРВ
Fructus Cupressi (С. sempervirens L.) Омосҳо: Зимоди судмандест.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро барои фатқ зимод кунанд.
145. ҶАБЛОҲАНК1 – ҶАБРОҲАНГ, САЁК
Reseda alba L.; Dictamnus albus L.
Моҳият: Таъсири ин қариб мисли таъсири харбақ аст.
Гурӯҳе гуфтаанд, ки он тухми турбиди сиёҳ аст (284) ва пӯстлохи бехи он турбиди зард бувад. Ин [растанӣ] ба Суғд бирӯяд, лекин хуби он [навъи] ҳиндии он аст ва он тудариро монад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бархе [пизишкон] аз он то як дирамсанг2 ба бемори фалаҷ бидиҳанд, шифо ёбад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷаброҳанг қайоваранда аст ва гоҳе ба иллати сахт қай овардан бикушад.
Андомҳои ронанда: Ҷаброҳанг шикаморанда аст. Як ошомидании он ним дирамсанг аст ва як дирамсанги он хатарнок бувад.
Заҳрҳо: Он дорои қувваи заҳрист.

пешина
аз 1215
навбатӣ